ХАБАРИ ДОҒ

Нақлиёти пойтахт: механизми нав дар амал

  • Чоршанбе, Сен 29 2021

 

МДК «“Душанбенақлиётхадамотрасон” ба самъи шумо мерасонад, ки боло рафтани арзиши сӯзишворӣ ва дигар қисмҳои эҳтиётии воситаи нақлиёт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи молиявии корхонаҳои нақлиётӣ ва фаъолияти ронандагони инфиродӣ таъсири амиқи худро гузоштааст. Масъалаи мазкур пайваста зери таваҷҷуҳи ниҳодҳои дахлдори соҳа қарор дошта, дар хусуси тағйири нархномаи пардохти ҳаққи роҳкиро корҳои омӯзишиву таҳлилӣ бурда шуда, барои хулосабарорӣ унвонии МИҲД ш.Душанбе пешниҳод гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки бо вуҷуди болоравии арзиши сузишворӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ҷиҳати интиқоли саривақтии мусофирон тамоми чораҳои судмандро андешида, фаъолияти ҳамагуна воситаҳои нақлиёти мусофирбари ш. Душанбе дар хатсайрҳо тибқи талаботи ҷойдошта ба роҳ монда шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки бо мақсади ҳубтару беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ва назорату танзими саривақтии фаъолияти нақлиёти мусофирбар дар хатсайрҳои пойтахт, қарори Раиси ш.Душанбе аз 19.07.2021, №423 ба тасвиб расонида шуд, ки тибқи он идоракунии низоми электронии навигатсияи нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ, насби таҷҳизотҳои СРЅ оид ба назорати воситаи нақлиёт дар хатсайр ва таҷҳизоти баҳисобгирии ҷараёни мусофирон дар марҳилаи якум дар автобусу троллейбусҳо, аз ҷониби КВД “Шаҳри ҳушманд” ба нақша гирифта шудааст, ки ин механизми нави хизматрасонӣ ва идоракунии воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар пойтахт мебошад.

Ҳ.Ғаниев,

директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter