ХАБАРИ ДОҒ

Ҳар сол чӣ омӯзгорон ва чӣ хонандагони мактаб ба 1 зумра рӯзномаву маҷаллаҳо обуна мешавем. Ин рӯзномаю маҷаллаҳо дар 10-15 рӯз 1 маротиба аз маркази ш.Ҳисор тавассути директори муассиса ба мо дастрас мешавад. Соли 2020-ум аз рӯзи 27-уми моҳи апрел таътил сар шуда буд, пас давоми моҳҳои май, июн, июл ва август ягон омӯзгор на газет гирифту на маҷалла. 

Дар замони шӯравӣ почталён-хаткашон обунаи сокинонро то дари хонаашон оварда мерасонид. Он замон 1 омӯзгор аз рӯи хоҳишаш ба 5-6 рӯзномаву маҷалла обуна мешуд, ҳоло бошад 1 коллективи 25-30 нафара танҳо ба 5-6 номгӯи матбуоти даврӣ обуна мешаваду тамом. Нархи обунаи 1 солаи рӯзномаи «Тоҷикистони шӯравӣ» ва маҷаллаи «Садои Шарқ» 6 сӯм буд, ҳоло бошад нархи солонаи 1 рӯзномаи «Ҷумҳурият» 90 сомонӣ аст. Бо чунин нархгузорӣ хонандагони 1 синф танҳо ба 1 рӯзнома обуна мешаванд. Сари масъалаи обунаи хонандагони газета бояд фикр кард, зеро кӯдакону наврасон ва хонандагони мактаб бояд ба рӯзномаву маҷаллаҳои ба синну солашон мувофиқ обуна шаванд, ё не?

Хайрулло Олимов, омӯзгори МТМУ №58, ш.Ҳисор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter