ХАБАРИ ДОҒ

 Соро Анорбиева, сокини шаҳри Душанбе ба телефони редаксия (3385556) занг зада гуфт: 

   - Ҳамин субҳ аз маҳалли Зарафшон ба микроавтобуси №25 савор шудам. Аз наздикиҳои Испечак, телефони ронандаи нақлиёти мо ба занг задан шурӯ кард ва дар маҳаллаи 112, ин ронанда, дигар фақат ба телефон сӯҳбат мекард ва бо касе ҳам коре надошт. Аслан маълум набуд, ки ӯ чӯб мекашонад ё одам? Ин қадар беҳурматиро нисбати мусофирон акнун дидам. Бовар кунед, ронандаи маршрути мазкур (рақами давлатиаш 7200 ТТ) танҳо боре дар гардиши Бемористони Мансуров сӯҳбати телефониашро қатъ кард ва он ҳам ба хотири 2 корманди БДА, ки дар пеш истода буданд. Ҳамин, ки БДА-ро убур кард, боз ба сӯҳбаташ идома дод. Тамоми роҳ 1 даст дар рулу 1 даст дар гӯш. О, метарсӣ, аз ҷонат охир! Фикр мекунам, муассисаҳои давлатии мусофирбар, ҳангоми ба кор ҷалб кардани ронандаҳо, ин паҳлӯҳои масъаларо ҳам дида бароянд. Охир ин чи вазъест, 1 ронандаи мусофирбар, ки ҷони 20 нафар одам дар дасти ӯст, ин қадар хунукназарона ба вазифааш нигоҳ мекунад. 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter