ХАБАРИ ДОҒ

Иқболи журналистикаи Тоҷик рафт…

  • Чоршанбе, Апр 14 2021

Эй хок, чӣ хурдӣ, ки бад-ин ташналабӣ,

Ин қадр зиёд ашку хун металабӣ?!

 

05.04.2021. Соат ба вақти Ворух 12:17 дақиқа. Дар ҳолати шок қарор дорам! Ҷамила бо ашки шашқатор дарамро бе тақ-тақ мекушояд. Одоби муошират, субординацияе, ки ӯ дорад, таконам медиҳад, ки чӣ гапе шудааст…Ва хато намекунам. Ҷамила мегӯяд:

-Иқбол ҳам рафт…

-Кадом Иқбол?-ҳайрон мепурсам аз Ҷамила

-Иқболи худамон…

Лол мемонам. Иқболи мо рафт? Иқболи мо рафтанӣ буд? Иқболи ман мариз буд??? Ва ба касе намегуфт?

Оре, баъдан Хуршеди Атовулло мегӯяд, ки Иқболшоҳ маризи ҷигар, сирроз  дошт. Вале касе намедонист. Зеро ба касе намегуфт. Ҳатто пас аз марг низ аксарият мегуфтанд, қалбаш зада. Аммо қалби ӯ ҳамеша барои ин миллат «мезад». Ҳар тири нохалафе, ки сӯи миллат меомад, аввалтар аз ҳама бар ҷигари Иқбол мезад. Ин аст, ки ҷигараш реш буд, пареш шуд, кушт ӯро…

 1 умр чеҳраи Иқболшоҳ барои ҳамаи мо сигор кунҷи лаб, бо лабони табассумбор ва чашмони андаке аз хумори рӯи дӯст маст, боқӣ хоҳад монд. 

 

Иқболи ман…

Соли 1990 бо Иқбол дар «Паёми Душанбе» шинос шудем. Он замон донишҷӯ буд, вале пухтакор, пуркор, кордон. Сипас бо ҳам дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»-и Насрулло Асадуллоев ва Додохон Эгамов кор кардем. Гӯшаи махсусе дошт:

-Антиреклама…

Дар ин гӯшааш чунон аҳли сарвату давлатро мекӯфт, ки садои гиряашон Тоҷикистонро фаро мегирифт…

 

Иқболи мо

Бо ин ки худ мариз буд, ҳамеша дар такудави маъракаи дӯстон будӣ. 2 ҳафта пеш зангам заду гуфт, «Ако дар бораи Додохон Эгамов матлабе нависед. Дар китоби бахшида ба 70-солагишон ҷо мекунем. Сюрприз мешавад». Он чизе, ки баъдан дар саҳифаи фейсбукиям навиштам, пешниҳоди Иқбол буд. Вале сюрприз худаш кард. Дар ҷашни зодрӯзи устодаш моро ҳайратӣ намудаву рафт…

 

 Иқболи Исфара

Баъди шуруъи ҷанг ба Исфара рафту 1 умр ба ин сарзамин содиқона хизмат кард. Оре, ӯ фирор накард, ӯ ба хидмати Ватан рафт, зеро ин гӯшаи меҳан мунтазири қаҳрамонписаре чун Иқбол буд. Бо тамомии дастгоҳи идеологии Қирғизистон, ки дурӯғу рост Исфара, Ворух, Чоркӯҳро мавриди интиқоди ҳамлаҳои иттилоотӣ қарор дода буданд, ТАНИ ТАНҲО меҷангид ва ҳамеша аз ин набард пирӯз бадар меомад.

 

 Иқбол Алӣ

Надонам чаро, вале ҳар боре Иқболро дар ин размгоҳи иттилоотӣ, бо 1 кишвари бутун тангназар тани танҳо медидам, маро ба хотир 1 қиссаи очаам меомад, ки мегуфт:

-Ҳазрати Алӣ (р.) чун аз ҷанги куффор бармегашт, камарбандашро мекушод ва то бар зонувонаш тири душман мерехт…

Иқбол низ ҳамарӯза то бар қаду паҳнои зонувон тири кофар мехӯрд, тири қирғиз мехӯрд, тири ҷонкоҳи идеологӣ, вале ба касе ҷароҳаташро нишон намедод. Зеро Бузургмардон наменоланд:

Нолидани мардони раҳ аз дард набошад,

В-аз дард агар нола кунад, мард набошад!!!

 

 Муҳаммад-Иқбол

2 Раиси қаблии Исфара-Раҳмоналӣ Амир ва Сиҷоуддин Саломзода ӯро Муҳаммад Иқбол мегуфтанд. Медонед барои чӣ? Боре аз акои Сиҷоуддин инро суол кардам, ки гуфт:

-Ӯ Муҳаммадиқболи сонист, агар Муҳаммадиқболи қаблӣ бо нидои «Аз хоби гарон хез!» Покистонро таҳрик дода бошад, пас Муҳаммадиқболи исфарангӣ Воруху Чоркӯҳро сари по хезонид, то ҳар ваҷаб хоки диёрро азиз доранду ба душман надиҳанд…

Оре, ба таҳқиқ Иқбол Илёсзода Муҳаммадиқболи Исфарангист ва хидматаш на камтар аз Сайфи Исфарангӣ ба ин диёр расида, ки БОЯД ҳатман қадршиносӣ шавад…

 

 Иқболи хоксор

Бо ин ҳама Бузургӣ аҷаб хоксоре буд. Бо маънии томаш хоксор. Ҳар нафаре аз аҳли қалам меҳмони Исфара мешуд, ҳатман Иқбол ӯро дар саргаҳи шаҳрак, бо табассуми малеҳ, чашмони андаке аз ҷамоли дӯст хуморӣ ва сигор бари лаб пешвоз мегирифт. Ана ҳамингуна бояд буда бошад, ҳайкале, ки БОЯД ҳатман дар Исфара барои ӯ гузоранд!

Иқбол Тешаев… Бо ӯ шӯхӣ мекардам, ки ман Достиеваму ту Тешаев. Хозмаг. Механдидем. Имрӯз сари ин шӯхиҳо, сари ин танзҳо, сари ин ёдҳо мегирям.

 

 Иқболи классик

Ӯ аз намунаи классикаи журналистика буд. Аҳмади Иброҳим дар Кӯлоб; Қурбон Аламшоев дар Бадахшон; Илҳоми Ҷамолиён, Мухтор Абдуллоев дар Хуҷанд; Баҳодур Ӯроқов дар Бохтар ва Иқбол дар Исфара... Ҷои инҳоро касе нахоҳад гирифт. Зеро ҳар қаламкоре меҳмони ин диёрҳо гардид, меҳмонхона намеҷӯяд, ошхона намеҷӯяд. Зеро медонад, ки хони пурноз, бистари шоҳона ва сӯҳбати орифона ӯро дар хонадони яки инҳо интизор аст. Ва аз ин миён ЯКЕ рафт. Бузургтарину хубтаринашон рафт. Заминӣ, ки буд, ба замин рафт, то бар Арш  каҷпаҳлӯ занад.

Биҳишти барин ҷоят бод, бародар ва ҳамкасби гиромӣ…

PS: 05.04.2021. Соат ба вақти Душанбе 14:03 дақиқа. Ҳамин ҳоло ҳамтоям Хуршеди Атовулло 1 факти ҷолибе гуфт; Иқбол Тешаевро қирғизакҳои ҳамсоя, ғарҳои пешхез, ба ҷустуҷӯи Интерпол додаанд… Яъне қирғизакҳо дарк карданд, ки бар қиболи 1 Тоҷики исфарагӣ ҳеҷанд; Мурдаи Иқбол зиндаи қирғизро бор аст! Инро мо ваъда медиҳем. Мо Метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter