Принт

11.03…

Усулан намехоҳам ин матлабро нависам. Вале маҷбурам. Виждон маҷбур месозад, ки навис. Воқеан ҳам вақте ману ҳамтоҳоямро мепурсанд, ки фалону бисмадон мақолаи танқидиро бо супориши КИМ навиштӣ, посухи ман яктост:

-Бо супориши Виждон…

Мо Метавонем!

Имрӯз матбуот дар вазъи критик қарор дорад. Наздик ба варшикастагӣ. Масъулин намехоҳанд ё намебинанд ва ё дидан намехоҳанду ШОЯД ҳадафмандона мехоҳанд вазъ ислоҳ нашавад:

- Журналистикаи мо ғайри професионалитар мегардад!!!

 Ва ин боиси таассуф аст. Медонам, чанд шогирд аз ман меранҷанд, чун баҳсро сари профессионализм мекашам, вале охир чунин аст, ки мегӯяму хоҳам гуфт:

-Журналистика БОЯД профессионал бошад.

Дар сурати акс, мо варшикастаем. Зеро дигар дар ҷабҳаву фронтҳои иттилоотӣ бо милтиқ не, дар паси комп, бо килк, клавиатура, мушак-мышка меҷанганд. Далел мехоҳед? Марҳамат. Бубинед, 1 сакалтуе, ки аз журналистика миллиард километр дур аст, ҳамаро ба дод овардааст. Медонед, киро дар назар дорам? Ну, конечно, медонед! 

Ва акнун тасаввур кунед, агар ин «нимамард» профессионал мебуд, ҳоли 1 кишвар чӣ мешуд?

Суол риторикист, албатта…

Суоли дигар ин аст, ки чигуна шудаву мешавад, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти 1 кишвар, ки аз ҳисоби буҷҷаи ҶТ ва Президенти ин кишвар маблағгузорӣ мешаваду пулу пайса мегирад, «вожаварзӣ»-и 1 нафареро, ки на мазҳабаш бо мосту на динаш ва на рафтораш «ба эътибор гирифта», аз Парлумон талаб мекунад, ки унвону рутбаҳоро эрунӣ кунад??? Генералҳо гунду мунд ва вазирон шояд пагоҳ ОХУНД шаванд?!

Журналистикаи мо думболаи авом меравад. Ҳомии мо авомуннос гардидааст. Пайғамбарамон Цуккерберг. 

Журналистони ХЕЛЕ шӯҳратёру боқувват ахиран ба доми таҳқиру дашном фурӯ рафтанд, ки банда низ истисно нестам. Яъне чӣ? Яъне бомбаи гузоштаи акаи Цуккерберг ба кор даромад. Ва ин бомба чӣ қадар давлатҳои мусалмониро кафонду мекафонаду хоҳад кафонид, медонем ва ҳоло боз мебинем: 

-Навбати мо-собиқ республикаҳои СССР дар пеш аст. Осиёб бо навбат…

Акбари Саттор...

Ин номро бояд журналистикаи Тоҷик фаромӯш насозад. Медонам, ки ҳоло гоҳ-гаҳе вирд аст. Аммо баъдаҳу фаромӯш гардид. Имрӯз Ӯро кам касоне мешносанд, ки боиси дастбарсарзаданиҳост!!! Ман имрӯз бисёр меандешам, ки чаро дар ошёни 14-уми ГЖК, рӯзи марги Акбар, моро, чанде аз грантхӯрони сафоратхонаҳои хориҷӣ,  даъват кардаву нахостанд, марги ӯро расонаӣ кунем. Журналистон ёд доранд, ки сӯҳбат сари чист! Душманонаш ҳатто пас аз марг низ бо ӯ ҳарб карданду мо бехабар. Оре, Ӯ суитсид кард. Худкушӣ кард. Вале хидматаш БОЯД қадр гардад.  

 -Акбар ЯГОНА нафаре буд, ки мобайни тилоиро ёфт. Ва агар дигарон фаромӯш кардаанд, ман ёд дорам, ки маҳз бо ибтикори Акбар дар тӯлу вусъати болову поини журналистика, ки Акбар раиси ин Итифоқаш будӣ, нофаҳмиҳо рафъ шуданд. 

-Маҳз Акбар будӣ, ки ҷанги гражданӣ ба ҷанги иттилоотӣ табдил наёфт, мисли имрӯз. 

-Маҳз Акбари Сатттор будӣ, ки ҳар дугунаву сегунаву чанд …гунаҳо сари дастгоҳи таблиғу ташвиқ роҳ набурдандӣ.

-Маҳз Акбар будӣ, ки журналистикаи профессионал ҳузур доштӣ.

-Маҳз Акбар будӣ, ки журналистика мақари ҳомо… ва моно…-сексуалҳо нагардид.

-ва маҳз Акбар будӣ, ки журналистикаи Тоҷик ваҳид ва ЯГОНА будӣ!!!

Хидмате, ки Акбар кардааст, БОЯД ҳатман бо унвони қаҳрамонӣ барои ин миллат баробар дониста шавад. Ва агар ба таҳқиқ бингарем, Мирзо Турсунзода агар хуб хидмате кардааст, барои шӯравӣ кардааст ва баробар ба нисфи хидмати Акбари Саттор барои истиқлолиятхоҳии Тоҷик кардааст ва Акбари Саттор БОЯД қаҳрамони ин миллат буда бошад. Суитсидашро канор мегузорем. Сухан сари сарсупурдагиаш меравад. Мо Метавонем!

Профессионализм

Вожае, ки дар журналистика фаромӯш шудааст… Касбе, ки тақрибан дигар нест! Имрӯз, агар мӯзадӯзеро кироя мекунем, деворзанеро кироя мекунем, найзазану корчазан ва ҳатто сварщик- кафшергареро кироя мекунем, чӯбкореро кироя мекунем…ҳатман маҳсули дастранҷашро мебинем, месанҷем, талаб мекунем, ки дастовардашро ба маъраз гузорад ва сипас бо ӯ шартномае мебандем. Илло журналистика, ки фикр дорем, ҳар актёр, ҳунарманд, сухангӯ, конфронсйе, артист, муаллим, базлагӯ, шоир, адиб, сафсаттагӯй… журналист аст.

 Ва ин аст, ки муаллимину мударрисин, номзади илму доктору профессорҳоро маҷбур мекунем, мақола нависад, манофеи миллиро ҳифз кунад. Барои 1 нимамарде, ки аслану усулан ҷои холие нест, посух гӯяд..

Профессионалҳоро сари кор оред. Ин аввали кор аст. Ҳоло Аврупову Амрико барои мову шумо бомбаҳои иттилоотие гузоштаанд, ки солҳо ба баъд мекафанд, ҳатман мекафанд. Иқболбиҳо оғози коранд. Ман медонам, ки чӣ мегӯям. Мо Метавонем!

Рӯзи касбӣ муборак, бар онҳое, ки дар баробари 1 нимамард азияти лоуболӣ мекашанд…

 

 

 

Матлабҳои дигар