ХАБАРИ ДОҒ

Қаҳрамонони (гумноми) даврони мо-2

  • Чоршанбе, Апр 28 2021

Занонро ҳамин бас бувад 1 ҳунар,

Ки шинанду зоянд шерони нар…

Шумо Ҳуснбону ва Хуморро мешносед? Ҳаргиз! Зеро онҳо бонувони некном ва гумноме буданд, ки агар ман ин ҷо дар бораашон барои аввалину охирин бор наменавиштам, ҳамонгуна бе ном ва бе муаррифӣ мемонданд. Зеро худ ҳаминро мехостанд…

Воқеан ҳам дар фарҳанги табордории Ориён, ки дар кӯҳманзари Тоҷикон ҳифз шудааст, таоруфест, ки номи бонуи хонадонро намегиранд. Фарзи мисол “Очаи Гурез”, “Очаи Шоира”, “Очаи Қиём” мегӯянд. Номи занро паси исми фарзанди калонӣ пинҳон месозанд. Очаи Қиём модари ман буд. Қиёмиддин бародарбузургам. Ва ҳаққу ҳамсоя танҳо соли 2001, дар ҷашнвораи 63-солагии модари ман донистанд, ки исмаш Ҷавҳарбист. Файзи Ашӯр, ки ин маъракаро барандагӣ мекарду Сурайё Қосимова ҳунарнамоӣ, модарамро ҳамингуна муаррифӣ намуд-Ҷавҳарбӣ Раҷабова ва мардум ҳайрон мегуфтанд:

-Баранда дар бораи кӣ сухан мекунад?

Зеро ба дурустӣ, то ҳамон лаҳза модари ман 1 ному насаб дошт:

-Очаи Қиём...

Очаи Гурез, ки сӯҳбат аз ӯ шуруъ мешавад, модари Файзи ҳамкурси ман аст. Зани  шоири зинданом, устоди устодони сухан, ба таъбири Лоиқу Қутбиву Қаноат “Мавлоно Ашӯри Сафар”. 

 15.04.2021. Расо 20 сол баъди маъракаи 63-солагии очаам, ман боз ҳам аз забони Файзи Ашӯр фаҳмидам, ки исми ин бонуи воқеан ҳам зоҳирану ҳам ботинан зебо Ҳуснбону будааст. Ҳуснбону Баҳромова...

Ҳуснбонуро аксарият не, ки тамомии аъзои ИНТ мешнохтанду бузургтарин удабои ин даргоҳи замоне сахт пурнуфуз сар аз Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзодаву Мирсаид Миршакар то Муъмину Лоиқу Бозору Гулрухсор маззаи фатиру чаппотиву шакарову қурутобашро чашидаву бар ҳунараш каф кӯфтаанд.

Ӯ 1 баҳре буд, вале хомӯш, бе шӯр, бе тӯфону мавҷ. Баҳре дар зарф. Гӯиё дар бораи ӯ гуфта бошанд, ки;

-Ман он баҳрам, ки дар зарф омадастам, 

Чу нуқта бар сари ҳарф омадастам...

Бузурге гуфта, ки паси ҳар марди муваффақ ҳатман 1 зани бузургтар аз ӯ меистад. Ҳуснбону зане буд такягоҳи марди хонадон, ки бе ӯ гумон аст, Ашӯр Сафар ба ин мартабае, ки дорад мерасид. Зеро таври маълум;

-Мардро мард мекунад зан-зан ҳам мекунад зан!

Ашӯр Сафар мард бо ҳарфи калон буд. Зеро медонист, ҳамеша, шабу рӯз, зане дар хонааш бо дастурхон ва чеҳраи кушода меҳмононашро интизор аст. Меҳмонҳош кам набуданд. Тамомии шоиру нависандагони Хуҷанду Қурғану Помир агар Кӯлоб меомаданд, ҳатман меҳмони устод будандиву хизматгорашон апаи Ҳуснбону. Адибони душанбегӣ-ку, эҳааа, шабу рӯз дар ин хонадон меҳмоне гиромӣ ва ҳамешагӣ (завсегдатай) буданд ва гарав мебандам, 1 тани онҳо номи ин бонуи нозанинро на-ме-до-нист!!!

 Имрӯз, ким, кто, кӣ, кадоме аз мо метавонад ифтихоре дошта бошад, ки шабу рӯз ба хонааш дилхоҳ ҳампеша бе тақ-тақ даромада метавонад? 1 бор-ним бор шояд дароем(янд), вале бори 2 ё 3 дар оташи барқи нигоҳи соҳибхона хоҳем сӯхт. Ҳуснбону ингуна набуд. Ва ин аст, ки дар Кӯлоб ҳама хонаи Ашӯр Сафар мерафт, на ҷои дигар... Ин ҷо 1 лутф ёдам омад:

-Боре Ашӯр Сафар ба Одина Ҳошим, ки директори театри шаҳрӣ буд, дар “пятиминутка” оҳиста, бехгӯшӣ мезанад, ки “обед, ҳардумон, хона шакаровхӯрӣ меравем”. Одина Ҳошим каме баъд бо Файзалӣ Ҳасану Ҷон Қадаму Мирзоватану 5-6 тани дигар баромада, устодро бонг мезанад, ки “Ашӯр! Ҳамин кӯри Шарифакам бигирем қатимон?”, ки устод мегӯянд:

-Одинаи ҷуне, ун ҷое, ки меравем, аз дуямон якеш зиёдатист...

Вале табиист, ки ҳама мераванд шакаровхӯрӣ. Дастурхондор буд, холаи Ҳуснбону ва ҳаргиз, ҳатто баъди марги шавҳари бузургвор, боре нашнидаам, ки касеро миннат гузошта бошад, ки дигар хабаргирияш намеояд...

Аз худ мероси пурбаҳое дар симои шоирон Гурез Сафар, Файзи Ашӯр боқӣ гузошт. Бахтиёр Сафар-журналисти номовар писари эркаи дӯстдораш буд, ки дар айни авҷи камолот фавтиду модарро шикастақомат намуд.

...Апаи Хумор Раҳимҷонова Очаи Шоираи Раҳимҷон аст! Нафаре, ки бо 1 ҷумла метавон аз манзалаташ дар биҳишти барин иттилоъ дарёфт: Бону Хубон 27 сол шавҳари нобино, Салим-амакро чун гул нигаҳбон будӣ. Салим-акоро агар медидед, бо салобату ҷаззобату сиёсат, либоси шику ришу мӯйи ҳамвору шоназада, куртаи сапеди оҳарнапарида, шими утукзадаву туфлиҳои ялаққосӣ, кӯр шавам, агар фикр мекардед, ки кӯр аст. Апаи Хумор шавҳарашро онгуна нигаҳубин менамуд, ки ту гӯӣ Амир Олимхонро канизаконаш намекарданд. Гули авқотро мехӯронду мепухташ. Ва новобаста, ки шавҳараш нобино буд, сарашро пеши ӯ боло намевардошт. Аз Худо метарсид, холаи Хумор, на аз бандагонаш, ки замонасозӣ кунад...

Хумор низ дигар бо мо нест. Ҷош дар ҷаннат аст, агар ин дунё андаке ҳақиқат дошта бошад.

...Ана ҳаминҳоянд Қаҳрамонони Даврони Мо, бовар кун, хонанда, на чанд арабу парабу актрисаҳо аз қиссаҳои бофтаву тофтаи филмҳои голливудиву ҳолливудиву туркиву сериолҳои урусӣ. Ва то ин ҷаҳон ҳаст, номи Ҳуснбонуву Хумору Ҷавҳарбиҳо ҷовидон бод. Занҳои ҷавон, рӯзгордориро аз модарони хеш биомӯзед, на кинофилмҳои хориҷиву мавъизаҳои хому хаталаи муллоҳои проараб.

Мо Метавонем!

PS: Раҳматии Хумор муаллима буд. Баъди марг ба хоби фарзандон медаромад ва то онҳо шавҳари оҷизашро зан надоданду мактабро бо курсиву китоб таъмин накарданд, ҳамеша ӯро хоб медиданд. Зиҳӣ, Бонуе, ки ҳатто дар ҷаннат дар фикри шавҳари нобиност…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter