ХАБАРИ ДОҒ

Ғанӣ аз ҷанги Афғонистон фирор карду Раҳмон барои сулҳ ба Афғонистон рафт...

  • Чоршанбе, Авг 25 2021

 

  

Ашраф Ғанӣ-гумоштаи абарқудратон-Амрико+Англия+Фаронса+Германия+++... НАТО, ба гуфти Бобои Ғуломи таърихиву тавсифӣ “оқибаташ турб” шуд, зеро муттакое дар миёни мардум надошт, чунки марионетка буд ва тақдири тамоми марионеткаҳо ҳам ин аст. Ва агар мисоли зиндатару наздиктаре мехоҳед, марҳамат, сарнавишти Раҳмон Набиев-гумошта, арӯсак, марионеткаи Кремлро ба хотир оред.

07.09.1992. Набиев ҳам аз тарси Толибони маҳаллӣ, яъне наҳзатиён фирор кард. Вале натавонист. Ҳамагӣ 2 мулло, Абдуғаффору Қиёмиддин ва 3 журналисти наҳзатӣ гиребонаш гирифтанду гирифту истеъфояшро имзо кард. Барои президент вақте ҷон азизтар аз Ватан аст, пас ӯ Шараф надорад! Шараф, ки надорад, барои ӯ курсӣ ҳаром аст. Набиев ва Ғанӣ шараф надоштанд. Зимнан аз курсии мансаб барканор шуданд. Гумоштаи абарқудрат ҳам буданд, чун муттако надоштанд дар миёни халқ шармандаи 2 дунё шуданд. .

Барои сари кор мондан, Президент бояд аз халқ ва бо халқ бошад!!! Ман мутмаинам, ки Худо накардаву балое сари давлати мо ояд, бо 1 ишораи Президенти ҶТ халқ, миллат, давлат сари по мешавад. Сухан сари Армия ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ нест дигар. Зеро агар муҳим силоҳ, артиш ва дилу гурдаи ҷангиён будӣ, аз Армияи Афғонистон пурқуваттар артиш дар қораи Осиё нест ва аз муҷоҳидини афғон ҷасуртар ҷангӣ дар ин арзу тӯл набошад. Вале сухан ин аст, ки 1 сарбоз нахост аз арӯсаки Амрико-Ашраф Ғанӣ пуштӣ гирад. Ва агар Амрико 20 неву 200 сол ҳам дар ин кишвар мемонд, оқибати Ғаниҳо ана ҳамин мебуд: 

-Президенте, ки халқ ӯро интихоб накардааст, оқибаташ ана ҳамин аст...

Ва акнун баргардем сари парадокси роиҷ. Хонанда ёд дорад, ки охири соли 1996, вақте Нурӣ ба Аҳмадшоҳи Масъуд гуфт, Эмомалӣ Раҳмонов-президенти вақти ҶТ ҳаргиз ба Хусдеҳи Афғонистон наояд, зеро муҷоҳидини тоҷик савганд хӯрдаанд, ӯро мепарронанд,  Аҳмадшоҳ, Раббонӣ ва тамомии вазирони қудратии Тоҷикистон аз парвози Президент садд гузоштанд. Аҳмадшоҳ ҳатто гуфт, агар ҳодисае вуқуъ омад, масъулият аз сараш соқит аст. Ин ҳушдор не. Ин таҳдид не. Ин воқеияти комили террори ӯ буд!!! Вале Эмомалӣ Раҳмонов рафт!!! Зеро барои лидери миллат амнияти миллат болотар аз ҷони худи ӯст. Рафт. Тасхир кард бо ҷавонмардияш ва дар таърихи 27.06.1997 ба кишвараш Сулҳ овард...

17.08.2021. Соат ба вақти Душанбе 20:47 дақиқа. Гулчеҳра Яфталӣ-афғондухтари сокини Голландия, Зуммай-афғонистонии сокини Белгия, ба ман мегӯянд, “мо-афғонҳо ҳама чиро доштем, вале 1 лидер, 1 пешво, ба ҳадди нисфи ҳиммати ҷавонмардии Эмомалӣ Раҳмон на, вагарна, кайҳо бар Толиб ҳам зафар меёфтему кишварамон низ дар амну осоиш ба сар мебурд”. Ин гуфтаро хурд нагир, хонанда. Ин суханро афроде мегуфт, ки 2 триллион доллари амрикоӣ муфт болои кишварашон рехтаасту хунрезӣ 1 лаҳза қатъ намегардад...

15.08.2021. Фирори Ғанӣ кори саҳлу сода ва шикасти 1 фарду 1 кабинет нест. Ин шикасти проекти лже-демократияи ғарбист. Ин шикасти бесобиқаи Амрико ва муттафиқинаш дар ин набард аст! Ва ман зиёд мехоҳам ба чашмони ун нафароне, ки аз “озодии ВАО ва озодии проамрикоӣ дар Афғонистон” табли нишот задаву журналистикаи Тоҷикро муттаҳам мекарданд, бингарам, ки дар умқи чашмони грантхӯрдаашон оё шарму ҳаё ҳаст ё на?

Амрико ва НАТО, ки ба даъви шикасти Толибон ба Афғонистон ҳуҷум кардаву 20 соли расо дармонда, беш аз 1 трлн доллар ва ҷони чандин солдати бечораро харҷ карданд, ахиран варшикаста шуданд. Ва бигзор Ҷо Байден баҳонаву тарона хонад, ки Армияи Амрико аз Кобул ғолиб бадар рафт. Вале ман ҷонибдори Майк Помпео (англ. Michael Richard «Mike» Pompeo), собиқ садри Госдепи ИМА ва собиқ роҳбари СРУ мебошам, ки ҷони гапро гуфт:

-Америка дар ин ҷанг ноком шуд!!!

Офтобро бо доман пӯшида намешавад. Зеро барои қатли 1 Бен Ладен (оё кушта шудааст-мӣ???) ин қадар сарсонӣ чӣ лозим буд, ки Амрико ин рӯз мегӯяд, мақсадаш ҳамон нафар будӣ. Ва агар қатли Бен Ладен охири миссия буд (02.05.2011. Аботободи Покистон), пас чаро 10 соли дигар дар ин сарзамин монд? Мо-ку фаромӯш накардаем, ҳадафи Амрико ва ваъдаи Буш “маҳви ҷумбиши Толибон” буд.

Ва агар бо нимабадаршавии НАТО аз Афғонистон (11.09.2021, аккурат бо рақами рамзӣ бояд онҳо пурра хориҷ мешуданд), ин кишварро бидуни талафоти 1 нафар (!!!) Толибони нимаурёну нимамусаллаҳ пурра гирифтанд, пас Байден дар хусуси кадом пирӯзӣ ҳарф мезанад?

Дислокатсияи конфликт. Шояд ҳадафи Амрико ҳамин аст? Пас инро рӯирост бигӯяд ва журналистони стротеги Тоҷикистон, ки аз номи раддаи пеши мақомоти қудратӣ дар долонҳо сӯҳбат мекунанд, роҷеъ ба пешниҳодоти хеш дар бораи бунёди Кобул-2 ва овардани афғонҳои миллионер рӯирост нависанд, ки мақсаду ҳадафашон чист? Хоса дар мавриде, ки Иттиҳоди Аврупо (хонда шавад НАТО ва Амрико) баъди чунин пешниҳодоти густохона, аҷала афғонҳоро аз Аврупо пеш мекунанд ва амр медиҳанд, ки “ҳамсоякишварҳо дарҳои худро ба рӯи гурезаҳо набанданд!”. 

Парадокси қисса ин ҳам ҳаст, ки фарзи мисол дар Латвия ва Литва ана ҳамин гурезаҳоро дар марз мепарронанду моро маҷбур мекунанд, дарҳоямонро кушоем ва стротегҳое пешниҳод доранд, ки барои онҳо шаҳрҳои алоҳида созем. Абсурди “пешниҳоди стротегӣ” ин ҳам ҳаст, ки агар мо тоҷикони Афғонистонро ин сӯ гузаронему Кобулҳо бунёд кунем, бар коми дили Толиб аст, ки ҳадафашон поккории Афғонистон аз Тоҷикон мебошад, на ягон чизи дигар. Ва агар “стротегҳо” инро намедонанд, вой бар ҳолашон, вале агар дидаву дониста замини поки аждодиро барои кӯчиҳои паштун холӣ карданиянд, вой бар ҳоли миллат...

Мо Метавонем!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter