ХАБАРИ ДОҒ

Левакант: дағалии Давлатзодаро кӣ дид?

  • Чоршанбе, Май 26 2021

Дар шумораи №17-и рӯзномаи бонуфуз ва серхонандаю ҳақбини СССР, аз 29.04.2021 бо сарлавҳаи «Давлатзода аз Кодекс хабар дорад?»  аз номи як сокини шаҳри Бохтар М. Ҳидоятов матлабе нашр шудааст. 

Агар касе раиси шаҳри Левакант З.Давлатзодаро мешиносад, ба ин андешаи сокини шаҳри Бохтар М. Ҳидоятов шубҳа мекунад. Зеро агар З.Давлатзода Кодекси одоби хизматчии давлатиро намедонист, ба курсии раиси 1 шаҳр наменишаст. Ё чизи дигар, то ин замон касе дағалрафтории ӯро мушоҳида накардааст, чунки дағалрафторӣ дар замири Давлатзода намеғунҷад. 

Ӯ ба ҷуз аз рӯзҳои шанбе, ки рӯзи қабули шаҳрвандон аз тарафи  раисони шаҳру ноҳияҳо муқаррар шудааст, дар дигар рӯзҳо низ шаҳрвандонро қабул намуда, вобаста ба имконият дасти кумаки хешро ҳамчун дӯстдори халқу меҳан дароз мекунад. Қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси ш.Левакант тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарони Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тамоми бахшу шуъба ташкилоту муассисаҳои қаламрави шаҳр баргузор мегардад. Ва тамоми арзу доди муроҷиаткунандагон дар якҷоягӣ баррасӣ мешаванд. 

Имрӯзҳо ҳар як коре, ки дар ш.Левакант аз тарафи МИҲД ва шаҳрдорӣ анҷом дода мешавад, тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва дигар воситаҳои электронию матбуоти даврӣ пешкаши сокинон мегардад. Ҳатто сокинони дигар ноҳияҳо низ аз кумакҳои шаҳрдори Левакант бархурдор мешаванд, ки инро надида гирифтан нисбати З. Давлатзода беинсофист!

Ҷ.Муродалиев, 

Мудири бахши умумии назорат ва  муроҷиати шаҳрвандони МИҲД-и ш. Левакант 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter