ХАБАРИ ДОҒ

Зи ғайрат гар яке мардонагӣ кард,

Ту гӯӣ, ҷоҳиле девонагӣ кард?

Магӯ ҷоҳил, ки ҷои ҳайрат аст ин,

Ки беҳ аз оқили бе ғайрат аст ин!!!

 

11.05.2021. Ба бемористони вилоятии водии Кӯлоб ҷавонеро оварданд, бе ёду ҳуш. Дар реаниматсия ҷо доданд. Зеро аз зинда монданаш шубҳа доштанд. Номашро касе намедонист. Баъдан маълум карданд, ки ин ҷавон Сангов Неъмат Рӯзимадович ном дорад…

Ин ном ба ту шинос аст, хонанда? Не? Албатта неъ!

Вале ӯро бишинос: Сангов Неъмат Рӯзимадович, соли таваллудаш 1995,  қаҳрамони Тоҷикистон, қаҳрамони миллат, қаҳрамони даврон ва қаҳрамони матлаби имрӯзаи мост. Ӯро, ки дар духтурхона касе наззора ҳам намекарду баъди шикояти падараш-Бобои Рӯзимад ба газетаи мардумии СССР ва дахолати бевоситаи вазири тандурустии ҶТ, ба шифояш пардохтанд, то ҳамин дам касе на мешинохту на медонист. Зеро Неъмат 1 ҷавони оддии бе корубори кӯлобиест, ки мислаш дар Хуҷанду Хоруғу Душанбеву Ғарму Ҳисор ҳазорон-ҳазор нафар аст. Неъматҳо бе он ки даъвии қаҳрамонӣ кунанд, бори муҳоҷирату мусофирату ғарибӣ мекашанд, то Тоҷикистон гул-гулшукуфон бошад. Онҳо азобу азияти кордеҳу корфармову пулиси русу скинхеду фашистони урусиро тоб меоранд, то хешу ақрабо дар Тоҷикистон нон ёбад, азияти гуруснагиву фақирӣ накашад. Онҳо бори 1 миллатро бар дӯш гирифтаанд, ки воқеан ҳам соате расида, ки дар маркази Тоҷикистон 1 пайкараи бузурги Мардикори Шикамқарор-Гастербайтери Тоҷик гузошта шавад. Вале ин мавзуъи дигарест, ки мо сари он бармегардем….

Ва аммо чаро СССР ба протсеси шифои Сангов Неъмат дахл карду раҳбарияти вазорати тандурустиро огаҳ намуду ӯро Қаҳрамон хонд? Қисса дароз аст. Мо кӯтоҳ мегирем:

11.05.2021. Соат ба вақти Кӯлоб 13:17 дақиқа. Сели даҳшатборе ба ин мавзеъ омад, ки тафсилоташ дар саҳ 8-9 ҳаст. То кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулодда омаданд, ки нисфи кӯчаи маъруфи Куйбешро сел шуст. Лойоба ба кӯдаку пиру барно, зану марду духтару писарбачча раҳм намекарду ҳамаро бо «1 ҷорӯб меруфт». 

Ин ҳангом гузари Неъмат Сангов тасодуфан аз маҳаллаи Хатти Роҳ уфтод. Ӯ дид, ки сел 1 занеро бо чанд кӯдакаш бурда истодааст. 1 сония андеша кофӣ буд, то атфол ва модарашон ба умқи сел рафтаву нопадид шаванд. Неъмат бе он ки дар бораи саломату сиҳҳат ва маргу зиндагонии худ фикр кунад, худро ба лойоба партофт. Тақдири атфол буд, ки Неъмат барин ҷавонмарди ҷасуреро Худо ба он мавзеъ расонид. Неъмат кӯдаконро кашида бадар овард, сипас модарашонро наҷот дод ва дид, ки мардеву чанд кӯдаки дигареро низ сел мебарад. Худро калағут ба даҳшати пурлой ҳаво дод. Дасти мардро гирифту кӯдаконро оғӯш кашид ва…

…Ва дигар чизеро ёд надорад, зеро маҷрои сел, лойу чал, сангу хоро, хасу хоку чӯбу қум ӯро аз пой дароварданд ва дасту пояш сусти фулуст, атфолро ба соҳил партофту…ҳушаш рафт!

Сангов Неъмат дар бемористон ба ҳуш омад. Ҷое, ки касе парвош надошт. Духтуре суроғаш намекард. Ҳама дар такудав. Ин манзара ҳамон лаҳзаҳои филмҳои Голливудро ба хотират наовард, хонанда, ки қаҳрамоне кӯраи заминро наҷот медиҳаду касе ӯро на мешиносад ва на аҳамият медиҳад? 

 Оре, Неъмат, маҳз чунин ГЕРОЙ буд. Ӯ шояд барои ману ту коре накард, вале барои он зану он мӯсафед ва кӯдаконашон Кӯраи Заминро наҷот дод; зеро ин чӣ кӯраи замин аст, агар дар он ман набошам?-ин иддаои ҳар фард аст, ки Путин В.В. андаке дигар кардаву ба Аврупову Амрико ҳушдор дода гуфта буд:

-Ин чӣ Кӯраи Замин аст, агар дар он Россия набошад?!

…Шукри Худо Неъматҳо дар таркиби ин миллати қахрамонзода, қаҳрамонофар, қаҳрамоновар он қадар зиёданд, ки ҳисобаш гум ва шояд ҳамин аст, ки Неъмат Санговро ҳукумати ш. Кӯлоб, Ҳукумати Марказӣ, Ситоди фавқулоддаи Кӯлобшаҳр, ки оҷилан таъсис дода шуд, бо медалу орден чӣ, ки бо 1 раҳматнома ва ё 1 нидои «ҳай боракаллоҳ, ҷавонмард!» сазовор надонист.

…Қаҳрамонҳоро БОЯД қадр кард. Бояд мардумро ба қаҳрамонӣ таҳрик дод. Моҷарои ахирии Ворух ба мо ҳушдор буд, ки Миллатро Бояд Қаҳрамонзода кард! Неъматҳо ҳоло барои ин давлат сахт лозиманд. Зеро миллати қаҳрамон шикастнопазир аст…

Ва аз ҳама охир: Медонед, кӣ худи Неъматро аз чанголи сел, аз чанголи марг, наҷот дод? Нафаре, ки то ҳанӯз шахсияташ номаълум аст. Нафаре, ки ҳатто Неъмат ӯро намешиносад. 1 ҷавон, 1 йигит, 1 қаҳрамони гумноми дигари Тоҷик, ки ҳаргиз, мисли худи қаҳрамони матлаби мо-Неъмат, фикр ҳам намекунад, ки Ӯ ҚАҲРАМОНИ ДАВРОНИ Мост; 

-он ҷавонмарди раҳгузар, ки дақиқан муздур ё бекор ё ҳаммол ё аробакаше будӣ, дид, ки нафареро сел мебарад ва 1 сония дудилагӣ бо марги ахирӣ анҷом меёбад ва хешро бе ягон дудилагӣ ва андешаи ҳифзи сиҳҳату саломатиш ба маҷро партофту дасти ташвири Неъматро, ки бе ҳолу бе мадор гашта буд, бо дастони гирояш сахт қаппид…

 Дуруд бар ту, эй қаҳрамони гумном. Дуруд бар ту эй миллати қаҳрамонпарвар, ки дар таркибат миллион-миллион Неъмат Сангов дорӣ!!! Дуруд бар миллате, ки аз неъмати парвадигор соҳибНеъмат аст!

Мо метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter