ХАБАРИ ДОҒ

Пахтаи ватаниро кишт кунед!

  • Чоршанбе, Нояб 24 2021

Зафари Абдусалом, хонандаи ҳамешагии газетаи мардумии СССР аз н.Вахши вилояти Хатлон занг зада, гила аз содироти пахтаи тоҷик ба хориҷ кард.

   - Аз хурд то бузурги сокинони деҳаҳои мамлакат ба кишту кори пахта машғул буданду маоши хуб доштанду ҳезум (ғузапая)-ашро ҳам гирифта, барои дегу танур истифода мекарданд. То омадани ширкатҳои хитоӣ пояи ҳар навдаи пахта то 2 метр баланд мешуду сокинон ҳезумашро тӯли 1 сол истифода мекарданд. Ҳоло чӣ? Ширкатҳои хитоӣ заминҳои моро гирифта, чанд навъи пахтаи худро кишт мекунанд, ки пояи навдаи пахта аз 50 см боло нест, ки онро на ҷамъ карда мешаваду на ҳезум. Чаро дигар пахтаи навъи тоҷикиро кишт намекунанд? Пахтаи тоҷикӣ аз чӣ камӣ дошт?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter