ХАБАРИ ДОҒ


 Бо дуруд ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Нархи орд, хосса орди истеҳсоли Қазоқистон тайи 1 ҳафтаи охир ба маротиб боло рафта, навъи 1-ум дар бозорҳои пойтахт то ба 275 сомонӣ баромад. Дар дигар минтақаҳои мамлакат 1 халта орди навъи якуми қазоқӣ то 300 сомонӣ арзиш дорад. Фурӯшандаҳо мегӯянд, ки воридоти орду гандум аз Қазоқистон кам шудааст. Дар ҷое хондам, ки ҳукумати ин кишвар, ки воридкунандаи асосии орду гандум ба шумор меравад, гуфтааст, ки аввал бояд дар худи Қазоқистон орду гандум барои зимистон захира шавад, баъд содирот.

Бо назардошти вазъи иқтисодии кишварҳо ва таъсири пандемияи коронавирус шояд ин кор дуруст бошад, вале ҳоло ман 1 суол ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва ҳадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ дорам: канӣ он гандуме, ки шумо табли шодӣ зада, аз бештар аз нақша истеҳсол шуданаш хабар дода будед ва чаро нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, хосса орду равғану шакарро наметавонед назорат кунед? Мушкил дар чист? Шояд ба мо ин Хадамот, ки дар умум наметавонад аз идораи сиёсати нархгузорӣ барояд, дигар лозим нест? Ба фикри ман,  ба ҷойи ин хадамот шуъбаеро дар мақомоти қудратии мамлакат-КДАМ, ВКД, Прокуратураи генералӣ бояд таъсис дод, то билохира нархи бозор назорат шавад.

Акрамҷон Муллоев,

ш.Ҳисор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter