Принт

Редаксия супориш дод: Ҷӯгӣ ҷӯй!!!

 

 

20.03.2021. Соат ба вақти СССР 06:17 дақиқа. Аваз Хонов, хонандаи доимӣ, сокини н. Восеъ, занг задаву гуфт:

-Ман матлабҳои шуморо дар бораи ҷӯгиҳо хондам. Вале сари чашма бояд гирифт, на сел. Медонед, аз ҳамин мавзеъе, ки ман истодаам ва онро ном «Дарвозаи Зулайхо»-ст, ҳар субҳ то 100 тангему таксӣ ҷӯгиҳои деҳаи Заркоронро гирифта, ба тамомии гӯшаву канори Тоҷикистон мебаранд? Агар мақомот мехоҳад роҳи ҷӯгиҳоро бандад, пас ин «лӯлӣ-стоянка» бояд баста шавад. Марҳамат, оед ва бо чашми сар бинед!!!

Чун матлаб дар редаксия матраҳ гардид, бачаҳо узр пеш оварданд, ки дар Наврӯз «отдыхем» ва ҳеҷ куҷо намеравем. Ҷамила Ҳусейнова-хабарнигори таъҷилӣ-оперативник бошад, пешниҳод кард:

-Шеф! 1 бор худатон рейд бароед-чӣ???!!!

Пешниҳод чун амр садо доду ман низ сар раваду сир не гуфта, «пешниҳод»-ро пазируфтам ва бо амри редаксия ҳафтаи дигар сӯи Восеъ роҳ пеш гирифтам (Гӯё шеф «отдых» надошта бошад; Демократияаш ҳамин дия!).

Ту ҳам бо ман биё, хонандаи ин сутур, ки дар ин роҳу доду ситад аҷаб корҳое дидаму ғароиб сирҳо кушодам…

 

Ҷӯгӣ-стоянка

26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 06:39 дақиқа. Бо Алии Беҳудуд дарвозаи нахустини н. Восеъро, ки совхози Ангурбоғро бо шаҳраки Ҳулбук мепайвандад, убур мекунем. Сароғоз чашмамон ба навиштаи «Ҳулбук» аз боло ва аз так «шаҳраки» бархӯрду ба Алӣ гуфтам, «мардуми бекор ҳамин навиштаро низ ба мазҳакаи Фейсбук кашидаанд», ки гуфт, дар Восеъ ҳама чиро аз поён ба боло бояд хонд! Фикр кардам шӯхӣ мекунад, баъдан дарк кардам, ки неъ, рост мегуфтааст.

«Дарвозаи Зулайхо» (надонам чаро дар урф ин чорроҳаро чунин меноманд!)-ро убур карда, тарафи Совхози маъруф гаштем. Совхоз дар водии Кӯлоб бо 2 тан ҷавонмарди саховатпешааш-Акои Муроду акои Аваз маъруф аст, ки ин деҳаро ба биҳишти рӯи замин-Швейтсарияи ҷадид бадал кардан доранд. Воқеан ҳам, ҳоло Аваз Кабиров дар ин деҳа Меҳмонхонаи 5-ситорадор месозаду Мурод Сайидов ҳавзи Кайнарро ба мавзеъи туристӣ табдил. Вале дар ин бора дар дигар шумораҳо мегӯем. Ҳоло сухан сари ҷӯгист.

Алӣ мегӯяд, «бест!» ва ман меистам, ки меафзояд:

-Марҳабо ба стоянкаи ҷӯгиҳо!!!

 

Столицаи ҷӯгиҳо

Ман сӯи рост назар медӯзаму талхаам мекафад. Даҳҳо, шояд садҳо Тангему опелу мерседесу нексиҳо вижжасзанон садҳо нафарро савор кардаву рӯ ба боло мешаванд. Аз Алӣ мепурсам, «инҳо ҳама ҷӯгӣ мекашанд?». Маънидорона табассум мекунад:

-Ин ҷо фақат стоянкаи ҷӯгиҳост!-мегӯяд Алӣ ва аз мошин берун мешавад.

Вақти сӯҳбат, Алӣ, ки сокини Кӯлоб асту ин водиро чун 5 панҷааш медонад, ба ман мефаҳмонад:

-Ҷӯгиҳои водии Кӯлоб аслан дар Восеъ, дар 3 деҳа ба сар мебаранд-Қурбоншаҳид, Тугарак ва ин ҷо. Аммо он 2 деҳаи аввал хурданд. Пойтахт-столицаашон ҳамин ҷост-Заркорон!!!

 

Чаро ҷугӣ-қишлоқ Заркорон шуд?

26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 06:52 дақиқа. Алӣ аҷаб хислате дорад, ки бо дилхоҳ нафар забони унс дар 6 сония меёбад. Дучархасавореро манъ карда, ҳолу аҳвол, саломати зану кӯдак мепурсад. Гӯиё 100 сол ӯро мешиносад. Ва сипас аз ӯ дар бораи ин истгоҳ мепурсад. Мард, ки фурӯшандаи ширу ҷурғот будааст, чун дилхоҳ кӯлобӣ содаву дилкушод асту сухандон:

-Ман ба инҳо 20 сол беш шуд сару кор дорам. Шир мефрӯшам. Пули ширро медиҳанд? Конечно медиҳанд. Ҷӯгиҳо дар қишлоқи худ асло фиреб намекунанд. Ба вежа тоҷикони атрофро, то номашон ба бадӣ набарояд. Он гоҳ касе ба онҳо шир намеорад. Ҳамарӯза то 100-150 Тангемка аз ин ҷо мераванд. Ҳар кадоме «маршрут»-хатсайри худро дорад. 2 ҷӯгӣ асло ба 1 деҳа намераванд. Калон доранд! Ҷангашон мекунад…

150 Тангем?-суол медиҳам ман. Ширфурӯш бепарво посух медиҳад:

-Ин танҳо Тангемкаҳо, боз даҳҳо таксӣ низ меравад.

Деҳаи инҳо аввали Ҷӯгӣ-қишлоқ ном дошт. Ҳу ана ун хонаро мебинед?- Ва мусоҳиби мо 1 хонаи бомаш сабзро нишон медиҳаду мунтазири посух нанишаста меафзояд-то ҳамон хона мардуми Шукнов-мавзеъи тилокори кӯҳистони Ховалинг зиндагонӣ мекунанд. Ҷӯгӣ-қишлоқ васеъ шуда, то онҳо рафта расид. Дар вақташ ин деҳаро Фурунза (ба номи комбриг М. Фрунзе-ред) мехонданд. Ҳоло тоҷикӣ карданду барои шукновиҳо, ки аслан тилокоранд, Заркорон ном ниҳоданд. Ҷӯгиҳо низ шуданд соҳиби деҳаи Заркорон...

 

Амриддин, устои гулдасте аз ҷӯгӣ-қишлоқ

26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 07:06 дақиқа. Базӯр аз мусоҳиби хушчақчақ халос мешавем. Маълум, ки мардак ширашро фурӯхтаву имрӯз коре надорад. Ин замон 2 нафар ҷавони ҳузарб пои пиёда ва аҷаб чусту чолок аз пешамон убур мекунанд, ки Алӣ мегӯяд «инҳо ҷӯгиянд». Маро аслан боварам намеояд, зеро дар тасаввури ман лӯлиҳо сиёҳу ифлосу обнадидаанду ин 2 тан баракс, яке сафеди чашмкабуд ва дигарӣ сиёҳмӯйи олуфта. Алӣ онҳоро ингуна манъ мефармояд:

-Авлод, сафаро ба хайр?

-Салом авлод, авлоди туро хабаргир меравем, устоем, мошина таъмир мекунем, ягон кору боре бошад, ҳамеша тайёр...

Баъдан аз сӯҳбат дарк кардам, ки ҷӯгиҳо ҳамдигариро авлод мегӯянд (авлоди ҷӯгӣ) ва моро авлоди Тоҷик!!! Мутаваҷҷеҳ бош, хонанда, онҳо худро ҳаргиз Тоҷик намегиранд!!!

Амриддин, ҳамон ҷӯгибаччаи паҳлавонҷуссаи чашмкабуд хеле чақ-чақӣ омад. Алӣ табиист, ки дар 6 сония бо ӯ чунон унс гирифт, ки ту гӯӣ, садсолаҳо ҳамдигариро мешносанд. Ба иттилоъи Амриддин:

-Ҷӯгиҳо дар ин деҳа 276 хоҷагиро таъсис медодаанд. Дар ҳар хонавода 10-15 ва ҳатто то 20-25 нафар мезияд. Авлод калон аст...

 

Полвон охирон пешвои ҷӯгӣ

Амриддин мегӯяд, чанд сол пеш авлод пешвои ягона, лидер, вакил, ҳомӣ дошт, бо номи Полвон. Полвон-ҷӯгӣ на танҳо дар ин деҳа, ки дар водии Кӯлоб хеле номӣ буд. Ӯ дар солҳои шӯравӣ ҳатто маъракаи бузкашиву гуштигирӣ ташкил мекарду садҳо паҳлавони Тоҷик даъватӣ буданд. Човандозҳоро намегӯӣ? Э-ҳаааа...Восеъро асп зер мекард. 1 ҷӯгӣ бе иҷозати Полвон 1 қадам намегузошт. Имрӯз вазъ дигар шудааст. Ҳама ба худ хуҷаин. Демократияяяя!-мад мекашад Амриддин ва маро аз чӣ бошад, ки маҷлиси охирини редаксия ва пешниҳод-амри Ҷамила ба хотир меояд ва Амриддинро аз сидқи дил тарафдорӣ мекунам:

-Оре, демократияяя ҳама чиро вайрон кард!

Аз Полвон мепурсем ва Амриддин мегӯяд, ки аз авлоди ӯст. Алӣ мехоҳад бо духтарони Полвон, ки умрашон аз 70-80 ҳам гузаштааст, дидор кунад.

Ҷӯгиҳо паси сар мехоранду Алӣ филҳол онҳоро бо 1 пешниҳоди олиҷаноб розӣ мекунад:

-Ман мехоҳам хун супорам! Бо шохи гов!!!

-Бо шохи гов???-ин суолро ман медиҳам, ки пешниҳоди Алӣ маро дар аҷаб оварда.

Алӣ ҷои посух чашмакӣ мезанаду ман мутмаинан ба ҷӯгиҳо муроҷеъ мешавам:

-Мо бо шохи гов хун месупорем! Хунгир доред?

Амриддин дар ханда ғуттавар мешавад ва бонг мезанад:

-“Братанҳо как раз по адресу!”. Хунгир апаи худакам!!!

 

Ба пеш ба ҷӯгӣ-қишлоқ

26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 07:23 дақиқа. Ҷӯгиҳо ба мошини ман мешинанду омирона мефармоянд:

-Братан, газа зер кун. 

Тарафи ҷӯгӣ-қишлоқ мегардем. Мошини мо, ки шик аст, Амриддин хоҳиш мекунад:

-Акай шофир, мумкин, тирезаро паст кунам?

Ва ба суоли дар майнаам пайдогашта, посух медиҳад:

-Мон, ки авлод бинад, мо дар чигуна мошин саворем! 

Ман тирезаро паст мекунаму Амриддину ҷӯрааш ба ҷӯгиҳои ҳайрон ба мо менигариста, салом дода, меафзоянд:

-Братоканд (яъне бародаронанд). Аз Душанбе хабаргирӣ омадаанд. Хона биёед...

Пешопеш мегӯям, дар шумораи оянда, назари ман ба ин қавм дигар мешавад.  Зеро шахсан ман, ки барои танқиди авлод камар баставу аз пойтахт омада будам, ба авлод дил бастам: 

-Аҷаб мардумоне будаанд...

Шумораи ояндаро ҳатман мунтазир бошед. Мо Метавонем!

 

С. Мизроб

Душанбе-Восеъ-Кӯлоб-Восеъ-Душанбе

 

Матлабҳои дигар