ХАБАРИ ДОҒ

Суғд: 30 соли субот, созандагӣ ва рушд!

  • Чоршанбе, Сен 15 2021

 

 

(Сӯҳбати ихтисосӣ бо Раҷаббой Аҳмадзода - Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 - Муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, нахуст иҷозат диҳед, Шумо ва дар симои Шумо тамоми сокинони Суғди нозанинро бо ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гӯям.

- Сипоси фаровон! Дар навбати худ ман, аз номи сокинони вилояти Суғд тамоми тоҷикистониёнро бо ин шарафи бузург, бо ин ид, ҷашнвора, дастоварди беназир, яъне 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям. 

- Сипосгузорем! Зимнан Шуморо боз ҳам ба муносибати шарафёб гардидан ба мукофоти давлатӣ – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ки онро бевосита худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо тақдим намуданд, самимона шодбош гӯем. Муборак бошад!

- Ташаккур! Ин қадрдонии танҳо ман нест, балки қадрдонии тамоми мардуми заҳматкаши вилояти Суғд аст, ки дар паҳлӯи давлату ҳукумат ва Сарвари муаззамамон истода, барои ободиву зебоӣ ва шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо шабонарӯзӣ талош мекунанд. Ба мардуми вилояти Суғд муборак бошад!

  

7577 иншоот тайёр!

- Муҳтарам раис, саҳми мардуми вилояти Суғд дар тараққиёти Тоҷикистони азиз назаррас аст ва дар бораи ин газетаи мардумии “СССР” борҳо навиштааст. Дар пасманзари даъвати Президенти мамлакат дар мавриди авҷи корҳои бунёдкорӣ, бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасмим гирифта буданд, ки наздики 6000 иншоот бунёд гардад. Супориш ва тасмимҳо оё иҷро шудаанд?

- Бале, на танҳо иҷро, ки меъёр ё худ нақшаҳои гирифташуда барзиёд иҷро гардида, иншооти наве сари он зам шуданд. Дар ҷамъ, ҷои 6000 иншоот мардуми ободкори вилоят  7577 адад иншооти ҷашнӣ бунёд карданд.

Сипос аз мардуми ободкору ватанпарасти Суғд, ки дар ин маъракаи муҳим тайи 3 соли охир дар паҳлӯи ҳукумату давлат буданду дар баробари мақомоти  маҳаллӣ даст ба амалҳои бунёдкоронаву созанда заданд. Ин аст, ки теъдоди иншооти ба нақшагирифта дар 1 соли охир то ба 1557 адад зиёд гашт. Бояд гуфт, ки дар ин радиф дар умум дар миқёси вилоят 106 муассисаи томактабӣ, 370 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 56 китобхона, 57 клуб, 27 боғи фарҳангиву фароғатӣ, 36 гулгашт, 75 беморхона, 120 бунгоҳи тиббӣ, 86 маркази тиббӣ, 20 таваллудхона, 93 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 109 дорухона, 216 сартарошхона, 109 ҳаммом, 147 кошонаи ҳусн, 444 маркази савдо, 590 маркази хизматрасонӣ, 114 толори варзишӣ, 258 майдончаи варзишӣ, 94 майдончаи бозии кӯдакона, 48 меҳмонхонаи нави замонавӣ, 291 корхонаи нави саноативу истеҳсолӣ ва 411 иншооти дигар бунёд, азнавсозӣ ва таҷдид гардиданд. Умедворам, ки дар ин муддат тавонистем то ҷое мушкили сокинони шаҳру навоҳии вилоятро дар самти дастрасӣ ба мактабу маориф, тандурустӣ, истироҳату фароғат ва ҷойҳои нави корӣ ҳал карда бошем. Албатта, ин охири кор нест, балки оғози кор аст!

 

650 корхона ва 191 номгӯи маҳсулоти саноатӣ

  - Тавре Шумо зикр намудед, вилояти Суғд яке аз минтақаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ ба шумор рафта, дар пешбурди ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонии кишвар нақши муҳим мегузорад. Дар умум Шумо ба амалиёбии ин раванд дар вилояти Суғд чӣ гуна баҳо медиҳед? 

  - Шумо дуруст қайд кардед, соҳаи саноат асоси инкишофи иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб рафта, тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли 2020 дар қаламрави вилоят 650 корхонаи хурду калони саноатии дорои шаклҳои гуногуни моликият фаъолият доштанд. Феҳрасти маҳсулоти асосии саноатӣ зиёда аз 191 номгӯи маҳсулотро дар бар мегирад. Аз соли 1991 то имрӯз шумораи корхонаҳои хурду калони саноатӣ  531 адад зиёд шуда, танҳо дар соли 2020 дар вилояти Суғд ба маблағи 15 млрд. 401,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2010 панҷ маротиба зиёд мебошад.

Лозим ба таъкид аст, ки тӯли солҳои охир дар соҳаи саноати вилоят як силсила корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо ҷойҳои нави кории ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба истифода дода шуда, дар ин замина истеҳсоли номгӯйи маҳсулоти асосӣ зиёд гардида, имконияти боз ҳам зиёдтар истеҳсол намудани маҳсулоти воридотивазкунанда муҳайё гардидааст ва ба ин васила ба диверсификатсияи истеҳсолот замина гузошта шуда истодааст. Ба назари ман дастоварди бузург барои саноатчиёни вилоят ин ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот, ба  монанди дару тирезаҳои пластикӣ, лӯлаҳои обгузари пластикӣ, семент, рангҳои сохтмонӣ, шиша, оби газноку афшураҳои гуногун мебошад, ки воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар сол аз сол кам гардида истодааст. 

Исботи гуфтаҳои ман - ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда, аз ҷумла, дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 6 моҳи соли 2021 дар миқёси вилоят 61 корхонаву коргоҳҳои нав бо 475 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Кор дар ин самт идома дорад.

 

Равобити иқтисодӣ бо 60 кишвари дунё

 - Вилояти Суғд имрӯз бо кадом кишварҳои дунё ҳамкории тиҷоратӣ дорад ва бештар кадом навъи маҳсулот содироту воридот мешавад?

- Вилояти Суғд айни замон бо зиёда аз 60 давлати ҷаҳон муносиботи иқтисодии тиҷоратӣ дорад. Равобити иқтисодии берунии вилоят сол аз сол густариш меёбад ва имрӯз бо Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Хитой, Беларус, Қирғизистон, Швейтсария, Литва, Латвия, Грузия, Хорватия, ИМА, АМА, Италия, Корея, Туркия, Ветнам, Британияи Кабир ва Эрон муносибатҳои тиҷоратии хуб  дорем.  

Агар солҳои гузашта намудҳои асосии маҳсулоти содиротӣ ин маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсули коркарди он, аз ҷумла маҳсулоти пахтагӣ, меваи хушк, консервагиҳо ба шумор мерафт, пас солҳои охир сохтори содироти вилоят куллан дигаргун шудааст. Ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла семент ва консентрати маъдан бо суръат зиёд шуда, дар маҷмӯъ, наздик 70% ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳад. 

Номгӯи маҳсулоти асосии воридотӣ тадриҷан коҳиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда роҳандозӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, воридоти орд, равған,  масолеҳи бинокорӣ, семент сол аз сол кам шуда, барои истеҳсоли орд гандум ворид гардида истодааст. Ҳамзамон, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизоти технологӣ, маҳсулоти нафтӣ ва чӯбу тахта маҳсулоти пурра воридотӣ маҳсуб меёбанд.

Вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва содироти бештари маҳсулот дар ҳудуди вилоят зиёда аз 20 корхонаи коркард ва банду басти меваи хушк таъсис ёфта, маҳсулоти онҳо ба хориҷи кишвар содирот шуда истодааст. Тайи солҳои 2010-2020 якчанд корхонаҳои саноатии хурду бузург ба истифода дода, ба таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар соли 2020 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба 1 млрд. 667,6 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2010   1,8 маротиба зиёд буда, содирот 353,8 млн. доллар ва воридот 1313,8 млн. долларро ташкил медиҳад. 

 

Муҳоҷират ва муваффақияти сокинони Суғд

   - Муҳтарам Раис, дар зимн, муҳоҷирати кории сокинони Суғд ба хориҷа, ба вежа Россия низ назаррас аст?

  - Раванди муҳоҷирати кор натанҳо хоси як ё чанд давлат аст. Тамоми кишварҳои олам ба мигратсияи меҳнатӣ сару кор доранд. Ҳатто кишварҳое ҳастанд, ки усулан сарвати онҳо, дастони кории онҳост. Мисли Бангладеш, Ветнам, Никарагуа, Сингапур ва ҳатто Чин. Медонед, танҳо истиқлолият ба мо имкон дод, то сокинони худро ба муҳоҷирати корӣ фиристем ва зимнан ба назари мо хеле як раванди бегона ва дар баъзе ҳолатҳо манфӣ менамуд. Дар асл чунин нест! Истиқлолият ба мо имконият ва шароити бештар фароҳам овард, ки ба хориҷаи дуру наздик ба кор равем, ба таҳсил равем, барои дарёфти зиндагонии шоистатар талош кунем. 

Имрӯз муҳоҷирони кории вилояти Суғд ба дастовардҳои бузурге ноил шуда истодаанд. Даҳҳо тан дар хориҷ аз кишвар миллионер, мулт-миллионер шудаанд, садҳо тани дигар соҳиби корхона, заводу фабрикаанд. Ҳазорон тани дигар кори шоиста доранд. Ва медонед дар ин гирудор чӣ хушбинкунанда аст? 

- Не, вале мехоҳем аз Шумо шунавем...

- Ман ҳатто 1 сокини вилояти Суғдро намедонам, ки дур аз ватан шудаву бо он набошад! Имрӯз, дар раванди корҳои созандагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият садҳо тан аз муҳоҷирони кор, ки дар хориҷ аз кишвар соҳиби пулу мол шудаанд, паҳлӯи Ҳукумати марказӣ истода, ба бунёдкорӣ машғуланд. Онҳо, варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, мактаб, кӯдакистон, корхонаҳо месозанд. Ин кори онҳоро дида, маро бевосита мисраъҳои шоир ба гӯш мерасанд:

Бе ватан нест, ғарибе, ки кунад ёди ватан,

Дар ватан будаи бе ёди ватан беватан аст!!!

Ман, чун раиси вилоят, бо муҳоҷирони кории дар хориҷбудаи вилояти Суғд доимо робитаву ҳамкорӣ дорам, ки ҳаргиз бе ёди Ватан нестанд!

 

1218,46 км роҳҳо таъмир гаштанд

   - То ҷойе хабар дорем дар самти таъмир ва мумфарш намудани роҳҳои аҳамияти стратегӣ дошта ва байниноҳиявиву байнидеҳавӣ дар вилоят корҳои хеле назаррас анҷом дода шудаанд. Оё гуфта метавонед, ки дар умум чанд километр роҳ аз таъмири капиталӣ бароварда шуду арзиши умумии таҷдиди роҳҳои аҳамияти старегӣ дошта чӣ миқдор аст?

- Бале, дар доираи Барномаи вилоятии “Роҳҳои обод» давоми солҳои 2014-2020 дар миқёси вилоят 1218,46 км роҳҳо пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Ин роҳҳо ҳам роҳҳои байниноҳиявӣ ва низ байнидеҳавӣ мебошанд.  

Таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ ва сохтмони  нақби Шаҳристон, ки он ҳам самараи истиқлол аст, бо арзиши 296 млн. доллари  ИМА аз  ҷониби  Корпоратсияи  сохтмони роҳ  ва кӯпрукҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой ба масофаи 354,1 км амалӣ гардида, роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент бо дарозии 112,6 км бо арзиши 115,3 млн. доллари ИМА аз ҷониби Ширкати сохтмонии «Сансиян Бейсин»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой азнавсозӣ карда шуд.

 

70 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ

- Дар баробари вилояти саноатӣ будан, Суғд вилояти аграрӣ низ ба ҳисоб меравад. Дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани бозорҳои вилоят бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ ва содироти меваю сабзавот чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?

- Новобаста аз дигар соҳаҳо соҳаи кишоварзӣ дар вилоят соҳаи афзалиятнок боқӣ мемонад, зеро бо рушди ин соҳа пешрафти соҳаҳои саноати вилоят алоқаманд буда, дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор нақши аввалиндараҷа мебозад. Солҳои охир ислоҳоти комплекси агросаноатӣ идома ёфта, бо таҷдиди корхонаҳои соҳа дигаргунии куллӣ ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа бо назардошти ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ дар вилоят ҳоло наздик ба 70 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ бо шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ фаъолият бурда истодаанд.

Бо андешидани тадбирҳои заруриву саривақтӣ тайи соли 1991-2021 аксарияти номгӯи асосии зироатҳои кишоварзӣ бамаротиб зиёд карда шуд, ки ин омил барои дар амал тадбиқ намудани яке аз ҳадафҳои олии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас дорад. Чунончӣ, тибқи маълумоти оморӣ маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии вилоят дар соли 2020 ба 10 миллиарду 820,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбати нишондоди соли 1991 беш аз 4,1 маротиба ё ин ки 8 миллиарду 211,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давоми 30 соли охир ҷиҳати азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз кишт холимонда бошад, бо иштироки олимони соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шудаанд. Таҳлили нишондодҳои оморӣ собит намуд, ки масоҳати кишти зироатҳои кишоварзӣ аз 256772 гектари соли 1991 ба 278634 гектар дар соли 2020-ум расонида шуд, ки афзоиш 8,5 фоиз таъмин гашта, 21862 гектар зиёд мебошад.

 

10 баробар зиёд!

  - Ҳоло дар қиёс назар ба 30 соли қабл кишти ғалладонагӣ, картошка ва меваю сабзавот имрӯз чӣ гуна сурат мегирад?

- Бубинед, агар соли 1991 майдони кишти ғалладонагиҳо дар вилоят 95538 гектарро ташкил диҳад, пас соли 2020 ин нишондод ба 124003 гектар расонида шуда, нишондоди мазкур дар соли 2020 нисбати соли 1991-ум 1,3 маротиба афзуд. Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо бошад, соли 1991-ум 103285 тоннаро ташкил медод. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ва қабул гардидани Барномаҳои давлатӣ ҳаҷми истеҳсоли ғалла дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар соли 2020-ум 351375 тонна шуда, нисбати соли 1991-ум 3,4 баробар афзоиш ёфт. 

Соҳаи картошкапарварӣ низ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ ба шумор рафта, сол аз сол зиёд намудани майдони кишти он дар назар дошта шудааст. Дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 512,1 ҳазор тонна расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба 20743 тоннаи соли 1991-ум 24,7 маротиба зиёд гардид. 

Тибқи маълумот, дар соли 1991 ҳаҷми истеҳсоли сабзавот 125415 тоннаро дар бар гирифта, ин нишондод соли 2020-ум 561187 тоннаро ташкил медиҳад. Нишондоди истеҳсоли сабзавот дар 30 соли охир 4,5 баробар афзуда, 435772 тонна зиёд мебошад. Тавре мебинед, рақамҳо бозгӯи онанд, ки дар 30 соли Истиқлол истеҳсоли махсулоти агросаноатӣ комилан афзоиш ёфтааст.

Баҳри таъмин намудани аҳолии вилоят бо сабзавоти тару тоза дар фасли тирамоҳу зимистон бошад дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 463 адад гармхонаҳо бунёд карда шуд, ки аз он 287 адад типпи хитоӣ ва 5 адад гармхонаҳои инноватсионӣ мебошад. Ин мусоидат намуд, ки истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо ба 766,6 тонна расонида шуд. Соли 2020-ум кишоварзон 151820 тонна полезӣ истеҳсол намуданд, ки ин нишондод нисбати соли 1991-ум 138563 тонна ё ин ки 11,5 маротиба зиёд мебошад. Танҳо тибқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014 дар майдони зиёда аз 20430 гектар ва 2016-2020 зиёда аз 4800 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шуданд. Давоми соли 2020-ум 139395 тонна меваҷот истеҳсол карда шуд, ки нисбати соли 1991-ум 94672 тонна, ё ин ки 3,1 баробар афзудааст. 

Самараи заҳмати деҳқонони суғдӣ на танҳо растаи бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят, балки шаҳри Душанберо низ орову ғанӣ мегардонанд ва мо аз ин шодем.

 

Ворух аз Тоҷикистон ва дар Тоҷикистон аст!

  - Мутаассуф, солҳои ахир вилояти Суғд дар сархати хабарҳо бо вазъи ноороми сарҳадҳояш бо Қирғизистони ҳамсоя қарор дошт. Имрӯз вазъ чӣ гуна аст?

  - Ҷои зикр аст, ки марзҳои Суғд ҳамеша ором буд, ҳаст ва мемонад! Зеро аз ҷониби сокинони мо ягон бор ягон сарҳадшиканӣ нашудааст ва намешавад. Чунки тавре маълум, дар Тоҷикистони азиз 100% қонун амал мекунад, ҳукумат фаъол аст, аз ҳар гуна бетартибиву бенизомӣ ҷилав гирифта мешавад. Мутаассуф, дар ҳамсоякишвар чунин нест. Беқонунӣ, бе тарафии ҳукуматҳои маҳаллии наздимарзӣ, бе ҷавобгарӣ ва дар бархе маврид беҳукуматӣ ба он овардааст, ки сокинони ҳамсоякишвар ба марзшиканӣ, иғвоангезӣ, сохту сози ғайриқонунӣ банд шуда, марзро ноором мекунанд. 

Тарафи мо ҳамеша омода аст, проблемаҳои марзиро дар сатҳи мақомоти давлатӣ, на аҳолӣ, на шахсони шубҳаангез ҳаллу фасл кунад. Вале дар зимн гуфтанием, ки Тоҷикистон 1 ваҷаб замини худро ба касе намедиҳад ва тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, Ворух абадан аз мост ва дар таркиби Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ин фактест, ки далел барои исбот намехоҳад!

-Ҳоли мардуме, ки бар асари бетартибиҳо бе хонаву дар монданд, чӣ гуна аст? Ба онҳо дасти кӯмак дароз кардед?

- Намедонам, вазъ дар ҳамсоякишвар чӣ гуна аст, вале ҷониби Тоҷикистон хонаву дари ҳамаи сокинони зарардидаро 100% барқарор ва аз будаш ҳам хубтару беҳтар бунёд намуд. Зеро, ба қавли “СССР” “Мо метавонем!”

 

Ба ормонҳои бузург ҳатман мерасем!

 - Ташаккури зиёд раиси муҳтарам барои сӯҳбати пурмӯҳтаво. Орзуи онро дорем, ки мардуми шарафманд ва меҳнатқарини вилояти Суғд ҳамеша тандурусту солим ва зафарманд бошанд.

  - Ба Шумо низ як ҷаҳон сипос, ки фурсат ёфта, ба вилояти Суғд ташриф овардед ва дар бораи дастовардҳои суғдиён ёдоварӣ намудед. Бовари комил дорам, ки мардуми шарифи тоҷик, аз ҷумла сокинони заҳматписанд ва ватандӯсти вилояти Суғд дар роҳи расидан ба ормонҳои бузург, татбиқи барномаҳои фардои пур аз комгориву шукуфоиҳои  Тоҷикистони азиз бо ҳамон ихлосу иродате, ки ба Пешвои муаззами миллати хеш доранд, бо камоли садоқат талош ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва бо эҳсоси баланди худшиносии миллӣ ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол менамоянд.

   

Сӯҳбаторо Сайёфи Мизроб, 

Душанбе-Хуҷанд-Душанбе

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter