ХАБАРИ ДОҒ

20.07.2021. Ин рӯзро Муфтиёт ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ Иди Қурбон эълон кард. Муборакамон бод!!!

Вале дар саҳифаи интернетии 1 хабаргузории хориҷӣ аз номи сухангӯи ин кумита, 1 ноткаи миннатгузорӣ маро ба навишти ин матлаб таҳрик дод. Хабаргузорӣ гуфтааст, Иди Қурбонро дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ бо олимони соҳаи астрофизика муайян ва мушаххас кардаанд. Дақиқан ишора ба газетаи мардумии СССР аст, ки борҳо навиштем, Тақвими Рамазонӣ ба вақти айусарӣ, субҳонахӯрӣ ва ифтори шом рост намеояд. Зеро ислом дигар чӣ талаб дораду тақвим дигар чӣ мегӯяд. Вале он даъвои мо роҷеъ ба вақту соати Тақвими Рамазон буд, ки ҳар дақиқааш барои 1 мусалмони рӯзадор ба соат баробар аст. Иди Қурбонро бошад, дар тамоми олами исломиву насрониву буддоӣ дар 1 рӯз ҷашн мегиранд ва шарт нест, ки миннат гузориву таъкид созӣ, ки бо ҳамкорӣ бо астрофизикҳо онро муайян кардаанд. 

Ва аммо баҳси имрӯзаи мо сари миннатгузории масъулини ин Кумита ва муфтиёт намеравад. Удабои мо 1 умр миннат мекарданд. Ҳатто қурбонии Исмоилро низ миннат гузоштаанд. Шоире гумном, ки аз фазилати қурбонӣ ва  муҳаббати пайғамбарон фарсахҳо дур аст, бинед, ки чӣ миннате мегузорад:

Эй сабо, аз ман ба Исмоили қурбонӣ бигӯ,

Зинда баргаштан зи кӯи Ёр фарзи Ишқ нест!!!

Парадокси роиҷи зиндагонии рӯзмарраи мо ин аст, ки дар кишвари мо ҳар нафаре, ки кораке мекунад ва барои он коракаш маоши калон ҳам мегираду пораву ришваву ширинкома низ, ҳатман мардумро миннат мегузорад!

Боре 1 гаишник маро ист фармуду баъд сар кард ба миннатгузориеееее…. Типа, агар ҳамин нозири БДА намебуд, олам чаппагардон мешуд. Ин мардак шабзиндадорӣ мекардаасту мо-9 миллион нафар орому осуда ҳамин шаб хоб кардаем!

Нафаре дигар, ки ихтиёран мехост ба марзи Исфара рафтаву аз ворухиён пуштигирӣ кунад, хушбахтона то ба марз мерасад, ки он ҷо тинҷу ором шудаасту ин «шери нар»-ро «обратно» мефиристанд. Ана омада, дар Кӯлоб ҳай воҳима мекунаде…типа агар ман намерафтам, адо, тамом, капут!!! 

Воқеан ҳам дар мавриди марзу марзбониву марздонӣ, бояд коре кард, ки авомунноси камхирад ҳич гоҳ дигар соҳиби силоҳ нашавад. Мо кору бори бархе аз «шербачаҳо»-и Фронти Халқиро фаромӯш накардаем, ки де-факто аслан ҷанг накардаву де-юре бо ғорату куштору дуздии молу маноли шаҳрвандон банд буданд. Ва ин дар ҳолест, ки он афроде бо исломистон воқеан ҷангидаву шалу маъюбу маслуқ шудаанд, ҳаргиз даъвое надоранд; ҳатто даъвои имтиёзу лгот! Таърихро набояд такрор кард. Ба вежа таърихи нангинро! “Буз каму чигӣ-чигиш кам!»-мегуфт Бобои Ғулом. Ва рост мегуфт.

Муллое дигар миллати исломро миннат мегузошт, ки типа ман аз 300 км дуртарак омадаву намози ҷумъаи шуморо мехонам. Чун пурсидам, гуфтанд, дар худи шаҳри N. зани ҷавон гирифтаасту ҳар ҳафта пешаш меравад. Зираке хандиду гуфт, “ин мулло 300 км занакабозӣ меравад, зеро кораш дар ҳамин масҷид асту боз моро миннат мегузорад!”. Рост мегуфт он зирак!!!

Духтуреро ҳам дидам, ки 1 укол мекарду уф кашида, миннат мегузошт, ки агар типа ман набошам ин миллат фано мешавад.

Милиса миннат мегузорад, ки агар ман набошам...

Марзбон миннат мегузорад, агар ман намебудам...

Корманди гумрук, коррупсия, палатаи ҳисоб ва ҳатто омор моро миннат мегузоранд, ки агар ман намебудам, типа ин кишвар фалаҷ мешуд.

Суду прокурор-ку...э-ҳааа дар дами нафаси миннаташон мурғ дар ҳаво табака мешавад, типа агар намебуданд, олам хароб мешуд.

Муаллимон-ку ошкоро меноланду моро миннат мегузоранд.

Санъаткорон, ҳофизон, сарояндагон, раққосаҳо, шоирон, нависандагон, журналистон онгуна миннат мегузоранд, ки типа онҳо набошанд, фарҳангу миллату давлат капут...

Ман маъзарат мехоҳам, вале дар ҷамъияти мо ҳатто фоҳишаву ҷалабу судхӯру коррупсионерҳо миллату давлатро миннат мегузоранд, ки агар онҳо намебуданд...

Кор то ҷое расидааст, ки дар сӯҳбати дилхоҳ раису вазиру бонкир нишинӣ фикр мекунӣ, ҳамин мардакро андаке ҷумбонӣ сутуни осмон бартараф шуда, тири Чархи Фалак бар фарқи Кӯраи Замин фурӯ мепошад...

Парадокс ин аст, ки ҳамингуна миннатгузориро шахсан ман танҳо дар Тоҷикистон дидаам. Ягон урус, ӯзбек, қазоқ, аврупоӣ, амрикоӣ ҳич гоҳ миннат намегузорад, ки фалону бисмадон корро кардаасту мекунад. Зеро барои ин кор ӯ маош мегирад. Маош, ки гирифтӣ, ту муваззафӣ коратро бо сифати олӣ ва саривақтӣ анҷом бидиҳӣ. Тамом ва салом!

Умуман боре андеша кардаед, ки чаро мо-миллати миннатгузор шудаем? Дилхоҳ нафар, ҳатто ҳамин ту, хонандаи ин сутур, оре маҳз туе, ки фикр дорӣ, “наход СМ маро дар назар дошта бошад?”, ту дониву Худо, магар барои кору боре, ки маошат медиҳанд, ҷамъият, халқ, давлат, миллат, хонавода, зану кӯдак ва ё ҳаққу ҳамсояатро миннат нагузоридаӣ? Ещё как гузоридаӣ! Ва агар фикр дорӣ, ки нависандаи ин сутури ҳақир, ин корро накардаам, хато мекунӣ. Ман низ борҳо ину онро миннат кардаам, ки фалону бисмадон корро агар ман намекардам ину он адо мешуд. Зеро ман низ бархоста аз ҳамин ҷамъиятам. 

Вале ба фарқ аз бархе ман ин хатоямро дарк ва фош кардам. Монд ислоҳ шудан. Ту ҳам бо ман бош, хонандаи ман, дарк кун, ки миннат гузоридан барои коре, ки маош мегирӣ, савоб мегирӣ, хайр мекунӣ, ҳаргиз бар нафъи кор нест, ки Худои ману ту сареҳатан дар Китобаш гуфтааст:

-Миннат душмани сахост!

Дарк, ки кардӣ, ислоҳ мешавем. Мо метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter