Принт

Вақте нобиғаҳо дар бораи худ китоб менависанд…

02.03.2021. Соат ба вақти СССР 08:47 дақиқа. Маро ба навишти ин матлаб, марги Фотима Ғуломова-ҳунарманди саршиноси театру синамо таҳрик дод…

 …Ман ошиқи ӯ будам! Ошиқи симо, ошиқи садо, ошиқи чеҳраи нуронӣ ва ошиқи қадду қомату ҳаракатҳои базебаш. Ишқу меҳри ман,  муҳаббати 1 кӯдак бар модараш буд. Зеро Ӯ ба ман 1 умр Модарамро ба хотир меовард. Зеро ба таҳқиқ Ӯ  Модари насли мо буд. Модари 1 насле, ки маҳз театр, кино, телетеатр, радиотеатр парваридааст. Сафари ахиратат бехатар бод, Модарҷони ҳамаи мо, Шаҳсутуни театри Тоҷик, Ягонаи офоқ ва Фарҳангитарин фарҳангпарвардаи миллат...

 Мутаассуф, нобиғаҳо ҳамакнун якояк мераванду бидуни Саодат Азизоваи гиромӣ, нафаре нест, дар ин маҳдудаи 143,1 километри мураббаъ, ки лоақал дар бораашон филме гирад, сӯҳбат орояд, дилашонро бардорад, бар ояндагон пайке боқӣ гузорад. Дареғу афсӯси Бузургтарин Насли театру Синамои Тоҷик...

…01.03.2021. Соат ба вақти СССР 13:27 дақиқа. Маэстрои саҳнаи театру синамо, устод Убайдулло Раҷабовро тасодуфан дар вестибюли ГЖК дидам. Самбӯсаи алафин дошт. Хӯрдем. Чӣ хел намехӯрӣ? Дар рӯзи аввали Баҳор ва боз дасти КӢ?! Дар дафтари кори Умари Шерхон хӯрдем, энсиклопедисти Тоҷик ва ягона нафаре, ки зиндагиномаи бузургони миллатро китобат мекунад. Сабаби ташрифи Ганҷ ба Вайрона нашри китобест, ки роҷеъ ба кору фаолияти беш аз 60-солаи Убайдулло Раҷабови 80-сола (20.03.1941) бояд қисса кунад. 

STOP! Оё аҷиб нест, ки Шахсияте чун Убайдуллои Раҷаб худ  сари ин китоб «даводав» кунад? О, Ӯ Убайдуллост!  Раҷабов! Гений! Нобиға!! Колосс!!! Гигант!!!! Титан!!!!! Маэстро!!!!!!! 

Аврупову Амрико, ки дар назари мо қитъаҳои дур аз фарҳанганд, дар бораи чунин нобиғаҳошон филм меофаранд, китоб менависанд, асарҳо меангоранд, гуфтумону паёмҳо бар наслҳои ояндаи хеш боқӣ мегузоранд. А, дар мо, агар Маэстро худ даводав накунад, ГАРАВ баста, дастамро мебуррам, чу нафаре дар болову поинҳо умуман ёдашон кунад. Куҷо равонаем? 

Вазирони фарҳангу маорифу РТВ ва масъулини идеологияи миллат бо чӣ кору пайкоре банданд, ки Ситораҳои тобонтарини фарҳанги миллатро нодида мегиранд?

…19.01.2021. Соат ба вақти СССР 09:36 дақиқа. Ҳабибулло Абдураззоқов, шавҳари собиқи Фотима Ғуломова, ки низ оламро тарк гуфта буд, КӢ, КТО, КИМ ӯро ба ёд овард? Ҳич кас! Ва низ бо гузашти 2 моҳ касе расман аз ин бузургвори театру синам ёде намекунад. Расман...

…08.12.2019. Соат ба вақти СССР 19:00 дақиқа. Охирон бор устод Абдураззоқовро дар «ҷашнвора»-и 70 солагии Мирзоватан Миров дидам. Чаро вожаи ҷашнвораро дар қавсайн овардам? Зеро ин санаи таърихӣ, ки дар зиндагиномаи дигар ақвом бо ҳуруфи заррин сабт мегардад, пинҳонӣ гузашт. Аз тарси ТАНЗИМ. Мисле, ки ҷосусон ҷамъ меоянду пичир-пичир карда мегурезанд, амсоли «сходка»-и олами ҷиноӣ…

Абдураззоқов нӯшбоде таърихӣ гуфт он рӯз:

-Мо набояд чеҳраҳои фарҳангии худро чунин хору залил кунем! Ин нишастҳо БОЯД ошкоро бошанду тариқи Радиову Телевизион пахш шаванд. О, мо даъвои фарҳангпарвардагӣ ва дунявият дорем. Пас то куҷо мерасем, агар 70-солагии артисти халқии РСС Тоҷикистон, Мирзоватан Миров пинҳонӣ ва зери биму тарс гузарад???

…Акнун Ӯ дигар нест; хушбахтона нест, то мехонду медонист, ки ҳатто ҷанозаи артисти халқии РСС Тоҷикистон, режиссер, актёр, драматург-Ҳабибулло Абдураззоқов пинҳонӣ, бидуни маъракаи расмии хайрубод, орому сокит гузашт ва олами фарҳангии Тоҷик, аз тарсу бими танзим, Бузургтарин Фарҳангии хешро ба дасти муллое дод ва Худоро шукр, ки ақаллан ун мулло чанд сухане сари тобут кард, албатта, на аз фарҳангу на аз адаб, ки аз маргу мир ва воҷибияту суннату фарзи мурдадорӣ. Вале чизе гуфт охир!

…22.11.2020. Соат ба вақти СССР 13:00 дақиқа. Вақте бузургтарин шоири муосир, Сафармуҳаммад Айюбзодаро ҷаноза мекарданд, домуллои гиромӣ, Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, аз раиси ИНТ, Низом Қосим ва аъзои раёсат даъват кард, ки ҳарфе чанд дар бораи ҳамтояшон бигӯянд…Касе чизе нагуфт! Танзим?! Ҳамин аст асолати дунявият ва фарҳангпарвардагии мо???

Имрӯз, ки ин мардум, дар ин давлати воқеан ҳам демокративу дунявӣ, аз тарси «мабодо», ба даҳон об гирифтаанд, фардо, Худое накардаву балое сари ин давлату ин миллат ояд, чӣ мекарда бош(ем)анд? Суоли риторикист, албатта…

02.03.2021. Соат ба вақти СССР 09:57 дақиқа. Фотима Ғуломова, Ҳабибулло Абдураззоқов, Носир Ҳасанов, Савриннисо Сабзаалиева, Гулназар, Айюбзода ва садҳо тан алоқамандони театру кино ва драматургияи Тоҷик моро тарк гуфтанд. Бе хатту хабар. Касе ҳатто тариқи расонаҳои электронии расмӣ, ба МИЛЛАТ  ҳамдардӣ баён накард. 

Онҳо ба мо лозиманд, эй мардум, на баръакс, ҳарчанд дигар ниёз бар мо надоранд. Намехоҳед наслҳомон манқурт шаванд, миллатро бо нобиғаҳо ошно созед, сари тобути нобиғаҳо митинги фарҳангӣ кунед, пеши гӯри Лоиқу Турсунзода, Айниву Бозор шеъру ғазалхонӣ намоед, зеро ёдбуди ишон бар нафъи кор аст. Нагузоред, фарҳангиёнро, ҳамонгунае, ки мурдаи Муъмин Қаноатро 1 муллое таки даст кардаву намегузошт, нафаре ЛОМ гӯяд, зери қаноти таассуб кашад. Нагузоред, то нобиғаҳо дар зиндагонӣ худашон дар бораи худ китоб нависанд…

Танҳо дар ин сурат мо бар ҷаҳлу такаббури асримиёнагӣ пирӯз меоем.  Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар