ХАБАРИ ДОҒ

Ёвон: шаҳрванд дар руйхати камбизоатон аст

  • Чоршанбе, Нояб 10 2021

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон муроҷиати сокини шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон Ҳусноро Кабироваро, таҳти унвони «Чаро дар рӯйхати камбизоатон нестем?», ки дар нашрияи «СССР» (аз 26 августи соли 2021 №34) чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Ёдрас мешавем, ки кумаки унвонии иҷтимоӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ тибқи банди 16-и Дастурамали дахлдор «Дар бораи таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба хонаводаҳо (оилаҳо)-и камбизоат» муайян карда мешавад. Хонаводаҳо (оилаҳо)-и камбизоати дар ҳайати худ кӯдакони то 3-сола дошта, ки дар марҳилаи якуми татбиқи «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо бемории коронавирус Соvid-19 дар Тоҷикистон» (аз моҳи июни соли 2020 то моҳи апрели соли 2021) кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоиро гирифтаанд, ҳуқуқи такроран (дубора) гирифтани чунин кумакпулиро дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ пайдо намекунанд.

Дар асоси муроҷиати шаҳрванд Кабирова Ҳусноро аз 2 апрели соли 2021 ному насаби ӯ таҳти № 45549218 ҳамчун оилаи эҳтиёҷманд ба Механизми иттилоотии Барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ворид карда шудааст.

Ҷ.Саидзода,

раиси н.Ёвон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter