Принт

Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ 80 сола шуд!

Яке аз олимони давр, ин Шайх Ҳикматулло ибни Фатҳуллоҳи Тоҷикободӣ, машҳур ба Мавлавӣ Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ мебошад. Имсол ин марди Худо, олим ва донишманди бузурги фиқҳи исломӣ, хусусан мазҳаби ҳанафия, Ҳазрати Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳулло  ба сини мубораки 80-солагӣ қадам мегузорад. 

Мавлавӣ Ҳикматуллоҳи Раштӣ (Қаротегинӣ) вақте, ки дар Тоҷикистони азиз ҷанги шаҳрвандӣ оташ гирифт бо ҳамроҳии бародари донишмандаш Домулло Неъматулло (раҳмати Худо бар ӯ бод) бар зидди хуруҷи бидъатпарастон, муқобили қиёму гирдиҳамомҳои бемаънии наҳзатиён бархоста, аз арзишҳои миллӣ, динӣ, мазҳабии халқи тоҷик самимона аз таҳти дили покашон дифоъ мекарданд. Ин аст, шуҷоат, қаҳрамонӣ ва диловарии мардони Худо дар раҳи ваҳдату якдилии мардум. Онҳо борҳо хостанд пеши роҳи хунрезӣ ва ҷанги бемаънии бародаркуширо бигиранд, вале 100 афсӯс чашми бино кӯр буд, ба қавле қотилу ҷоҳиле суханеро намехостанд шунаванд. 

Имрӯз, ки ҷаҳони муосир ба гирдоби мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, бархурдҳои тамаддунҳо ва вабои терроризму экстремизм, сепаратизм гирифтор гардидааст, мо метавонем аз суханони пурарзишу гуворои Мавлавии Ҳикматулло истифода барем. Маҳз чунин домуллоҳои муҳтарам ва гиромии халқ метавонанд, дар ин ҷаҳонишавӣ миллати тоҷикро ба худогоҳиву худшиносӣ, дифоъ аз арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва диниву мазҳабиямон водор сохта, ҳамчун ҳомиву пуштибони ин арзишҳо бошанд. Маҳз чунин рӯҳониёни пешқадами мо чун Мавлавӣ Ҳикматулло метавонанд дар гул-гулшукуфоии Ватан, миллат ва давлатамон саҳми бориз ва мондагор гузоранд. 

Муҳаммадҷон Сафаров, омӯзгор

 

Матлабҳои дигар