ХАБАРИ ДОҒ

Нуробод: Меҳробод мекӯчад!

  • Чоршанбе, Нояб 24 2021

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Нуробод матлаби “Нурободи куҳна-гӯшаи фаромушшуда?”-ро, ки дар таърихи 07.10.2021 нашр шудааст, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Бояд зикр намуд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2009, таҳти №47 “Дар бораи аз минтақаи зериобмонии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун кӯчонидани аҳолии шаҳраки Роғун ва ноҳияи Нуробод” 29.10.2009 ҳангоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия шаҳраки Дарбанд ҳамчун маркази маъмурии ноҳия ифтитоҳ шуд. Ҳамчунин, дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз вохӯриашон бо сохтмончиёни НБО Роғун, 30.05.2008, қарори раиси ноҳияи Нуробод аз 02.06.2008 таҳти №83 “Дар бораи манъ намудани сохтмони ҳамагуна иншоот дар минтақаи якум ва дуюми зериобмонии НБО Роғун” ба тасвиб расид, ки деҳаи Меҳробод аз ин шумор аст.

Лозим ба таъкид аст, ки Меҳробод маркази деҳоти Меҳробод буда, ҳоло дар ин марказ бинои шуъбаи фарҳанг, толор бо 400 ҷойи нишаст, китобхонаи марказӣ, китобхонаи кӯдакона, осорхонаи нигораҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кудакони ятим, МТМУ №1, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, кӯдакистон, касалхонаи ноҳиявии бемориҳои сил, касалхонаи қитъавӣ, бозор, ошхона, чойхона, филиалҳои бонкҳои амалкунанда, шуъбачаи милитсия, 4 сартарошхона, 1 дорухона, 6 маркази таъмири асбобҳои рузғор ва дукони таъмири пойафзол фаъолият дошта, ба мардум хизмат мерасонанд.

 

Д.Ҷобирзода, раиси н.Нуробод

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter