ХАБАРИ ДОҒ

А. Ҷомӣ: мактаби бе мизу курсӣ

  • Чоршанбе, Окт 13 2021

 Остона Ҷайсанов, дӯст ва муаллифи ҳамешагии газетаи СССР аз ноҳияи А. Ҷомӣ бо редаксия дар тамос шуда (тел: 555 53 20 19), аз камбуди мизу курсӣ дар мактабашон арз кард:

   - Мо мардум ва ҷавонони муҳоҷири ин ноҳия сарҷамъ шуда, дар муддати 4 моҳ барои хонандагони деҳа мактаб сохтем. Аз ҳукумати ноҳия омада диданд. Ҳоло хонандагон мизу курсӣ ва тахтаи синф надоранд. Талабагон дар замин нишаста дарс мехонанд. Мо намедонем ба куҷо муроҷиат кунем, ки мактаби сохтаи муҳоҷирбачаҳоро бо мизу курсӣ таъмин кунанд. Барои ҳамин ба газетаи мардумии СССР муроҷиат кардем, ки масъулон аз ин мушкилии мо огаҳ шуда, чораҷӯйи кунанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter