ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷик чечени Осиёи Миёна…

  • Чоршанбе, Окт 06 2021

Медонед чаро Тоҷик Шоҳномаро бар ҳама асарҳо ва Фирдавсиро бар дигар шуаро арҷ мегузорад?

Медонед чаро қирғизу пирғиз бо мо душмананду мехоҳанд бо суди абад кардани Тоҷикон «алови чашми моро гиранд»?

Медонед чаро Тоҷик мухлису ҳаводори Ҳабиб Нурмагамедов аст?

Медонед чаро Тоҷикон Рамзан Қадировро дӯст медоранд?

Медонед чаро қавмҳои Афғонистон куллан зери пои Толибон чун занони сароӣ густарда шуданду Аҳмади Масъуди Тоҷик тани танҳо бо гурӯҳи террористие, ки НАТО абарқудраташ кард, меҷангад?

Зеро мо миллати ғайюр, гарданкаш, шамшерзан, сарбаланд, сарбадор, мардона, мардзо, мардпеша, мардхез ва нотарсу ҷасурем. Мо-Тоҷикон ба нисбат чеченҳои қафқозӣ дар қораи Осиёи Марказием! Мо Метавонем!

Имрӯз қирғиз шаттаи моро хӯрд, ки аз сартосари Тоҷикистони азиз, ба вежа Мастчоҳи нозанину Кӯлоби сарфароз ҷавонон бо ихтиёри хеш ба марз рафтаву хоки поки Воруху Чоркӯҳро ҳифз карданд. Воқеан ҳам дар ин моваро 1 чиз аҷиб буд, ки бархе аз шодихӯрдагони наҳзату толиби маҳаллӣ, ки даъвову дағои ҷиҳод доштанд, чун каламуш аз хонаҳо набаромаданд. О, ҷиҳод хоҳӣ марҳамат, қирғизи ғаддор ва ғосиб, дар таки биният. Ин амалкарди ишон бори дигар собит месозад, ки «нео-исломистон» ҳаргиз дар фикри ватану диёр, падару модар ва хоки поки Тоҷикистони азиз нестанд…

2000 ҷавони ғайюри кӯлобӣ бошанд, имрӯз ҳам омодаанд, ба Панҷшер, ба дохили ҷаҳаннами сунъии Толибон рафтаву гардани паштунакҳои фошистро шикананд! Ба ман бошад, иҷозаташон медодам. 1 рейди онҳо чунон ҳамсояи моро метарсонад, ки 100 соли дигар дамашон аз тарс хоҳад гирифт.

Аз чунин ҷавонмардӣ бояд истиқбол кард. Аз чунин ҷавонмардӣ бояд шод шуд, на мисли 3-4 ба ном шоираки «интернет-шеру майдон-рӯбоҳ» танзу гапу калоча… Воқеан ҳам, агар зимом ба дасти ман мебуд, ин шоираконро ҷамъ кардаву ба марз мебурдам. Аскарӣ! Шояд аз фучу мучу пучи виртуалии Фейсбукӣ бо хонумҳо халос хӯрдаву маззаи шаттаи сарбозӣ одамашон мекард???

Вале сухан сари ин асолатбохтагон нест, ки фикр доранд, «фарҳангӣ» бояд ҷангӣ набошад. Сӯҳбат сари ҷавонмардии миллати Тоҷик аст, ки 1400 сол шуд, мавриди шиканҷа, азият, ситам қарор дорад. Ва медонед чаро?

Миллатҳои мардонаро 1 умр миллатони номард, бо хиёнату разолати анде дохилиҳо азият медиҳанд. Зеро метарсанд!

Ва агар чунин намебуд, 1400 сол араб маҳз бо Тоҷик пархоши идеологӣ намекард. Араб медонад, ки ин миллат ҷавонмард асту дар дилхоҳ лаҳза хокашро мебезад. Имрӯз низ бо дасти анд муллои асолатбохта, мо танҳову танҳо мавъизаҳои антиавастоӣ, антизардуштӣ мешнавем. Зардуштия 1400 сол шуд, ки нест! Аммо бо он то ҳанӯз ҳарб мекунанд. Санампарастӣ, бутпарастӣ, тарсоӣ, яҳудизм ҳаст, миллиардҳо тарафдор дорад, вале муллоҳои тоҷики проараб, ан-неъ, ба онҳо коре надоранд. А, бо Зардушт ва Авасто, ки дар кишвари мо ҳатто 1 намоянда надорад, бояд ҳарб кард.

Муаммои моҷаро ҳама ин аст, ки онҳо аз Тоҷик метарсанд! Вагарна Александри ғосиби лучу ҳаромзодаро бо дасти худи адибони тоҷик пайғамбар намебарварданд. Сабаби пайғамбарии Искандар медонӣ, хонанда, чист? Воқеан  намедонӣ? Ғасби Форсу қатли Спитамену оташсӯзии Киропол нест. Иллати аслии пайғамбар ҳукм гирифтани Александр оташ задани оригинали китоби Авасто мебошад! Тамом вас-салом.

Аҳмади Масъуд на барои номи падараш бо Толиб меҷангад. Агар номи падар муҳим мешуд, баччу качи Дӯстуму Сайёф ҳам ба ҷабҳа мерехт (Сайёфи Абулраб дар назар аст, на муаллиф!!!). Аҳмадро хуни Тоҷикияш ба майдон кашид ва бинед, ки атрофи ӯ танҳову танҳо Тоҷикон қомат алам кардаанд. Ҳол он ки паштунҳо ӯзбаку туркману лақайу ҳазораву… дар ҷамъ туркзабонҳоро сареҳатан кофар эълон кардаву забонашонро баставу худашонро қатл мекунанд.

Аҳмади Масъуд, ки Тоҷик аст ва хуни ҷавонмардӣ дорад, аз ин ақвоми туркзабон низ ҳифз мекунад. Онҳоро чун Инсон, ҳамчун соҳиби Ватан қабул дорад (Толибон онҳоро шахси 3-дараҷа ҳукм кардаанд).

Ва ин ки аз тамоми сарварони давлатҳои ҳамсоя ва ҳамсуд танҳо Президенти мо ҷонибдори адолати иҷтимоъӣ, баробарии қавмиву миллӣ ва ҳукумати инклюзив дар Афғонистон аст, низ бо хун бастагӣ дорад. Хун, ки хуни ҷавонмардист, новобаста ба ҳама доду ситад ва хавфу хатару таҳдидҳо Президенти мо ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохт. Ва намешинсад, то соате, ки онҳо аз дигар ақвом, ба вежа Тоҷикони Панҷшер арҷ нагузоранд!!!

Толибон бо дасти расонаҳои тоҷикзабони Амрико ба Душанбеи расмӣ таҳдид ҳам дорад, ки гӯиё 10 ҳазор паштуни маргталаб дар марзҳои Бадахшони Тоҷикистон ҳозир шудаанд. Ну и что?-гуфти Бобои Ғулом. 100 ҳазор биоянд, 1000 бадахшонӣ, орзуи онҳоро мебароранд, яъне марг тақдимашон хоҳанд кард. Ҳоло сӯҳбат сари 1,5 млн кӯлобии ҷанганда ва 7,5 млн Тоҷики ғайюр намеравад. Помириҳо худашон басанд, ки 10000 толибро ба ҷаҳаннам равон кунанд! Ёд доред, Толиб Айёмбеков гуфт, омодааст ба марзи Исфара рафтаву бо қирғиз биҷангад? То-та! Тоҷик то лаҳзаи хатар маҳалчист. Ҷанг, ки шуд, ҳамаи мо Аҳмади Масъудем!!!

Ва ахиран дар бораи ҳамсояҳои тангназар. Ба иззати Худое, ки моро оваридааст, шахсан ман ва насли ман, дар хизмати сарбозии Армияи Советӣ, ки маҳди ҷавонмардист, 1 қирғизро надидаам, ки «борзый», гарданкаш, ҷасур, мисли Тоҷик бошад. Имрӯзиён аз ҳамон зотанд. Насли мо низ аз хуни мост. 1 бори дигар бинӣ халонанд, мебинанд ҳолашон чӣ мешавад. Маро ҳамин лаҳза сухани Бахтиёр Лангариев, дар 27 апрели соли равон, ҳини даргирӣ дар марз, ёдам омад, ки занг задаву мегуфт:

-Ака, иҷозат шавад, Ботканд 1 сӯ, Бишкекро бачаҳои ман мегиранд!

Вале мо, ки ҷонибдори сулҳем, бас кардем. Пагоҳ конфликтро фаромӯш сохтем. Номардони бишкекӣ бошанд, моҷароро то суди Гаага кашиданд ва то ҳанӯз «омодагӣ» доранд. Ва медонед чаро? Зеро ғазаби Тоҷикро дар амал эҳсос карданд. Мардон куҷо? 1 зани мо 10 ҳазор толибро бор аст. Ва имрӯз, ки қирғиз аз ин сӯву паштун аз ун сӯ ба мо таҳдид доранд, ин ҳама аз тарс аст. Моро бо тап-тап намешавад тарсонид. Зеро Тарс дар луғати Тоҷик нест! Ва агар ҳаст, таҳқиқ кун, хунат вайрон аст, хонанда.

Ҷасорат оини миллати Тоҷик аст, ки бо шири Очаҷонҳои мардзоямон дар бадан омадаву ҳатто бо хун бадар намеравад: мо мемирем, вале ҷавонмардиро бо худ мебарем!!!

Сутун бар боми миллат қомати мост,

Ва медонӣ чаро? Мо Метавонем!!!

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter