ХАБАРИ ДОҒ

Турсунзода: батареяҳо аз 10 то 30 сомонӣ нарх доранд…

  • Чоршанбе, Май 05 2021

Дар мақолаи  “Инсоф намондааст...” дар ҳафтаномаи СССР 25.02.2021, №8 (649) хонандаи ҳафтанома Нодирхон Алихонов вобаста ба ҷой доштани фурӯши батареяҳои пастсифат бо нархи гарон дар дӯконҳои телефонфурӯшии ш.Турсунзода  шикоят кардааст. Муаллиф иброз намудааст, ки дӯкондорон миҷозонро рӯирост фиреб дода, батареяҳои 3-5 сомониро 25-30 сомонӣ мефурӯшанд. 

Бо мақсади муайян намудани нархгузории маҳсулоти зикршуда санаи 12.03.2021 гурӯҳи кории МИҲД ш.Турсунзода аз дӯконҳои телефонфурӯшии бозорҳои шаҳр  дидан намуда, бо нарху навои батареяҳо шинос шуд. Муайян гардид, ки дар дӯконҳои шаҳр бо нархи 3-5 сомонӣ умуман ягон намуди батареяҳо фурӯхта намешаванд. Батареяҳо аз 10-15 сомонӣ то 25-30 сомонӣ нархгузорӣ гардида, вобаста ба сифат, тавоноӣ ва ширкати истеҳсолкунандаи маҳсулот ба фурӯш бароварда шудааст. Масъалаи назорати нархгузории маҳсулот дар бозорҳои шаҳр зери назорати доимии масъулин қарор дорад.

Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии МИҲД ш.Турсунзода

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter