ХАБАРИ ДОҒ

Истиқлолият ва мустақилият

  • Чоршанбе, Сен 01 2021

Ман бисёр умед дорам, ки 3 сол баъди ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Тоҷикистони азиз, таҷлили 100-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаромӯш намекунад!!!

Ҷумҳуриҳои Назди Балтика ин сол 30-солагии истиқлолиятро ҷашн гирифтанд. Вале бо дигар шева. Ин ҷашнро онҳо бозгардонии мустақилият ном мебаранд. То ба умқи ин маънӣ нафароем, истиқлолияти мо овезон аст…

Парадокси моҷаро ин аст, ки Истиқлолият, худ ба маънии дубора озод шудан аст, агар ман хато накунам. Яъне чӣ? Яъне то 09.09.1991, то соати саъди имзошавии Декларатсияи соҳибистиқлолӣ низ, мо вуҷуд доштем, мо будем, мо мустақилияти давлатии то пайвастан бо шӯравӣ доштем, давлат доштем, сохту сози давлатдорӣ доштем. Ва он кай сар мешаваду то кай буд ва кадом вақт дар тобеияти СССР даромад, акнун ин кори машинаи идеологии давлат ва ба гуфти Бобои Гулом “пачка-пачка таърихшиносон” аст, ки ёбанду собит кунанду мӯҳру васиқааш гузоранд.

Ман танҳо ба Академияи илмҳо ва куллияи технократҳо расониданиям, ки миллату давлате, ки то соли 1991 арзи вуҷуд надошт, наметавонад истиқлолият ба даст оварад. Ё нотӯғрӣ-мӣ, муҳтарам технократҳо???

Имрӯз, дуруст аст, арзу тӯли кишвари мо аз ҳамон мӯҳру васиқаи ленино-сталинӣ маншаъ мегирад ва ба соли 1924 мефарояд. Пас, ҳадди ниҳоӣ, давлати мо, ақаллан 97 сола бояд бошаду сипас Истиқлолиятамон 30-сола. Ин мантиқи таърихист ва Алифбои технократияи давлатсозӣ.

    Ман низ медонам, ки давлатдории мо ҳадди ақал таърихи 6 ва ҳадди ниҳоӣ 7 ҳазор сол дорад. Зеро вақте Тоҷик давлат дошт, аъроб шири шутур мехӯрду ақвоми гирду паҳно қумиз ва ширчой ва соате Тоҷик кушку коху шаҳру деҳ дошт, хаймаҳои таппакбунёд қасри шоҳонаи аксарияти қавми степнишин будӣ. Воқеан ҳам, ҳоло ин мардум онгуна нозук шудаанд, ки мо агар перомуни маданияти 7000 солаамон ҳарф занем, меранҷанд, хафа мешаванд, гиря мекунанд. О, магар мо-Тоҷикон гунаҳкорем, ки ҷадди офаранда ва оваранда доштем, на ширишутурхӯр?

Авасто ба танҳоӣ китоби динӣ нест, он таърихномаи миллати мост. Ва агар касе намедонад, арабҳои бадавӣ (на мусалмон) бо Авастову Зардуҳушт маҳз барои Тоҷик будану ақл доштану хирадманд будану таърихи давлатдории мо шуданҳояшон ҳарбу зарб доранд. Вагарна кофире, ки Чингиз буд, касе набуд, аммо ӯро ҳаргиз “муллои недоуче” чаққа намешавад! Вале ин мавзуи баҳси тамоман дигар аст...

 Озодӣ, ки мо бештар бо вожаи арабии Истиқлолият ёдаш мекунем, аслану усулан моли ориё, аждоди мо буд. “Озода” куният, тахаллус, лақаби падаронамон аст. Аз Фирдавсист:

Бихуфтанд туркону ОЗОДАГОН,

Ҷаҳон шуд ҷаҳонҷӯйро ройгон...

   Озода гуфта Тоҷику эронӣ-ориёиро дар назар дорад. Яъне ин ҳама исботи фарзияи мост, ки то ва пеш аз 30 қабл низ мо давлату миллати озод ва озода будем. Такрор ҳам шавад мегӯям, акнун фурсате расида, ки технократҳо ин давлатдориро тақвият кунанд. Вагарна чигуна мешавад, Кӯлоб 2700, Ҳисор 3000 ва Саразм 5000 сол дошта бошаду давлатамон на??? Парадокс? Оре. Парадокси бутун, ки далел мехоҳад. Мо Метавонем!!!

Мо набояд фаромӯш кунем, дар ҷаҳони муосир давлатҳое боқӣ мемонанд, ки таърихи тӯлонитар дошта бошанд. Ин давлатҳоро мешавад барои 70, 80, 100-200 сол нест кард. Вале боз мерӯянд! Ҳатто баъди 1001 сол. Далел мехоҳед? Марҳамат. Исроил!!! Ва агар фан-клуби исломӣ худро 1001 пора ҳам кунаду Эрони охундиву Фаластину Лубнон 500 соли дигар онро ба расмият нашносанд ҳам, Исроил вуҷуд дорад ва ещё как вуҷуд дорад! Дабдалаи куллияи давлатҳои арабро баровардан дорад! Ва арабҳо ҷои истиқлолиятхоҳии Фаластину Ғазза пулу молу колои худро барои вайрон кардани ҷаҳони исломии ғайри араб-Покистону Афғонистону Ирону...кишварҳои ОМ равона мекунанд. Зеро медонанд, ки бо давлати Исроил набард бе фоида аст. Зеро истиқлолияти қавми яҳуд, давлати яҳуд, Исроил дар майнаи қавми ҷуҳуд аст ва он ҳазорсолаҳо таърихчае дорад, давлате дорад, миллате дорад, таърихнигорон дорад, технократҳо дорад...

А, мо бошем, ҳоло таърихчаи давлатдории худро дар чаҳорчӯбаи 1924-1929-1991 пурраву комил наомӯхтаем. Хотиррас мешавам, ки тамомии кашмакашҳои марзии мо ба харитаи ҳамин солҳо бастагӣ дорад. Фарзи мисол, аз рӯи ҳамин харитаи соли 1924 мо қирғизакони ловатанро ба ҷояшон бояд шинонем. Зеро мутаассуф, таърихи моро технократҳои мақдуниву арабиву туркиву муғулӣ то ҳамин соли 1924 ба пуррагӣ маҳву несту нобуд кардаанд. 

100 сол ҳам гузашта бошад, мо-Тоҷикон бояд ба Бобои Сталин раҳмат гӯем, ки ахиран харита, контур, географияи давлати имрӯзаи моро кашидаву дар хазинаи СССР маҳфуз кардааст. Вагарна бо мушт бар ҳаво задану фукро ба осмони 7-ум  харошиданҳо намешавад. Агар мешуд, Барселона ким-кай озод будӣ!

 Таърихнигорони “худӣ” бошанд, ба вежа дар даврони Истиқлолият, китобҳои таърихамонро барои мактабҳои миёна, онгуна навиштаанд, ки бо микроскоп ҳам кобӣ, номи 1 шоҳ, бек, амир, волии тоҷикро дар ин маҳдуда намеёбӣ. Аз чунин китобҳои таърихӣ набуданаш беҳтарак аст-гуфти ҳамон Бобои Ғуломи таърихӣ ва тавсифӣ.

Ва аммо бе шакку шубҳа таърихи 100-соли ахири мо, барҳақ бо паспорти он, яъне Конститутсияи нахустинаш, барои ҳазорсолаҳо дар ЗАГС-и таърихи башарӣ сабтином шудаасту бояд таҷлил гардад ва он чунин аст:

14.10.1924. РАСС Тоҷикистон, пойтахташ Дюшамбе, ташкил шуд. 

02.01.1925. Дар ҳайъати он ВМКБ таъсис ёфт. 

Аҳолии РАССТ 739.503 нафар, территорияаш 143 100 (1929) км². 

29.04.1929. Сарқонуни республикаи автономӣ қабул шуд. 

16.10.1929. РСС Тоҷикистон ташкил ёфт.

Аҳолӣ-5,108,576 (1989)

Территория-143,1 ҳазор км²

 05.12.1929. РССТ чун республикаи комилҳуқуқ ба ҳайъати СССР ворид шуд. 

09.09.1991. Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол шуда, аз ҳайъати СССР, ки аллакай вуҷуд надошт, баромад ва Шукри Худованд, Эмомалӣ Раҳмонови ҳамагӣ 40-сола ин кишвари комилан маҳвшударо аз варта наҷот дод ва имрӯз Тоҷикистони азиз, таҳти сарпарастии ин марди шуҷоъ, давлатсоз ва миллатпарварда, ба яке аз кишварҳои зеботарин, оромтарин ва амнтарини қораи Осиё мубаддал гардид. 

Истиқлолияти давлатӣ, Озодӣ бар Озодаҳо муборак! Мо Метавонем!!!

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter