Принт

1 чашмакӣ…

Чаро то ҳол сабаб ва ё қиссаи 1 чашмакии Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзодаро касе шарҳ надодааст? Ман ҳоло ҳам нафаҳмидам, ки ин ишора-1 чашмакӣ дар маҷлиси вакилони халқ ва рӯбарӯи камераҳои ТВ чӣ маъно дошту аз чӣ гувоҳӣ медод? 

Имрӯз равияҳои ғайримиллӣ ва ба ном ҳизбҳои ғаразнок аз дур истода садо баланд мекунанду худро ҳомӣ ва пуштибони дини поки ислом ва суннати Паёмбар медонанд. Оё ягон ҳадисе ҳаст, ки Паёмбари ислом ба асҳобаш бо чашмакӣ ишора карда бошад? Иқболбӣ ва Кабирии хоин шояд чунин ҳадисро дар даст дошта бошанд, зеро онҳо ҳама чизро медонанд, ку! Агар надонанд, даррав мебофанд!

Нобиғаҳои миллати тоҷик дар таърихи башарият ҳамеша асарҳои беназир амсоли сафарнома, одобнома, «Шоҳнома», «Қобуснома» навиштаанд, вале касе то ҳол тӯҳматнома нанавишта буд. Иқболи Садриддин ҳамеша кораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ тӯҳматнависӣ аст. Ман ба ин тоифа фақат 1 гап дорам: муҷассамаи Ленини бузургро ба гарданаш арғамчин баста дар Душанбе ғалтонидеду ба рӯяш беэҳтиромӣ кардед, ҳоло аз назди калисои католику христианҳо «аккос» мезанед, пас куҷост ҳақиқат!?

Тоҳири Абдуҷаббор, н.Ховалинг

 

Матлабҳои дигар