ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Миллату қавму қабоиле ҳастанд, ки тибқи пажӯҳишоти равоншиносӣ ба гурӯҳи занмизоҷ, ё худ модарсолор шомиланд. Россия аз чунин давлатҳост. Русҳо, ки номи давлаташон низ ба «женский род»-ҷинси занона шомил аст, ҳатто Родинаро низ таркиббандаи занона медиҳанду Ватан-Модар мегӯянд ва ғ. ва ҳ. ва бештар бо зан сару кор доранд. Ҳарчанд Тоҷик ба гурӯҳи қавму қабоили модарсолор шомил набуд, вале тӯли 70-соли шӯравӣ ана ҳамин занпарастӣ, модарсароии урусӣ, ба адабиёти мо, сипас ба атвору хислати мо реша давонид ва миллате, ки роду падежи занона надошт, занпарасту модарсарой гардид ва ба назар мерасад, ки ин раванд ҳич гоҳ ислоҳ намешавад. Рӯиҳамрафта, раванди гендерпарастии мӯдшудаи амрикоӣ боз ҳам зери решаҳои бегонапарастии мо об рехту коре шуд, ки дигар ҳама мебинему мешнавему мехонему тамошо мекунем: 

-шабу рӯз ин миллат модар гуфта, нола мекунаду ҳатман нависандаи ин сутур низ мавриди интиқоду мазаммат қарор мегирад. 

Вале пеш аз он ки маро санги маломат занед, матлабро то охир хонед, ин ҷо баҳс сари Модару Модарноманависиву Очагӯиву нолаҳои Очамой нест. Сӯҳбати мо сари ПАДАР аст. Вожае, ки мисли соҳиби ин унвон аз маҳфилҳои мо ронда шудааст...

Модарро ҳатман бояд дӯст дошту иззат гузошт! Ин аксиома аст. Вале ризқу рӯзирасони оиларо набояд паси дар кард. Мо метавонем!

Падари Тоҷик воқеан ҳам қаҳрамон аст! Шумо 1 мисоли дигар оред, ки аврупоӣ ё амрикоӣ ё хитоӣ ё ҳиндуе ҳудуди 30 сол гастербайтеру ғариби ихтиёриву дарбадару ғулому муздур бошаду ин ҳама заҳматро танҳо барои фарзанд кашад;

-То фардо писараш соҳиби маълумоти хубу олӣ шавад;

-То духтараш бо сари баланд шавҳар кунад;

-То фарзандонаш азобу азияти гуруснагӣ, бараҳнагӣ, ниёзмандиро накашанд;

-То занаш серу пур бошаду куртаҳои рангобаранг пӯшад;

-То хонаву даре бино кунад, ки мардум дидаву ангушти ҳайрат бигазанд;

-То буҷҷаи кишвар тиҳӣ нашавад…

Ва садҳо «То…»-и дигар.

 Падари Тоҷик имрӯз тамоми азобу азиятро мебардорад, то фарзандаш 1 зиндагонии сазовор дошта бошад. Ва дар миёни беш аз 1 млн муҳоҷири кор, ҳатто 0,1% мардонеро наметавон пайдо кард, ки рафтаву аз зану фарзанд рӯ тофта бошанд. Ин 0,1% низ ҷавонони имрӯзаанд, ки ишонро интернету равандҳои ғарбгароӣ оиласитез кардаанд. Тоҷики асил дар 2 дунё аз фарзанд рӯ намегардонад. Оре, ҳаст мавориде, ки аз зан ҷудо мешаванд. Ин протсеси табиист, вале ҳич гоҳ фарзандро хор намекунанд ва ҳамеша ба ишон кӯмак мерасонанд. Зеро ин аз фарзияти нонавиштаи равониву психологиву исломии ҳар 1 Тоҷики мард аст!

Ва аммо дар бораи 1 млн муҳоҷири кор сухан кардаву миллионҳо ҷавонмарди дигари Тоҷикро набояд фаромӯш кард, ки дар худи Тоҷикистон бо 1001 озу ниёз пул меёбанд, то ишками фарзанд гурусна намонад. Ин дар мо-Тоҷикон кори усулии ҳар мард аст-хӯрондану пӯшонидани аҳли байт. Дар хориҷа, ҳу, ҳамон Ғарбу Шарқе, ки бархе тақлид мекунед, ин амал ба 1 қаҳрамонӣ баробар аст! Зеро амрикоиву олмониву фаронсавӣ ва хитоиву ҳиндуву ҷопонӣ ҳич дар фикри шикаму донишу хӯришу пӯшишу тӯйу маъракаи фарзанд нестанд. Дур намеравем, ҳамин қирғизу-пирғизи атрофамон низ парвои зану фарзанд надоранду афғону покистониву қазоқу рус низ. 

Маданияти «Шарафи Падарӣ», яъне то рӯзи марг дар фикру андешаи фарзанд будан, танҳо хоси Миллати Шарифи Тоҷик асту андаке ба ӯзбектаборон таъсир кардааст. Дигар ҳич миллате чун Марди Тоҷик фарзандпараст нест! Ва ин маданият аз даврони Ориёнои Бузург обхӯр аст. 

Гунаи мисол, вақте Бобои Ғуломи таърихиву тавсифии мо фавтид, аз худ барои ҳама фарзандон ва ҳатто набераву абераҳояш манзили зист, замин ва хона мерос гузошт; Нафаре, ки дар давоми умри 95-сола, дар 34675 рӯз, ақаллан 1 рӯз,  истироҳат накарда буд. Ва Бобои Ғуломҳо дар таркиби ин миллат миллион-миллион нафаранд. Зеро ҳар марди асилзодаи Тоҷик ҳатман дар фикри фарзанду аҳли ақрабост, на андешаи саломату истироҳату худ.

Дур намеравем, чанде пеш 1 ҷуфти ҷавон ба ман гуфтанд, Марди оила мехоҳад, пас аз тӯй оҷилан Россия равад, зеро барои ояндаи фарзандон (ҳанӯз тӯй накардаанд!) бояд пулу мол ҷамъ оварад. Ба онҳо гуфтам, шумо ҳоло худ кӯдакед, куҷо фикри фарзанду ояндаи онҳоро доред? Посухи ҷавонмард маро ҳайратӣ кард, ки гуфт, «Ояндаи фарзандро аз ин рӯз, қабл аз издивоҷ бояд фикр кард».

Ана ҳамин аст, фундаменти табордории Ҷавонмарди Тоҷик! Ва чигуна ин Мардони фарзонамардро набояд унвони Қаҳрамон надод?

 Ҳар Марди Тоҷик Қаҳрамон аст!!! Мутмаинам, Ҷавонмарде, ки биркаи гастербайтериро бар гӯш ихтиёран задаву барои фарзанд азият мекашад, ҳатман, дар соати лозима, барои оила, зан, фарзанд, диёр, Ватан ҷонбозӣ ҳам хоҳад кард. Зиҳӣ, Марди Тоҷик, ки дар алоҳидагӣ қаҳрамони даврони мост. Зинда бод Падарони мо!!!

PS: Дар Амрико ҳар рӯзи 17 июн чун Рӯзи Падар ҷашн гирифта мешавад! Мо Рӯзи Модар дорем. Пас чаро Рӯзи Падар надошта бошем? Бигзор бошад. 1 рӯзаке, ки гулу пул тақдим накунем ҳам, ақаллан гӯширо вардоштаву гӯем:

-Салом Падар! Идат муборак!!!

Ин корро ҳатман кунед. Зеро ин хоҳиши нафарест, ки Падари Бузургворро аз даст додаву мутаассуф ин корро накарда буд…

Мо Метавонем! 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter