ХАБАРИ ДОҒ

ММТ: маблағи шартнома аз мо вобаста нест!

  • Чоршанбе, Окт 20 2021

 

 

Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ дар робита ба матлабе, ки дар рубрикаи “Меҳмонхонаи СССР” бо номи “СМС паёмак-иштибоҳи ММТ” чоп шудааст, чунин посух медиҳад:

-Ин масъала аз Маркази миллии тестӣ (ММТ) вобастагӣ надорад, зеро маълумотеро, ки ба нақшаи қабули донишҷӯён, аз ҷумла маблағи шартномаи таҳсил аз рӯйи ихтисосҳо, дахл дорад, муассисаҳои таълимӣ дар моҳҳои ноябр-декабри соли пеш аз баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба ММТ дастрас мегардонанд. Бояд қайд кард, ки муассисаҳои таълимие, ки дар ин давра маблағи шартномаи таҳсилро барои соли таҳсили оянда муқаррар накардаанд, маблағи мазкурро барои соли ҷорӣ пешниҳод мекунанд. Яъне, миқдори аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ пешниҳодшудаи маблағи шартномаи таҳсил барои ихтисосҳои дахлдор ва барои соли таҳсили ҷорӣ муқарраргардида дар системаи иттилоотии “Довталаб” (дар қатори дигар маводу матлабҳои иттилоотии Марказ) нишон дода мешавад.

 Дар бораи масъалаи мазкур дар замимаҳои дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи чопии он ба ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ дастрас гардонида, шакли электрониаш дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, чунин таъкид гардидааст: “ДИҚҚАТ! ТАЪКИД МЕНАМОЕМ, КИ ТАҒЙИРЁБИИ МИҚДОРИ МАБЛАҒИ ТАҲСИЛ ДАР ГУРӮҲҲОИ ПУЛАКӢ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВОБАСТА АСТ”.

 

Х.Икромӣ,

директори ММТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter