ХАБАРИ ДОҒ

Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Шавҳари ман нафақахӯр ва маъюби гурӯҳи 2-юм буда, 1 писарам низ пас аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Россия маъюб шуда омаду кори ҷисмонӣ карда наметавонад. Ӯ 3 кӯдаки ноболиғ дорад, ки 3, 6 ва 9 сола мебошанд.

Вақте соли 2020 аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдакони то 3 сола дар ҳаҷми 500 сомонӣ кӯмакпулӣ ҷудо карданд, тамоми ҳуҷҷатҳоро ҷамъ карда, ба Ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа бурда супоридем. Ба онҳое, ки пас аз мо ҳуҷҷат супориданд, кӯмакпулӣ дода шуд, аммо ба мо не. Дар робита 4-5 маротиба ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳия низ муроҷиат кардам, гуфтанд, ки рӯйхат аз вазорат меояд. Ман ҳайронам, ки чаро сохторе ё нафаре моро лоиқи ёрдампулие, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд, надонистааст? Ҳамин ҳоло оилаҳои ниёзманд ва кӯдакгони то 7 сола навбати дуюми ёрдампулии ҳукуматиро дар ҳаҷми 500 сомонӣ гирифта истодаанду оилаи мо боз фаромуш шуд...

Гулбегим Тағоева,

Ҷамоати деҳоти Бустонқалъа,

н.Кӯшониён

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter