ХАБАРИ ДОҒ

Ёвон: оғози мумфаршкунии роҳҳо

  • Чоршанбе, Март 03 2021

   

Ба ташабусси МИҲД н.Ёвон ва иқдоми бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллӣ азнавсозии баъзе аз роҳҳои мошингарди ноҳия оғоз шуд. Дар навбати аввал бо саҳми корхонаи «Моҳир семент», роҳбараш Баҳриддин Ҷӯрахонов 2,1 км роҳҳои кӯчаҳои Кароматулло Қурбонов ва Мирзо Турсунзода мумфарш карда шуд. Мавриди зикр аст, ки давоми 9 моҳи соли 2020 бо ташаббуси Баҳриддин Ҷӯрахонов наздики 15 км роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳия таъмиру азнавсозӣ шуда, алҳол дар назди муассисаи таҳсилоти №72 бинои иловаги таълимӣ, инчунин дар ш.Душанбе 1 мактаби ҳозиразамони панҷошёна барои 1240 ҷои нишаст бунёд гардида истодааст.     

Ҳамчунин ин соҳибкори ватандӯст ва саховатманд барои донишҷуёни ниёзманд 36500 сомонӣ ва барои ятимони бепарастор 53000 сомонӣ кӯмакҳои пулӣ расонидааст. 

Сафаралӣ Бегмонов, н.Ёвон, 

тел:93-411-91-74     

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter