ХАБАРИ ДОҒ

(матлаб каме ҳақорату дашном ҳам дорад (аз забони дигарон), ки қаблан узр мепурсам аз хонанда)

 

Модари Абдуқодири Абдуқаҳҳор-журналисти варзида ва китобдори маъруф таҳдиде инчунин бар фарзанди саркаш дошт:

-Ширамро бар осмон медӯшам!!!

Ин ба шеваи кӯҳистони Тоҷик маънии Оқ кардани фарзандро дошт. Вожае, ки ҳатто барои таҳдид низ волидайн корбаст намекард.

Оқипадар!!!

Аз ин дашноми сахттаре барои 1 Тоҷик вуҷуд на дошт ва на дорад.

Оқ(қ) вожаи арабӣ буда, ба маънии ба лаънати падар ё модар гирифторшуда меояд. Касе, ки аз фармони волидайн баромадааст, ё онҳоро ранҷонидааст ва ё ба маънии имрӯз бар омма фаҳмотар «подводит» кардааст, ӯро лаънати абадудаҳрӣ мекунанд. Яъне ин фарзанд дигар ҳуқуқи дар ҷамъияти мардумони мард ҳузур пайдо карданро надошт ва ӯ марази ҷомеъа (отброски общества) мебошад. Дар Тоҷикистони азиз бо махав, пес, туберкулёз ва ҳатто ковид сари 1 хон мешинанду бо Оқшуда на! Зеро дар тасаввур, пиндор, мазҳаби мо, нафари оқшуда дар 2 дунё рӯяш сияҳ асту биҳиштро намебинад…

 Stop! Оё замоне нарасидааст, ки Миллати Тоҷик низ фарзандони ҳаромии худро ОҚ кунад? Ба вежа онҳоеро, ки Миллати Тоҷикро инкор мекунанд, буданашро зери суол мекашанд, дар интернет-форумҳо ҳатто суолгузорӣ мекунанд, ки Тоҷик чун миллат вуҷуд дорад ё на? Инҳо бояд Оқшудаи Миллат гарданд. Хас каму ҷаҳон пок. Ба вежа дар соате, ки ҳамсоякишварҳо чунин фарзандонро кайҳо оқ кардаанд. Мисол мехоҳед? Марҳамат!

 Ӯзбекистону Туркманистони ҳамсоя онҳоеро, ки аз хориҷа зидди Миллат санг меандозанд, оқ кард. Тошканди расмӣ бо 1 қарор статуси шаҳрвандии тамомии ӯзбекистониҳоеро, ки дар Давлати Исломӣ меҷангиданд, барҳам зад. Ин ОҚ аст; оқи қонунӣ.

 А, мо бошем, аз кишварҳои хориҷӣ даъват мекунем, ки нохалафонро истирдод, депорт кунанд. Ба Душанбе. Онҳо ба мо оё лозиманд? Суоли матраҳ ҳам ин аст.

 Ҳодисаи нангине, ки ҳафтаи гузашта дар Маскав, дар Майдони Сурхи Кремл, дар шафати Куништи марказии православӣ рух дод, сабаби навишти ин матлаби гизалаи ман шуд. Зеро 1 фарзанди нохалафи Тоҷикистон тамомии Россияи бузургро зидди Тоҷикон шӯронид.

 Шинос шавед, нохалафи Оқзеби №1… Руслан Бобиев…

            Руслан, ки худро блогер мехонаду ҳатто русиро намедонад, чӣ расад ба тоҷикӣ, ҳамчун 1 миллион Тоҷики дигар ба Россия барои дарёфти зиндагонии беҳин рафтааст. Шахсан ман аз 1 миллион муҳоҷири кор, ки саломату сиҳҳат ва зиндагонии хешро қурбони сиҳҳату саломату зиндагонии хубтари зану фарзанд мекунанд, арҷ мегузорам. Пеши якояки ишон кулоҳ аз сар мебардорам. Ҳамаи онҳо қаҳрамонҳои даврони моянд. Вале бинед, ки 1 нохалафак, 1 оқзебак манофеи 1 млн муздури корро зери суол қарор медиҳад. Мо 30 сол дар ҳарб будем, то даҳони сартосҳои русгаро, фашистони маҳаллӣ баста шаванд. Хонандаи мо намедонад, ки барои поин бурдани таниши Тоҷикбадбинӣ Ҳукумати Марказӣ, Вазорати хориҷӣ, дохилӣ, амниятӣ, сафорату консулхонаҳои ҶТ чӣ қадар корҳои муҳими зерназарӣ, сиррӣ, пинҳониро анҷом додаанд. Танҳо ҳамин факт кофист, ки тайи чанд соли ахир, мисли солҳои қабл, скинхедҳо, фашистакони Навалний, 1 нафарро накуштаанд. Ва ана дар ҳамин шабу рӯз Руслан Бобиев ном нохалаф пайдо мешаваду миллати русро зидди тоҷик мешӯронад.

            Владимир Соловёв-журналист ва сиёсатмадори рус, ки умре аз манфиатҳои Тоҷику Тоҷикистон дар маъруфтарин шабакаҳои ба Кремл наздики Россия, пуштибонӣ мекунад, дар мавриди ин Руслан бисёр хуб гуфт, ки «Руслан твою…мать…бабиев», «ту бо ин рафторат чӣ мехоҳӣ? Мехоҳӣ 2 миллатро зидди ҳам шӯронӣ?». Ва нидо дармедиҳад, Соловёв:

-Выслать его, на Памир!!! Откуда он родом…

Дар бораи ин нохалаф ягон расонаи урусӣ нест, ки нанависад ва маданияти Тоҷикистону Бадахшони сарбаландро зери суол қарор надиҳад. Фарзи мисол:

-Известно, что Руслан Бобиев родился на Памире, учился в средней школе 6, Ёгед, Таджикистан. Приехал из Таджикистана в Сочи, оттуда - в Москву, где поступил в Московский государственный университет имени Михаила Ломоносова.

 Ин нохалаф чӣ кор кардааст? БОЯД инро гуфт. Зеро новоқифон намедонанд, то нанависем, ки кадом ҷурм ӯро зебандаи Оқи миллӣ месозад. Пешопеш узр мехоҳам. Руслани ланги гаранг, ки худро блогер мехонаду дар Instagram ва TikTok мутаносибан 101 ва 4,7 ҳазор «друг» доштааст (бовар дорам аксарият мисли худаш дебил), усули пулкоркунии осонро ёфта, дар Маскав ба таҳқиру таҳвини мардум камар баста буд. Ӯ бисёр роликҳои баҳсбарангез дошт. Вале шоми 29.09.2021 гузаронд. Ӯ бо 1 проституткаи сарзарди рус, ки либоси пулиси Маскав пӯшидааст, дар Майдони Сурх, рӯ ба рӯи Серкви Василий Блаженный, ки аз Бузургтарин Шахсият дар таърихи насрония маҳсуб меравад (ба нисбат Ҳазрати Амирҷони мо), секси даҳонӣ кардаанд. «Пулис-духтари рус» сари зону зада, дар дили Россия, хостаҳои нафси ҳайвонии Русланчики нохалафро бароварда месозад (Медонам, ки бархе ҳатто нафаҳмид ин чист, зеро дар маданияту фарҳанги Тоҷик ин кор нест!). Табиист, ки Россия таркид. Рӯзи дигараш ин нохалафакро пулис қаппид ва ӯ бо чашмони ашколуд ва овози ларзон мегуфт:

-Паҷалуста департируйте мене в Тачикистан, на родина, я полше не пуду…

-Хрен тебе а не Таджикистан, аблаҳ! Садқаи номи Ватан шав! Бо ту пулис чӣ коре кард, паси парда аст албатта, аммо аз ашкҳои шашқаторат маълум, ки ун секси аврупоиро дар амал бо худат татбиқ кардаанд ва хеле ҳам кори хубе кардаанд.

Ватан нав ба ёдат зад? Вақте номи Помирро паст задӣ, чаро ватан нагуфтӣ? Туро садқаи 1 санг ун сӯ, санчили Бадахшон кунад! Вақте Тоҷикистони азизро хор кардӣ, ватан нагуфтӣ? Вақте бо имиҷ ва ҷону саломати 1 млн Тоҷики муқими Россия бозӣ кардӣ, ватан ба ёдат нарасид?

Шахсан ман сареҳатан аз Вазорати хориҷи ҶТ дархост дорам, ки ин нафарро аз шаҳрвандӣ бароранд. Аз ВКД ФР ва Прокуратураи ин кишвар дархост дорам, ки Руслан Бобиевро тибқи бандҳои вайронкардаи Қонуни ФР (ст. 148 УК РФ-публичные действия, выражающие явное неуважение к обществу и совершенные в целях оскорбления религиозных чувств верующих, ст. 17.12. КоАП РФ.) суд кунанд. Бигзор ҷои депорт ба Бадахшони нозанин ва Ёгеди Дарвоз ин нохалаф дар маҳбаси Сибир «секс» ёд бигирад.

Хас каму ҷаҳон пок! Аз тамоми ҳамватанон хоҳиш дорам, нафрати худро дар нисбат ба ин нохалаф расман баён доранд ва Миллат ӯро ОҚ кунад!!!

Мо Метавонем!

PS: Воқеан ин нохалаф аз ҳамон деҳаест, ки 1 «олими шинохтааш» мавҷудияти Миллати Тоҷикро ба шубҳа кашидаву будан ё набудани Тоҷикро суолгузории расмии интернетӣ намуд ва танҳо пас аз дахолати бевоситаи Саъдии Маҳдӣ-директори Академияи ВАО ин пурсишномаи нангинро аз сафҳааш зудуд. Акнун худ биандеш, хонанда, ки оё ҳамаи инҳо аз 1 обмӯрӣ об намехӯранд? Ва суоли Вл.Соловёв-дӯсти миллати Тоҷик дар Маскав оё бе поя буд, ки мепурсид:

-Ту, Руслан твою…мать…бабиев, чӣ мехоҳӣ? Мехоҳӣ русҳоро зидди тоҷикон таҳрик диҳӣ???

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter