ХАБАРИ ДОҒ

Облаваи набуда ва мое, ки ҳастем…

  • Чоршанбе, Нояб 24 2021

 

14.11.2021. Соат ба вақти Душанбе 11:37 дақиқа. Кӯлоб. Кӯчаи Корвонгузар. Рӯбарӯи стадиони СССР. Анвар Шарипов, писари Алихон Шарипов, набераи бобои Ғуломи таърифиву таърихиву раҳматиро облава бурд!!!

Оре, облавае, ки сар аз вазири мудофиа то комиссари ҳарбии дилхоҳ шаҳру ноҳия қасам болои қасам хоҳанд хӯрд, ки нест!!! Вале он ҳаст! Ин комиссарҳо мардумро гӯсфанд фикр кардаанд ё кӯру кар... Асри 21 аст дар берун ва облаваи аз зиндаҳо ҳам зиндатар ҳукмрон. Дуруст аст, ки ҳукумати марказӣ барои рафъи ин амали шармшикан ҳатто хидмати алтернативӣ фикр карда баровард, вале комиссариатҳои ба облава омӯхта, магар бас мекунанд???

Ба пиндори сирф шахсии ман, дар ана ҳамин шабу рӯз, ҳукумат бояд ҳадди ақалл 5-6 облавачиро ҷазо диҳад ва онгуна ҷазое, ки барои садсолаҳо дарси ибрати дигар мардуми бо хидмату артиш сарукордошта бигардад.

-Бардор ба оҳан оҳани тофтатро, гуфтаанд бузургони мо.

28.04.2021. Кӯлоб. Беш аз 500 ҷавон ба комиссариат ҳозир шуданд, ки ба марзи Исфара раванд ва бо қирғизҳои ғосиб панҷа нарм кунанд…Ва ҳам рафтанд. Он шабу рӯз талхаи душманони миллат кафид. Аз тарс! Зеро агар аз мардуми Тоҷик даъват кунӣ, ҷавонмардона ба ҳифзи ватан мешаванд. Вале зӯран на. Зеро ҳамон Бобои Ғулом мегуфт, ки:

-Сага бо зӯр шикор намебаранд!

16.11.2021. Кӯлоб аз ангуштшумор шаҳрҳоест, ки плани сафарбарӣ бар Армияро иҷро накардааст.

Парадокс? Оре! Вале факт. Факте, ки дар вазорати мудофиа то ҳанӯз ба он посух наёфтаанд…

23.08.2021. Беш аз 2000 ҳазор ҷавони кӯлобӣ гирд омадаву изҳор доштанд, ки омодаанд ба Афғонистон рафтаву ба ҷабҳаи муқовимати Аҳмади Масъуд бупайванданд ва бо Толибони то дандон мусаллаҳ, то дами марг ҷанг кунанд.

16.11.2021. Кӯлоб нақшаи хидмати сарбозиро дар шароити тинҷу ором иҷро накард, ки накард…

            10.11.2021.  Муҳаммади Мусавӣ, писари ҷигардортарин журналисти тоҷик-Аҳмади Иброҳимро тариқи зӯр хостанд, дар Кӯлоб ба аскарӣ баранд. Падараш мегӯяд, иллат дар он аст, ки писараш чун журналист кори милисаи маҳаллиро танқид карда буд. Вале чашми Муҳаммад иллат дошту ӯро хизмат набурданд. Милисаҳо шубҳа доранд. Духтурон мегӯянд, марҳамат, ба куҷое бурда тафтиш кунед, ҷавонмард иллатист…

            Ана ҳамин вазъ, хато накунам, 3-4 сол шуд, дар Кӯлоб ҳукмрон аст. Ҷавонон ба Армия рафтан намехоҳанду ба ҷанг ҳамеша омодаанд. Муаммо? Хеле сарбаста! Ва қариб дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар монанд.

Кор то ҷоест, ки иҷрои нақша барои бархе аз комиссарҳо ва дастандаркорон нолозим аст. Худатон андешед, ки чаро?!

 …Ва акнун 1 суол аз вазири мудофиа то охирин сержанти Артиш. Барои чӣ аҳолии Кӯлоб, ки имрӯз ҳам омода аст, ба сарҳади қирғизу дараи Панҷшер рафта, бо душмани Тоҷик панҷа нарм кунад, ба Армияи Тоҷикистон намеравад??? Суол матраҳ аст ва бо истеъфои бузурги сардамдорони Артиш бояд хатм шавад.

Мо Метавонем!

Зеро мо мардумро бо облаваи будаи набуда қимоб кардаем. Аллергия дорад, мардум аз Артише, ки бояд тариқи зӯр он ҷо равад.

Ман усулан намедонам ин қадар мақомоти қудративу назоративу тафтишотӣ барои чист? Муаллимқапиву духтурдоштанҳо, тафтиши китобхонаву мактабхонаҳо, барои 2-3 пайсае, ки маҷбуранд инҳо гиранд? О, коррупсия маънои дигар дорад. Палатаи ҳисоб, Агентии коррупсия, ВКД, КДАМ, депутатҳо, вазиру кабиру раисон магар намебинанд, ки ҳамарӯза дар кӯчаҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва ғ. ва ҳ. облава роиҷ аст? Киро фиреб мекунем? Худро!

Ба чашми ҳукумат на, ба чашми хеш хок мепошем. Зеро фардо ин сарбозони зӯракӣ моро ҳифз нахоҳанд кард. Фирори Армияи 195 ҳазорнафари Афғон бо буҷҷаи 11,6 млрд доллара, аз дасти 3-4 толиби пойлучи ришакӣ магар дарси ибрати мо нагаштааст?

… Вақте занеро барои ифои вазифаи хизмати аскарии бачааш боздошт мекунем, бояд замин кафаду мо дароем. Вале рапорт медиҳем, ки облава нест (ниг. саҳ-3).

 …Анвар Шарипов, писари Алихон Шарипов, иштирокчии ҷанги Афғонистон, набераи иштирокчии ҶБВ, авлоди қаҳрамон, яккаписар, ки амалан аз хизмат озод аст, то соати 15:00 «зиндонӣ» буд. Ӯро “ҷавоб” доданд. Зеро “справка” овард. Вале то кай? То соате, ки дилхоҳ облавачии дигар ин ҷавонро боз медораду аз кашталаш кашида, сӯи военкомат мебарад.

Дар асри 21, ки ҷои пинҳонкориву пинҳоншавӣ намондааст, облавачиёни мо ҳатто тариқи СМС-паёмак ба ҷавонон даъватнома намефиристанду тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ Армияро таблиғу ташвиқ намесозанд. Зеро барои онҳо фарқе надорад, Армия кӣ мераваду кӣ на. Онҳо бояд облава кунанд ва то охири даъват кор...

14.11.2021. Ва аз ҳама охир: Анвар мегӯяд, бо ӯ чанд ҷавони дигари бечорае низ боздошт шуда буданд, ки миёнашон ҳатто нафаре буд, ки аз Армия ба тозагӣ баргаштаасту “воен-билет” бо худ надошт. Албатта, он ҷавонҳоро низ “озод” мекунанд, вале хориву залилие, ки инҳо дар комиссариати ҳарбӣ мебинанд, Армияқимобашон нахоҳад кард? Суоли матраҳ аст, албатта...

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter