05.11.2021. Соат ба вақти Душанбе 19:10 дақиқа. Салом ба аҳли эҷодии СССР! Чаро дар шабакаҳои телевизонӣ бо ифтихор мегуянд, ки зиёда аз 300 ГЭС-и хурду бузург дорем, аммо барқ нест! Дар даврони СССР ҳамагӣ 3 ГЭС доштем- Қайроқуму Сарбанду Норак ва 24 соат бо барқ таъмин будем. Ҳоло бошад нархи барқ гарону 6 соат барқ дорем.
Зиёда аз 1 моҳ мешавад, ки дар манотиқи ҷумҳурӣ меъёри қувваи барқро ҷорӣ кардаанд, сабабашро аз масъулони шабакаҳои барқ пурсон мешавем, онҳо посух медиҳанд, ки лимит нест, таъмир аст. Аҷиб, наход ин таъмир 1 моҳ идома кунад? Ва чаро дар фасли сармо онҳо ба таъмир машғул мешаванд? Магар дар фасли тобистон таъмир кардан мушкил буд?
Ҳомид Расулов,
н. Мастчоҳ,
тел: 927 29 32 90