ХАБАРИ ДОҒ

Муаллими советӣ ва истиқлолият

  • Чоршанбе, Июн 09 2021

Ҳоло зиёд мӯд шудааст, ки омӯзгори даврони советиро меситоянду муаллими даврони муосирро санги маломат мезананд. Вале боре андешидаед, агар маоши муаллими советӣ, чун омӯзгори муосир ба орду нон намерасид, ӯ ба тамаъҷӯӣ, ришваситонӣ, коррупсия ва лагандбардории мактаб-вазиру раису кабиру тоҷир-бачча даст мезад ё на? Наандешидаед??? Пас биёед сари ин мавзуъ низ биандешем. Мо Метавонем!

Маро ба навишти ин матлаб, сӯҳбати 2 шарикдарси собиқам таҳрик дод, ки Алӣ бар дигарӣ гуфт:

-Ё, Файз, медонӣ, муаллим Н. -собиқ директори мактабамон писари ман А-ро дидаву насиҳат кардааст, ки “Бачам, то метавонӣ муаллим...нашав!”...Дигар писарамро кушӣ ҳам муаллими забони англисӣ намешавад!

Ҳоло муаллим шудан, мисли аскарӣ рафтан ба Қаҳрамонӣ баробар шудааст! Муаллими ҷавонро дар ТВ чунон таърифу тавсиф мекунанд, ки ту гӯӣ ба сохтмони БАМ рӯ овардааст, ё Афғонистон ҷанг рафтанист ва ё чун Ал. Матросов худро ба амбразураи душман партофтааст...

Ва ин дар ҳолест, ки дар даврони шӯравӣ, ки аксарият дастпарвари он айёмем, муаллимӣ онгуна касби пуршараф буд, ки шомил шудан ба Институти педагогии Кӯлобу Душанбе худ шараф будӣ!!! Мутаассуф, ҳоло ҳама макотиби олии омӯзгориро ба хотири пулғундорӣ статуси Университет (Донишгоҳ) додаем, ки хатои маҳз аст. Зеро танҳо институтҳои сирф муаллимӣ метавонанд, омӯзгорони содиқ, пуртаҷруба  ва касбӣ омода кунанд. Ва ин ки “маориф ФУНДАМЕНТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТҲОСТ” ҳоло аз ҷониби касе такзиб нашудааст. Зимнан, агар Ҳукумати марказӣ мехоҳад пояи маориф мустаҳкам бошад, БОЯД универҳоро ба Институт табдил диҳад. Пулро дар дигар самтҳо низ метавон кор кард. Мо метавонем!

 

1 қисса 

Шахсан маро ин қисса сахт ба фикр овард: чӣ педагогҳое доштему чӣ омӯзгороне ҳамакнун дорем:

-Ҷавоне муаллими пирашро дар кӯча дида мегӯяд: -Муаллим, маро дар ёд доред? Охир касбияти Шумо маро педагог кард. Ёд доред, дар синфи 3 мехондему раҳбари синф будед. Он вақт соати 1 “бойбачамон” гум шуд. Онро ман гирифта будам. Шумо чун дидед, касе иқрор намекунад, ки соатро гирифтааст, ҳамаро дар назди тахта ҷамъ овардеду гуфтед, чашмонатонро пӯшед ва кисаҳои моро кофтед. Вақте аз кисаи ман соатро ёфтед, замину осмон сарам чарх заду гуфтам, шармандаам мекунед. Вале Шумои гиромӣ, соатро гирифта, таваққуф накардед ва кисаи дигаронро низ то охир кофтед. Сипас моро шинондед ва соатро бе ҳарфе ба соҳибаш баргардонидеду дарсро давом додед...

...Устод ана ҳамин сирпанаҳии Шумо маро таҳрик дод педагог шавам. Ва боре айни чунин ҳодиса рух доду ман низ аз ҷайби кӯдакони чашмпӯшида, ашёи дуздидаеро дарёфтам ва ҳар гоҳ чашмам ба чашми он дуздак меафтид, медонистам, ки ӯ чӣ фикр дораду чигуна аз ман шарм, вале сирашро мисли Шумо фош накардам. Пас, бигӯед, устод, оё ман шогирди арзандаи Шумоям?

Педагоги пир табассум карда, гуфт:

-Пас он кӯдак ту будӣ??? Намедонистам. Зеро ман низ бо чашмони пӯшида, кисаҳои шуморо мекофтам...

Ин қисса ягон шарҳу эзоҳе наметалабад. Танҳо бояд иқрор кард, ки дар 30 соли истиқлолият бо ҳама дағ-дағаву дам-дамаву ҳангома мо натавонистем, педагогикаи миллиро ақаллан ба сатҳи солҳои 1960-80 баргардонем! Ва касе мегӯяд, баргардиш ба ун солҳо пешравӣ нест, хато мекунад! Дар бисёр маворид, ба вежа соҳаи педагогика, чунин баргардиш пешравист!!!

Ва яке аз сабабҳои касодӣ дар ин самт маоши воқеан ҳам ками муаллимин аст. Бинед, аксарияти кулли ҷавонон ғулом-муздурии русиро бар “касби пуршарафи омӯзгорӣ” тарҷеҳ медиҳанд. Ва ин ҳақиқати талхест, ки ҳар Тоҷики асил БОЯД эътироф кунад. Соате расидааст, ки аз ҳангомаву дағ-даға худро орӣ кунему гӯем, воқеан вазъи педагогика дар кишвари мо таассуфовар аст ва танҳо дар ин сурат мо қадами бузурге ба пеш хоҳем гузошт.

Шавкат Мирзиёев-президенти Ӯзбекистон ҳамин ҳафтаи гузашта, зери амре имзо гузошт, ки маоши муаллимин то 1000 доллари амрикоӣ боло хоҳад рафт. Ӯзбекҳо гуфти бобои Ғулом “хит карданд”, ки бе маоши хуб ришват, коррупсия, порагирӣ ва дар ин бастагӣ бесаводгардонии насли навро наметавон хатм бахшид. Зимнан маоши муаллимро бурданд!

Дар мо низ агар зӯрамон ба 1000 нарасид ба 500-600 доллар дақиқан мерасад. Зеро ин қадар пулу пайсае, ки Маркази Миллии Тестӣ аз мардум мегираду харҷи маориф мекунад, ҳатман ба маоши муаллимин басанда аст. Донишгоҳу Донишкадаву Коллеҷу Литсейҳо бигзор боғу порку варзишгоҳ насозанду хиёбону кӯчаҳоро гулзор насозанд. Онҳо агар сатҳи дониши атфолу наврасону ҷавононро вардоранд, кори ҷонии худро кунанд, бовар кунед, олам гулистон мешавад. Миллиардҳо дона гули шинондаи донишгоҳҳо аз ҳисоби буҷҷаашон зӯр равад дар 6 моҳ мехушкад. Вале агар ин маблағ ба маоши муаллим зам шавад, чашмаш аз тамаъ дур гардад, ришвату пора аз долонҳои маориф дур гардад, заҳмати кори омӯзгор садсолаҳо боғу роғу кӯчаву хиёбонҳои Тоҷикистони азизро нурафшон хоҳад кард.

Бовар дорам, муаллими муосир чун муаллими советӣ маоши арзандаи зиндагонӣ гирад, давлат дар ҳама сатҳ рушд мекунад. 

Мо метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter