ХАБАРИ ДОҒ

 

Салом СССР-и азиз! 1 чиз хандаовар аст, ки дар ТВ-и мо дар баъзе намоишҳо, хосса бештар аз ҳама дар шабакаи «Сафина» 1 нафар варзишгар, донишманд ва ё ба қавли худашон шахси номдорро ба барномаашон даъват мекунанду баъд дар назди онҳо ҳарфҳоро гузошта, мисли хонандаи синфи 1-ум аз эшон хоҳиш мекунанд, ки аз ин ҳарфҳо калима созанд.

Воқеан ин гуна барномаҳоро дида, мехоҳӣ ба ҳоли зори ТВ-ҳои Тоҷик гиря кунӣ. Ҳоло аз барномаҳои дилбазани такрории онҳо чи гуем? 1 филми «Вақти зангирии писар расид»-ро дар 1 моҳ 8-9 маротиба такрор тамошо мекунем, ҳатто ҳама хатҳои охирашро низ азёд кардаем. Вой бар мову ТВ-и Мо!

Ғуломалӣ Асоев,

узви ҳафтанома

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter