ХАБАРИ ДОҒ

Фарзанди касон намекунад фарзандӣ,

Гар тавқи тило ба гарданаш барбандӣ!!!

Қаҳрамони имрӯзаи мо дар амал собит намуд, ки муаллифи ин шоҳбайт 100% номаъқул кардааст. Вале биёед аз оғоз гирем…

Дар оғоз гуфтаниям, ки қаҳрамони матлаб ҳатман аз ман хафа мешавад, малӯл мегардад. Зеро Тоҷики асил асло намехоҳад, вежагияш фош гардад. Ин аст, ки гӯйи сабқатро дар ин маврид ба…араб додаем! Арабҳо модарро ингуна иззат мегузоштанду падарро унгуна ҳурмат ва ғ. ва ҳ. Чун сухан сари ҳурмати модар рафт, қиссаи пафосе аз Султон Увайси Қаранӣ меорем (коротко):

-Модари Султон Увайс об гуфту писар об овард, ки модарро хоб бурдааст. Ташти об дар даст ӯ то саҳар рӯи болини модар истод. Модар саҳар бархоста дид, ки аз сардӣ об ях кардаву писар 1 қадам аз ӯ дур нарафтааст…Садоқати Султон Увайс бар модар…

Ва намозгузорон сари ин…сафсатта гиряву фиғон мекашанд. Чаро сафсатта гуфтем?

1.Агар об ях кунад, пас модари ин бузургвор бояд ким-кайҳо аз хунукӣ мефавтид;

2.Об, ки ях кард, худи Султон Увайс низ ақаллан касал мешуд;

3.Ва аз ҳама охир-дар қораи араб Об Ях намекунад. Зеро ин мавзеъ ба Африқо дохил мешавад. Ҳоҷиён ин моҷароро нек медонанд.

Барои исботи ин гуфтаҳо аз ГУГЛ далел орам? Марҳамат (бо русӣ, ки фикр накунед, мисли муллоҳо худам онро бофтаам):

-Климат средней и южной частей полуострова-тропический пассатный. Температура января от 14 °C (Эр-Рияд) до 24,8 °C (Аден), июля до 33,4 °C (Эр-Рияд), максимальная температура до 55 °C. Климат Аравийского полуострова является одним из самых жарких на планете.

А, об дар кадом дараҷа ях мекунад, оё муллоҳои дурӯғмавъиза медонанд? Агар не, пас ба ин факт таваҷҷӯҳ куне(ан)д:

-Считается, что при нормальном давлении и наличии небольшого количества примесей вода начинает переходить в состояние льда при 0 градусов.

Яъне агар температураи хонаи Султон Увайс дар Қаран ба ҳадди ниҳоии пасттарини сардӣ ҳам мефаромад (+14) оби дар дасташ буда, ҳаргиз ях намебаст!!!

Умуман, шахсан ман вақте мавъизаҳои уламои рӯҳониро мешунавам, мегӯям, Худоё, наход дар тӯли 1400 сол бидуни ҳамун 6-7 нафар саҳобаву 4 тан аз хулафои рошиддин, дар ин дин дигар 1 нафаре зуҳур накарда бошад, ки муллоҳои мо роҷеъ ба ӯ қиссае кунанду дили муслиминро ба дини ислом гарм?

Фарзи мисол, қаҳрамони матлаби ман, Ғиёсиддин Достиев, ки дар ш. Кӯлоб бо тахаллуси Бобоҷон маъруф аст (абераи эшони Ғиёсиддини Эшон-бала), беҳтарин намунаи фарзанд аст ва на танҳо дар ин водӣ, ки дар тамомии Тоҷикистони азиз, ки метавон иззату эҳтироми волидайнро аз ӯ омӯхту Ӯро дар масҷиду мадорис бо мавъизаҳои пучу бепояи а ля арабӣ не, ки сирф Тоҷикӣ ва бо далелҳои муосир таблиғ намуд. Хуб Ғиёсиддин чӣ кардааст?

Вазифаи фарзандиро комилан иҷро мекунад ва ҷое лаб ба шиква намекушояд.

Дар мавзеъе, ки ӯ ба сар мебарад, 1 сирри Ғиёсиддин (он же Бобоҷон)-ро ҳама медонанд. Вале намегӯянд. Ман мегӯям. Мо Метавонем!

Бобоҷон (он же Ғиёсиддин) фарзанди биологии ин хонадон нест. Яккаписарест, ки гирифта тарбияташ кардаанд. Вале ӯ ба падару модар онгуна содиқона хидмат мегузорад, ки ягон писари хунӣ бо шумули ҳамон Увайси Қаранӣ низ накардааст!

Сухан сари он меравад, ки падари Ғиёсиддин маризи бистарист. Солҳост, ки хоб аст. Инсулт ва паралич. Ва аммо нозу нуз (чунин касалмандон сахт инҷиқ  мешаванд), фармоишу дархости падарро Ғиёсиддин бо ҷону дил иҷро мекунад. Ва агар меҳмони ин хонадон шавед, мебинед, ки мӯйи сару риши падар ҳамеша тарошидаву ороишзадаанд. Либоси шинам, ҷойхоби пари қӯ, дастурхони тамиз, хӯрду хӯроки шоҳона муҳайёст. Ва фикр накунед, Ғиёсиддин ягон вазифаи баланди давлатӣ дорад. Ӯ таксӣ мезад. Чаро мезад? Зеро мошинашро ҳам фурӯхт, то…Модарашро, ки низ чанде пеш сахт мариз шудаву аз пой уфтод, ҷарроҳӣ кунад.

Шумо чанд фарзанди биологиро во хӯрдаед, ки барои волидайн охирин дороӣ-мошинро фурӯхтаву харҷи беморӣ ва темори волидайн созад? Ман надидаам. Бидуни Бобоҷон фарзанди содиқе то ҳол вар нахӯрдаам ва (бигзор писаронам аз ман наранҷанд, вале) борҳо орзу кардаам, ки кош фарзандони ману мо низ мисли Ғиёсиддин падариззатгузори модардӯстдор бошанд…

Воқеан ҳам Ғиёсиддин Достиев чанд сол қабл вазифачае ҳам дошт. Раиси Иттифоқи ҷавонони шаҳр буд (ҳамин аст, ки ӯро ҳама ҷавонони кӯлобӣ нек мешносанд). Чун ҷавонмард ва яфоқа буд, маъракаи даъват ба Армия дар ин минтақа 100% ва бидуни «облава» хатм мешуд. 3 сол аст, ки ӯ кор намекунад ва  ва 6 даъват аст, ки Кӯлоб нақшаи сафарбариро ё иҷро намекунад ва ё танҳо тавассути «облава», ки ҷои мулоҳиза низ ҳаст: сари кор бояд ҷавонони лидер оянд! Вале чаро аз кор рафт? Боре дар сӯҳбат бо раиси Кумита гапаш гурехт, наёрист таҳқирро таҳаммул кунад, аз толор, ҷавонмардона баромада, истеъфо доду рафт. Шояд пушаймон бошад, ки чунин рафтор намуд. Вале дар умқи дил медонад, ки ҷавонмарде чун Ӯ дигар хел рафтор карда ҳам наметавонист, ки инро дар Душанбе кам касоне дарк мекунанд. Барои дарки ин рафтор БОЯД Ғиёсиддин буд!

Чаро ин қиссаро ин ҷо коридам? Аслан на барои он, ки Ғиёсиддин ҳамноми бобои олирутбаам асту худаш ҷиянам. Балки барои он навиштам, ки чанде пеш меҳмони ӯ шудаву бо чашми сар дидам, ки бо 1 даст падарро хӯрок медоду нозу нузашро мевардошт ва бо дасти дигар сари модарашро сила менамуд; Сари модареро, ки баъди ҷарроҳӣ, зери таъсири наркоз ҳазён мегуфт ва 4 духтарчаи хурдсолаш гирдаш чун 4 ҳурри биҳишт дар парвоз буданд… 

  Мақсади матлабро нафаҳмидӣ хонанда? Ғиёсиддин писар надорад. Биёед дар ин даҳаи Раҳмати Рамазони Шариф ҳамагӣ даст ба дуо вардорем, то Бузургтарин Фарзанде, ки шахсан ман дидаам, яъне Эшони Ғиёсиддин (он же Бобоҷон) соҳиби писар гардад, то мисли бобокалони Бузургаш (Эшони Бала) ва падари Бузургвортараш (Бобоҷон) номбардори авлод ва ангуштнамои ҷамъият буда бошад. Омин ё раббулоламин!

Рамазон муборак!!!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter