ХАБАРИ ДОҒ

  • Риск таваккал аст! Таваккал ё таваккул дар фарҳанги мо, ки вожаи риск он замон набуд, чун умед бастан ба Худо омадааст. Яъне таваккал ба Худо.

Сарфи бекорӣ магардон рӯзгори хешро,

Пардаи рӯи таваккул соз кори хешро…

Албатта, ин клоссик аст. Соиб. Клоссикон таври маълум пардапӯшона мегӯянд. Вале дар Тоҷикон масале маъруф аст, ки рискпарварда будани ин миллатро гувоҳӣ медиҳад:

-Таваккал нар бувад андеша мода!

Риск бар мардуми нар, мардона ва фарзона зебанда аст. Фаронсавиҳо, ки дар асрҳои қаблӣ нисфи оламро гирифта буданд, ҳамеша риск мекарданд, ки мегуфтанд:

-Qui ne risque pas qu'on ne boive pas de champagne!-Кто не рискует тот не пьет шампанское!

Дар ягон забони дигар ин масал аналог, ҳамтои худро надорад, илло дар Тоҷикӣ. Модарам мегуфт:

-Моли мумсик насибаи бебок аст!

Ин тарҷумаи маънавии ҳамин мақоли фаронсавист. Бебок таваккалиро гӯянд, онеро ки риск мекунад, умед ба Худо дорад, таваккал ба Худо кор мебарад ва дар бештари вақт муваффақ мешавад. Ҳатто ин ибора дар Тоҷикон бо 1 ҷумла ҳифз шудааст:

-Таваккалбахудо!!!

Тоҷикон куллан таваккалиянд. Дилхоҳ Тоҷикро, ки Россия меравад, пурс, на ҷои кори таъин дораду на нишонии дақиқ. Мешинад ба самолёт ва таваккал бар Худо меравад Россия ва …во-аҷабо, 2-3 сол пас бо пулу пайса омада, соҳиби хонаву дару мошину зан мегардад. Риск? Оре! Таваккал? 100%.

Ана ҳамин гуна тавакалиён, рискпарвардаҳо дар миёни журналистони мо низ ҳастанд. Нури Наср, Абдураҳим, Умед, Талабшо, ки аз журналистони варзидаву шинохташуда буданду ба гуфтаи бобои Ғуломи таърихӣ «дегашон ҳамеша гӯшт дошт!», риск кардаву Амрико рафтанд. Хидматӣ рафтанду монданд ҳамон ҷо. Имрӯз муваффақанд. Зеро дилхоҳ коре, ки пеш меомад, таваккалбахудо ба он дасту оринҷ мезаданд. Зеро дар таркиби хунашон касе мегуфт:

-Qui ne risque pas qu'on ne boive pas de champagnе!

Ҷанги мо тарҳрезишуда буд. Имрӯз ҷангпарвардагон дар куҷо ба сар мебаранд? Оре, аккурат, маълум мешавад, ки бар штаб-квартираҳои худ ба Афранг баргаштаанд. Ҳол он ки дар майдони Шаҳидон суруди “Фарёд зи Афрангу диловезии Афранг!!!” мехонданд. Сафвати мо, ки баъди ибрози андешааш дар бораи СССР мавриди накӯҳиши хонандагони газетаи мардумӣ қарор гирифтааст, бе сабаб, бо дидаи ашкбор наменависад, ки «Лаънат бар Афранг (Аврупо), ки Арабистону Мисру Ҳалабу Фаластину Димишқу Афғонистонро онгуна вожгуна кард, ки садсолаҳо дигар олами ислом ба пой намехезад!». А, шумо фикр доштед, ки НАТО ба Афғонистон сулҳу тинҷӣ меорад, ки пулу кӯпрук месохтед?

Вақте Италия дар Либиё, дар соли 1969, риск карда, Муаммар Қаззофиро сари кор овард, кӣ медонист, ки доми Афранг ба дарозо партофта шудаасту танҳо дар таърихи 20 октябри соли 2011, яъне 40 сол пас, ӯро бо дасти худи арабҳои револютсионер ҳамин аврупоиҳо мекушанд?Қаззофӣ давлаташро хеле пешрафта карда буд. Зангир 30000 доллар мегирифту арӯс 30 ҳазори дигар ва ҳар кӯдаки таваллудшуда боз 30 ҳазорӣ. Аврупоиҳо кӯшиш мекарданд, шавҳари араб кунанд. Имрӯз либиёии инқилобчӣ чун гурезаи сиёсӣ дар кампҳои Аврупо харгӯшвор мезияд. Риски фаронсавӣ? Оре. Таваккали афрангӣ? 200%.

Вақте НАТО ба Сурия даромад, нияташ «демократия» буд. Акнун бинед, ки ҳоли Ироқу Димишқ чист? Риски афрангӣ ба дарозо мебарад.

Афғонистон низ 1 риски бузурги чанд триллиондоллараи НАТО буд. Ва ҳаргиз умед набандед, ки тинҷу ором мешавад. Толиб аввали кор аст. ДИИШ, ки аз Сурия онро Россия танг карда, гӯиё баровард, дар Афғонистон зуҳур кардаву зидди Толибон меҷангад. Ҳоло овозаву тахминҳост, ки Ҷабҳаи Муқовимат ихтиёран маҷбурӣ бо ИГИЛ ҳамкор хоҳад шуд. Тасаввурнопазир аст, ки 46 млн Тоҷики Афғонистон “игилӣ” шаванд, ҳоли Осиёи Миёна чи хоҳад шуд?! Зимнан риск кардаву Аҳмади Масъудро то охир дастгирӣ бояд кард. Ин ҳушдор ба кишварҳои дигари ОМ аст, чун Ӯзбакистону Қирғизистону Туркманистону Қазоқистон, ки мехоҳанд бо Толиб ҳамкор шаванд. Толиб меравад! Кӯчманчӣ асту асло дар Шимоли Афғонистон боқӣ нахоҳад монд. Вале бо рафтанаш аз худ қудрати сархӯреро бар зидди шарикони Россия боқӣ намонад?! Ин аксиомаро, чигуна дар долонҳои Кремлу Тошканду Остонаву Ишқобод намефаҳманд, ман намефаҳмам.

Зимнан риски Тоҷикистон дар мавриди пуштигирӣ аз Ҷабҳаи Муқовимат ва Аҳмади Масъуд ва дар шабу рӯзи ҳалокатбори афғонҳо додани орденҳои давлатӣ ба Аҳмадшоҳи Масъуду Бурҳониддин Раббонӣ қобили пазироист. Зеро дар ҳукумати марказии мо нек медонанд, ки;

-Qui ne risque pas qu'on ne boive pas de champagne!

Ва чун дар бораи ҷанг гуфтем, фаромӯш накунед, ки Сулҳи мо низ натиҷаи риски сарвари давлатамон буд, ки таваккал бар Худо кардаву ба Хусдеҳи Афғонистон тани танҳо рафт, ҳатто 1 вазирашро набурд, зеро хатари қатли ҳамаи делегатсия бармало буд. Риск кард, рафт, оппозитсияро бо ин таваккал мот намуд ва Сулҳ овард.

Пас чигуна наметавон гуфт, ки риск, таваккал оини №10 барои миллати пуршарафи Тоҷик аст?

PS: Ин матлаб ҳушдор ба бархе аз ҳамсояҳои тангназар аст, ки фикр доранд бо харидории 4 танку тӯпи замонавӣ моро метарсонида бошанд. Мо миллати рискпарвардаем, таваккалием ва медонем, ки сари чамбари дилхоҳ мошини ҳарбӣ ва муосир одам нишастааст, одаме, ки дар хунаш риску таваккал нест.

Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter