ХАБАРИ ДОҒ

Ваксинаҳои коронавирус ба Тоҷикистон мерасанд!

  • Панҷшанбе, Фев 25 2021

 

Бо вуҷуди ин ки дар Тоҷикистон, шукри Худо, дар соли нави 2021, ягон марази коронавирус ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, сар аз моҳи март дар кишвар эмгузаронӣ аз Ковид-19 шуруъ мегардад.

   Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ гуфт, ки аввалин бастаҳои ваксинаи аврупоии «Астрозенека»-AstraZenecaZeneca/Oxford-732 ҳазор баста ба кишвари мо дар охири моҳи феврал-аввали моҳи март ворид хоҳанд шуд. Ин ваксинаҳо дар доираи барномаи COVAX ройгон оварда шуда, барои ваксинатсияи 20% аҳолӣ, яъне 1 миллиону 800 ҳазор нафар пешбинӣ мегардад. 

   - Дар умум 6 миллиону 714 ҳазор нафар аҳолии кишварро бояд ваксинатсия кунем. Ин эмкунӣ бояд 2 маротиба бо гузашти 21 рӯз пас аз ваксинатсияи якум анҷом дода шавад. Инчунин, бо ҳамтоёни рус дар бораи хариди ваксинаи русӣ-Спутник низ гуфтушунид дорем ва дар сурати бомуваффақият гузаштани он аз тадқиқот, ҳатман дар мавриди харидаш тасмими ниҳоӣ хоҳем гирифт. Бо ваксинаи рус 5 миллиону 840 ҳазор нафарро эм хоҳем кард. 80% аҳолии ҷумҳурӣ тавассути ваксинаҳои харидаи худи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ эм гашта, пеш аз ҳама муаллимон, табибон, онҳое, ки бо мардуми зиёд сарукор доранд, дар тӯли ҳамин сол ваксинатсия мешаванд, - таъкид дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.

   Бояд гуфт, ки сар аз 31.12.2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудаст. Аз оғози пандемия 13 ҳазору 308 бемори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 93,3% солим ва 90 нафар фавтиданд. Бояд гуфт, ки дар ин нишаст бори нахуст омори беморони гирифтори коронавирус дар минтақаҳо аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар эълон шуд. Бино ба иттилои вазир, аз шумораи умумии беморони гирифтори коронавирус, ки шумораашон 13 ҳазору 308 нафарро ташкил менамояд, 4300 нафар ба вилояти Суғд, 4100 нафар ба ш.Душанбе, 1998 нафар-вилояти Хатлон, ВМБК-1196 нафар ва ба ноҳияҳои тобеи марказ-1,5 ҳазор нафар рост меоянд.

 Манъи карантин-асоси мубориза алайҳи COVID-19

 Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ бар он назар аст, ки манъи карантин дар моҳҳои апрел-майи соли гузашта боиси коҳиш ёфтани авҷ ва хуруҷи бемории ҳамагири коронавирус гашт. 

 - Бубинед, дар кишварҳои пешрафта мардумро ба карантин фаро гирифтанд ва бемороне, ки дар хона карантин буданд, якбора ба кӯча баромада, теъдоди беморони сироятёфтаро афзоиш доданд. Дар кишвари мо бошад табибон ба хонаҳои мардум омада, санҷишу табобати хонагиро роҳандозӣ намуданд ва дар ин кор муваффақ ҳам шуданд. Самоизолятсия-худдуркунӣ хуб ба роҳ монда шуда буд ва мардум низ ба саломатии худ бештар таваҷҷӯҳ карда, аз қоидаҳои беҳдоштӣ хуб риоят намуданд, - афзуд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат.

Интизори русҳоем?

   Дар мавриди боз шудани марз ва оғози парвозҳо ба Федератсияи Россия, Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки рӯзҳои наздик бояд 1 комиссияи вежаи «Роспотребнадзор»-и ФР ба Тоҷикистон биёяд ва бо вазъи воқеии пандемияи коронавирус ва коҳиш ёфтани он дар кишвари мо ошно гардад. 

   - Хушбахтона, сар аз 31.12.2020 дар ҷумҳурии мо ягон ҳолати нави бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Мо дар ин бора зимни сафари ахири худ ба ҳамтоёни русамон хабар додем ва аз онҳо даъват ҳам кардем, ки биёянду худ бубинанд, ки вазъ чӣ гуна аст. Комиссияи вежа меояд, месанҷад ва хулосаи худро барои боз кардани марзҳо хоҳад дод, - таъкид дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Анбор пур аз доруст!

   Дар идомаи суҳбат Ҷамолиддин Абдуллозода таъкид дошт, ки сокинони кишвар набояд аз авҷи навъи нави вируси корона, ки мӯҳри британӣ дорад, нигарон бошанд, зеро дар анборҳои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ маводи лозимаи доруворӣ ба теъдоди хеле зиёд захира шудааст.

   - Сар аз 5 майи соли 2020 табобати бемории коронавирус дар мамлакат ройгон ба роҳ монда шуда, маводи доруворӣ аз анборҳои вазорат ба тамоми муассисаҳои тандурустии кишвар дастрас гардид. Имрӯз дар анбори мо ба маблағи 103 миллион сомонӣ доруворӣ захира карда шудааст, ба ғайр аз ин боз 200 миллион сомонӣ барои харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббӣ дар даст дорем, 15 миллион сомонии дигар барои таъмири муассисаҳои тиббӣ равона хоҳад шуд. Илова бар ин, бо дастури Президенти ҶТ боз 800 миллион сомонӣ иловатан барои хароҷоти табобатгоҳҳо ҷудо гардидааст, - иброз дошт Абдуллозода.

Ҷ.Мақсуд, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter