ХАБАРИ ДОҒ

Шаҳри зебову сокинони бадахлоқ

  • Чоршанбе, Дек 01 2021

 

Вайсиддин Шамсов, муаллиф ва хонандаи доимии газета, сокини н.Синои ш.Душанбе ба ҳафтаномаи СССР занг зада (тел: 93 096 45 30), оиди бефаросатии ҷавонон чунин ибрози ақида намуд.

   - Пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе беҳад зебову диданӣ шудааст. Биноҳои баландошёна, боғҳои истироҳатии нав, боғи Айнӣ, Фирдавсӣ, Куруши Кабир, Рудакӣ, Парчам, боғи кӯдаконаи Хайём ва чандин боғи дигар, ки ҳамагӣ барои истироҳату фароғат бунёд ёфтаанд. Вале боиси таасуф аст, ки баъзе ҷавонони нохалаф ва кудакони бетарбият партовҳоро дар ҳар куҷое хоҳанд мепартоянд ва ҷавонон бошад дар ҳама ҷойи боғ «М+Б=любовь» менависанду, қуттиҳои қуттиҳоро чапа карда, гоҳе мешикананду бурда, ба оҳанпора мефурӯшанд. Кудакон қоғази қанду хурданиҳоро дар роҳ мепартоянд. Наход ягон чашми бинанда набошаду, ин ҳамаро пешгирӣ накунад?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter