ХАБАРИ ДОҒ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Синои ш.Душанбе мақолаи рӯзномаи «СССР»-ро таҳти унвони «Раис гуфт навис-нависро бас кун!» аз 15 апрели соли 2021, №15 (656) ва мақолаи «Сино: барои уқоб постамент гузоред!» мавриди омӯзиш қарор дод.

Зимни он, мутасаддиёни мақомот бо шаҳрванд Нуралиев Ибод суҳбат намуда, муайян гардид, ки Нуралиев Ибод расман дар суроғаи деҳаи Хокалии ҷамоати деҳоти Роҳатии н.Рӯдакӣ ба қайд гирифта  шудааст, ки инро шиносномаи шахсии шаҳрванд таҳти силсилаи А03352247 аз тарафи Шуъбаи №2 ВКД ҶТ дар н.Рӯдакӣ санаи 8.07.2020 дода шудааст, тасдиқ менамояд.

Дар рафти суҳбат Нуралиев Ибод иброз дошт, ки 2 сол пеш ба раиси н.Рӯдакӣ барои надоштани манзили истиқоматӣ ва ҷои зисти доимӣ муроҷиат намудам ва ба ман тавсия дода шуд, ки ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани масъалаи мазкур ба раиси ҷамоати деҳоти Роҳатӣ муроҷиат намоям. Суханони дар мақола дарҷгардидаро раиси ҷамоати деҳоти Роҳатии н.Рӯдакӣ ҳангоми муроҷиат ба ман гуфт. Бояд қайд намуд, ки дар муддати 4 соли охир шаҳрванд Нуралиев Ибод ягон маротиба дар қабули шаҳрвандони раиси н.Сино ҳузур надошт ва бо ариза низ муроҷиат накардааст.

 Вобаста ба мақолаи навбатӣ қайд кардан зарур аст, ки дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ корҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия васеъ ба роҳ монда шудааст ва дар ин самт бояд корҳои зиёде ба анҷом расонида шавад. 

Н.Салимзода, 

раиси н. Синои ш.Душанбе 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter