ХАБАРИ ДОҒ

Истаравшан: сохтмон бе иҷозат оғоз шудааст

  • Чоршанбе, Сен 08 2021

МИҲД ш.Истаравшан маводҳои нашргардидаи ҳафтаномаи СССР таҳти унвони “Истаравшан: соҳибкорон гузаронданд” ва “Истаравшан: биноҳои замонавӣ” баррасӣ карда, иттилоъ медиҳад, ки Одинаи Ҷумъазод дар мақолаи худ “Истаравшан: биноҳои замонавӣ”, бинои истиқоматии сохташавандаи хиёбони Исмоили Сомонии шаҳрро таъкид намудааст, ки гӯё оянда барои истиқоматкунандагон саҳни бино пешбинӣ карда нашудааст.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи генералии ш.Истаравшан, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.05.2013, №200 тасдиқ шудааст, ба соҳибкор Бобоҷонов Акмал дар асоси қарори раиси ш.Истаравшан аз 16.09.2019, №375 қитъаи замин барои сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо дар ошёнаҳои аввал ҷудо карда шуда, бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А №0025260 аз 22.08.2016 №1387 таъмин гардидааст. Лоиҳаи бинои сохташаванда аз ҷониби ширкати лоиҳакашии “Меъмор М”-и ш.Душанбе таҳия гардида, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ аз 29 июни соли 2017, №190/17/190 гузаронида шудааст. Ҳамзамон, иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ аз 30 июни соли 2017, №19-ро доро мебошад. Аз ин лиҳоз иншооти мазкур дар доираи қонунгузории амалкунанда ва талаботи меъморӣ бунёд шуда истодааст.

Дар хусуси мақолаи омӯзгор Эҳром Раҷабов оид ба “Истаравшан: соҳибкорон гузаронданд” бояд қайд намуд, ки муаллиф дар мақолаи худ зери парда ибрози назар карда, аз мавзеъ ва шахсияти муайян сухан накардааст. Новобаста аз ин омӯзиши масъала нишон дод, ки сухан дар бораи деҳаи Қалъаи Баланди ш.Истаравшан ва соҳибкори маҳаллӣ Додобоев Кенҷабой меравад.

Воқеъан, аз ҷониби соҳибкор ва бародарони ӯ дар деҳаи мазкур синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №63, майдончаи варзишӣ, маркази саломатӣ ва табобатӣ, инчунин дигар иншоотҳо бунёд шуда, барои сокинон хизмат расонида истодааст.  Зимнан, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти азхудкунии молу мулк, баъзе номгӯи молу мулки давлатӣ ба моликияти шахсӣ табдил дода шуда, ободонӣ ва дар оянда корбарии он ба соҳибмулк вобаста карда шудааст. Дар асоси қарори раиси ш.Истаравшан аз 17.06.2013, №405 ба соҳибкор Додобоев Кенҷабой қитъаи замин барои сохтмони бинои чойхона, тӯйхона ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷудо карда шуда, бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 31.07.2013, №11491 таъмин карда шудааст. Вале, номбурда бе иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла сохтмони чойхона, тӯйхона ва нуқтаҳои хизматрасонӣ корҳоро оғоз намудааст. Бинобар ин, аз ҷониби кормандони бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр амрнома барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва мувофиқа намудани он бо мутахассисон дода шудааст. Дар натиҷа сохтмони бино тибқи лоиҳаи нави тасдиқгардида рӯзҳои наздик оғоз мегардад.

Дафтари матбуоти раиси ш.Истаравшан

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter