ХАБАРИ ДОҒ

Туризми тоҷик аз хатсайрҳои навӣ сайёҳӣ то мушкилот дар минтақаҳо

  • Чоршанбе, Окт 20 2021

  Тавре дар шумораи қаблӣ гуфта будем, мухбири газетаи мардумии СССР рӯзҳои 1-4 октябри соли ҷорӣ бо 1 ҳайати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба водии Рашт сафар кард. Душанбе-Сангвор-Лахш-Рашт-Нуробод-Душанбе яке аз хатсайрҳои навест, ки Кумитаи мазкур ният дорад онро таблиғ намуда, мисли хатсайрҳои нави дигар ба феҳристи ҷаҳонии гардишгарӣ ворид кунад. Аз ин қабл аз ҷониби кумита хатсайрҳои нави сайёҳии Душанбе-Дарвоз-Хоруғ-Ишкошим-Рӯшон-Душанбе ва Душанбе-Истаравшан-Гулистон-Хуҷанд-Шаҳристон-Душанбе низ роҳандозӣ гардида, мақсад муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангии маҳалҳо, мавзеъҳои зебоманзару истироҳату фароғат ва имконоти рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва аграрӣ мебошад.

 

Имкониятҳои фаромӯшшуда…

    Хатсайрҳои водии Зарафшону вилоятҳои Суғду ВМБК, ки аз замон шӯравӣ муайян шудаанд, ба феҳристи ҷаҳонии туристӣ ё тавре мегӯянд гардишгарӣ ворид гардида, дар тамоми харитаҳои сайёҳии дунё ҳастанду муаррифӣ шудаанд. Яъне Хафткӯлу Саразму қалъаҳои Хуҷанду Истаравшан, чашмаҳои табобатӣ ва зиёратгоҳҳои Ишкошимро сайёҳон аллакай медонанд. Аммо баъзе аз бартариятҳои дигари боз ҳам ҳамин минтақаҳо ва мавзеъҳои дигари кишвари мо дар замони шӯравӣ на коркард шуданду на муайян ва на пешниҳод. Мутаассифона, дар самти имкониятҳои туристии баъзе аз минтақаҳо, хосса ноҳияҳои минтақаи Кӯлобу Рашт хеле кам кор карда шудааст.

   Воқеан ҳам водии Рашт дар баробари рушди кӯҳнавардӣ боз беҳтарин имкониятро барои тараққиёти агротуризм дорад, вале бархе проблемаҳо, ки дар маҳалҳо ҷой доранд, намегузоранд, ки имкониятҳои сайёҳӣ ба таври бояду шояд таблиғ гарданд. Ҳоло мо сари ин мушкилот суҳбат хоҳем кард.

 

Исмоили Сомонӣ ва «Тандиқул»

    Тӯли 4 рӯзи сафар ман дидам, ки водии Рашт дар ҳақиқат яке аз минтақаҳои зебои кишвар буда, бо рӯду кӯлҳои мусаффо, олами нодири ҳайвоноту наботот, кӯҳҳои осмонбӯс ва мардуми меҳмоннавозаш фарқ мекунад. Тайи солҳои охир миёни сайёҳон дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит, ки дар онҳо сайёҳии шикор, экологӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг, пиёдагардиву аспсаворӣ беш аз пеш ривоҷу равнақ ёфтааст, маҳбубияти хос пайдо намуда, ташрифи сайёҳон ба ин мавзеъҳо меафзояд.

    Дар ин минтақа ноҳияи Лахш, ки бо чашмаҳои шифобахш, шаршараҳои зебо, боду ҳавои тоза ва дараҳои зебоманзар дар байни туристон машҳур гаштааст, бештар ба ман писанд омад. Табиати ноҳия ҳам барои рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳию варзишӣ мусоидат мекунад. Азбаски 95% ҳудуди ноҳияро кӯҳсор ташкил медиҳад, дар миқёси он аз соли 2010 экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ гузаронда мешаванд. Аз ноҳия ба сӯи ин қулла роҳи махсус аст, ки кӯҳнавардонро ба майдончаи «Москвина» раҳнамун месозад. Экспедитсияҳои мазкур бо иштироки варзишгарону кӯҳнавардони зиёда аз 15 кишвари хориҷӣ доир мегардад.

    Дар ноҳия осоишгоҳи «Тандиқул», ки дар масофаи 26 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар яке аз дараҳои зебо ҷойгир буда, бо оби гарми шифобахшаш машҳур аст, барои бемориҳои ҷигар, пӯст, асаб, тарбод давобахш мебошад. Оби чашма аз таги замин фаввора зада мебарояд ва 95 дараҷа гармӣ дорад. Ҳамагӣ 2 метр дуртар аз он чашмаи оби хунук ҷорӣ аст, ки ба ҳар шахс ҳаловати тоза мебахшад. Сайёҳони кӯҳнавард ҳатман пас аз фатҳи қуллаи Исмоили Сомони ба ин чашма омада, аз оби он ҳаловат мебаранд.

 

Вақте кадр нест…

    Мутаассифона, ман зимни сафар нашунидам ва надидам, ки дар минтақа ягон ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, ба таври лозима тавонанд имкониятҳои туристии ноҳияҳои водиро таблиғ ва пешниҳод намоянд. Тамоми ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки теъдодашон ба 124 адад мерасад, бештар ба Суғду Бадахшону Зарафшон ва шикору алпинизм тур фароҳам меоваранду дар водии Рашт агар гӯем, ки қариб тамоман кор намекунанд, хато намешавад.

   Дигар ин, ки дар ин ноҳияҳо маркетинг ва менеҷменти сайёҳӣ на рушд кардааст ва на пешрафт, нафареро пайдо карда наметавонед, ки тавонад дар бораи имкониятҳои сайёҳии ноҳия, таъриху фарҳанг ва макони туристӣ тавонад пурра шарҳ диҳад-на кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва на кадрҳои ҷавон. Гоҳо барои таблиғи Рашт танҳо кифоя аст, ки пешхизматони дилхоҳ ошхонаи сарироҳиро тоқиву ҷомаи ғармӣ пӯшонеду шакаробу қурутоб, фатирмаскаву дуғи тозакашидаро пешкаш намоед. Агар менеҷерҳои хубу чаққон бошанд, ҳатто бо пешниҳоди барномаи кучактарин аз ҳамон картошкачиниву боғдорӣ ва аспсавориву асалпарварӣ низ метавон пул кор кард: барои сайёҳони хориҷӣ чидани картошкаву себ бо дасти худ ҳам кайфият медиҳаду ҳам ба қавле адреналин, барои мардуми мо бошад пул, чаро не!?

    Аммо ҳамаи ин мушкилотро наметавонем ба сари Кумитаи рушди сайёҳӣ бор кунем, зеро ин проблемаҳоро бояд якҷоя бо идораву сохторҳои дигар ва муҳимтар аз ҳама мақомотҳои маҳаллӣ ҳал кард. Дар ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳанӯз пурра дарк накардаанд, ки сайёҳӣ чист ва чӣ гуна аз он метавон пул кор кард.

 

Мактаби туризм лозим!

    Имрӯз дар бархе донишгоҳҳои олии мамлакат факултаҳои рушди туризм фаъолият мекунанд, вале пасон шоҳиди он мешавем, ки чӣ гуна пас аз хатми чунин факултаҳо ҷавонон рафта, пешхизматиро дар тарабхонаҳо интихоб карда, бо ҳамин иктифо мекунанду тамом. Дар соҳаи меҳмондорӣ низ кадрҳои хубу забондор қариб, ки надорем, дар мавриди таъсиси ширкатҳои нави сайёҳӣ дар минтақаҳои Кӯлобу Рашт бошад метавонем соатҳо суҳбат кунем, лек нуқтаи ниҳоӣ боз ҳам сари набудани кадрҳо хоҳад расид.

   Имрӯз масъулин бояд сари таъсиси Мактаби байналмилалии туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешанд, зеро агар хоҳем Тоҷикистонро барои сайёҳон ҳамчун сарзамини биҳиштосо муаррифӣ намоем, пас бояд аз ҳамин ҳоло барои ин кор камар бандем. Мо метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Душанбе-Лахш-Душанбе

 

     

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter