ХАБАРИ ДОҒ

 

24.08.2021. Соат ба вақти СССР 09:37 дақиқа. Ҳамкорамон Идибек Маҳмудҷонов, ки ба тозагӣ аз ҷанозаи аммааш аз н. Панҷ баргашта буд, пешкаш намуд, ки чаро роҷеъ ба оинҳои таоруфии миллӣ наменависед? Ва афзуд:

-Бовар кунед мурда, мурдадорӣ, хайру садақа, кӯмаки ҳамдигарӣ ва дар ҷамъ Инсонгароӣ дар қишлоқ боқӣ мондаасту бас...

Чанде пеш дар ҷанозаи 1 шахсияти варзидаи фарҳангӣ будем, мӯсафедеро дидам, ки бо таассуф мегуфт:

-Агар ҳамин Фулонӣ дар деҳа мемурд, қишлоқро ҷанозахон пахш мекард. Бинед, ки ин ҷо ҳатто 1 мошини дуруст намеёбанд, то мурдаро то қабристон баранд…

Воқеан ҳам, танҳо баъди расида омадани ҷанозакиҳо аз зодқишлоқи ун нафар, мурда соҳибашро ёфт!!!

21.09.2021. Соат ба вақти СССР 12:32 дақиқа. Пурсида мешавад, чаро тамомии расму оини миллӣ, ориёӣ, исломӣ ва таоруфӣ, ба забони дигар одаму одамгарӣ, дар қишлоқ побарҷоянду шаҳр ин ҳамаро буғӣ кард? Мо-шаҳриҳо, кабинетнишинҳо, танзимгарон, муллоҳои шаҳрӣ, на танҳо оини одамгариро дар миёни хеш маҳв мекунем, ки талош дорем, ин таоруф дар деҳот, миёни миллат   низ аз байн равад.

Имрӯз, ба пиндори сирф шахсии ман, ки метавонад, ғалат ҳам бошад, дар баробари зинда гардонидани ҳунарҳои мардумӣ бояд талош кард, ин оинҳо, ки маҳди маданияти 7 ҳазорсолаи Тоҷиканд, эҳё шаванд. Ман бовар дорам, соати саъде мерасад, ки аз Танзим пушаймон мешавем, вале он гаҳ хеле дер хоҳад шуд…

Бинед, ҳунарҳои мардумиро ба зӯр, дар аксари маврид сунъӣ, «зинда» мекунем. Чӯбу табақтарошӣ, суманакпазиву рақсу суруди наврӯзӣ ва ҳатто чиликдангалу буҷилбозиву ғ. ва ҳ. Намегӯям, ин бад аст. Хуб аст. Олист!!!

Вале чаро дар баробари ба таври сунъӣ зиндагардонии ҳунарҳои таоруфӣ, ҳадафмандона расму оинеро, ки маҳди фарҳанги ориёӣ-тоҷикиянд, маҳв созем?

Танзим гуфта, дар бисёри маврид корҳое мекунем, ки ҳатто арабҳои Қутайба ибни Муслим дар тӯли 1400 сол, Чингизу Лангу Манғит дар садсолаҳо ва урус дар тӯли 70-соли асри ХХ кардан натавонистанд.

Гунаи асили оини ориёӣ, ки мавриди штраф қарор гирифтааст, ба масале «1 пиёла чой», ё оши сартахта аст. Вақте ба ҷаноза аз қишлоқҳои дур меомаданд, мардумро дар хонаву дари ҳамсояҳо ҷо мекарданд. Саритахтагӣ мекарданд. Чорвоеро забҳ ва мардумро серу пур. Дуруст аст, ки ин маросим дар ислом нест. Аҷибаш ҳам ин аст, ки ин оин бо ислом ҳич рабте надорад, зеро сирф тоҷикист. Муллоҳои даврони советӣ низ зиддаш буданду муллоҳои наҳзатӣ ҳам, аз салафиву ваҳҳобӣ ҳоло чизе намегӯем, ки ба онҳо монӣ, ба гуфтаи Бобои Ғулом «мурдаатро саг намехӯрад!». Ва бинед, имрӯз ин оинро маҳз бо ҳамин иттиҳом, ки «бо ислом рабте надорад» табу эълон кардаанд. Мо, чӣ, дар давлати исломӣ ба сар мебарем, ки оинҳоямон бояд маҳз исломӣ бошанд?!

Яъне оини бобоиеро, ки идеологияи арабӣ натавонист садд гузоштан дар тӯли садсолаҳо, Танзим бо штраф манъ карданист…

 Воқеан ҳам вақте гузоришоте мешнавем, ки бар тибқи оини танзим фалону бисмадон адад чорво эконом шуд, чаро касе намепурсад, ки пас чаро нархи гӯшт ба карат боло рафтааст??? Яъне танҳо саршумори ҳайвон наметавонад натоиҷи ин ё он амал буда бошад. Зеро мантиқан агар ин назорат ба камхарҷии оин меовард, пас таври автоматӣ нархи гӯшту пӯст, равғану шакару биринҷу сабзӣ… дар бозорҳо бояд ба карат арзонтар мешуд. Ё не-мӣ, мӯҳтарам идеологҳо?

Пас ин ҷо сирре дигарест, ки бояд кашф кард!

Медонам, ҳоло манро душмани миллат ҳукм мекунанд, вале кадом мулло, масъул, чиновник, маъракаи 7, 40, соли волидайнашро надодааст? Худатон-ку мекунед, ниҳониву ошкоро, пас мардумро низ гузоред, ки ақаллан ҷанозакиҳои дурдастро 1 пиёла чой диҳанд, саритахтагӣ кунанд, то фардо мурдаа(т)мон бе одам намонад!

1 мулло, чанде пеш, бо бисмиллоҳ ба табақи оши худоӣ ҳуҷуми фарҳангӣ кардаву ба ҳуҷуми иттилоотӣ низ гузашт:

-ъОши ъхудоӣ макърӯӯӯҳъ ъаст!-мегуфт ин мулло, дар ҳолате, ки 2 лунҷаш аз оши худоӣ пур буд. Даст ба бурридан медиҳам, ин мулло салафӣ аст, ҳарчанд ҳоло андак-андак интуитсия ӯро аз оини ориёнои Тоҷик дур шудан намемонад.

Ҷанги граждании мо, агар касе фаромӯш карда бошад, аз ҳамин табу, садд, манъ, карантин гузоштанҳои ҳизби наҳзат шурӯъ шуд. Онҳо, наҳзатиҳо, аввал худоӣ, сипас саритахтаву 3,7,40-ро манъ карданд ва сипас сари гӯр рафтанро. Дар соли 1990 бошад бо юриши барқосои хеш аз Қурғонтеппа, хостанд Мақбараи Ҳазрати Амирҷонро дар Кӯлоб ва оромгоҳи ифтихории ҳазрати Султонро дар Ховалинг вайрон кунанд. Ёдатон омад? Ва акнун ёд оред, ки чанд сол пеш ДИИШ оромгоҳи реолии Султон Увайси Қараниро дар Димишқ ба замин яксон сохт. Толибон низ ҳамагӣ 2 ҳафта пеш мақбараи Аҳмадшоҳи Масъудро вайрон карданд.

Ҳиҷ умумияте дармеёбед? То-та!

Оину таоруфи ориёноро чаққа нашаве(м)д, то пагоҳ гуфта битвонем, ки;

-Ман Тоҷики мусалмонам, на мусалмони тоҷик…

Мо Метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter