ХАБАРИ ДОҒ

 Тули 2 ҳафтаи охир дар шаҳри Душанбе ба тахриб ва решакан намудани фонтан-фаввораҳои машҳури шаҳр-яке дар назди бинои Парлумони мамлакат ва дигаре дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон шуруъ карданд.

Бояд гуфт, ки ин фонтанҳо дар давраи советӣ тарҳрезӣ ва бунёд ёфта, то ба имрӯз хуб кор мекарданду то ҷойе рамзи СССР-давлати абарқудрати шуравӣ ҳам буданд. Тахриби ин фонтанҳо насли калонсоли кишварро бе таваҷҷӯҳ нагузошт, зеро барои аксарият ин нишона аз давраи советист. Ин 2 фонтан ҳамеша ҷойи дустдоштаи мулоқоту вохӯрӣ дар давраи донишҷӯиву ҷавонӣ буда, ҳатман дар ҳар 1 албоми солҳои ҷавонӣ мо акси падару модари хешро дар назди ин фонтанҳо хоҳем дид.

 Фонтани №1-и Душанбе

Фонтанҳои кӯчаи Ленин, ҳоло майдони «Дӯстӣ», дар назди бинои Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1975 бунёд  шудааст. Тамоми корҳо оид ба тайёр намудани пиёлаҳои ин фонтанҳо дар заводи ЖБК-1-и пойтахт гузаронида шуда, тибқи лоиҳаи аввал ба ин фонтанҳо бояд лампаҳои рангоранг ҳам васл карда мешуд. Вале ба хотири фурсати кам лампаҳо насб нашуданд. Тамоми корҳои васлкунии ин фонтанро Герб Иоҳан Иоганович-бригадири немистабори ин завод анҷом дода, нақши ин фонтан пеш аз ҳама дар муътадил нигоҳ доштани фазои макон ва ҳавои кабинетҳои Шӯрои Олӣ ва Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон будааст.

 Фонтани №2 дар Сирк

Бинои Сирки давлатии Тоҷикистон ва мавзеи ин маҷмаа соли 1977 бунёд ёфта, лоиҳаи он дар Институти «Гипротеатр»-и Маскав тарҳрезӣ шуда буд. Муаллифи ин лоиҳа Леонид Бернардович Сегал буда, меъморони иттиҳодияи «Тоҷикгирострой» ба ин лоиҳа баъзе тағйирот дароварданд. Вале тавре ҳолдонҳо мегуянд, на ҳамаи пунктҳои дар лоиҳаи аввал ба нақша гирифташуда, ҷомаи амал пушиданд.

Масалан, муаллифони лоиҳаи бинои Сирки давлатии Тоҷикистон ва маҷмааи гирду атрофи он барои салқинкунии бино ва мавзеи атрофи он фонтанҳои махсус бунёд намуданд-лӯлаҳо кашида ва прожекторҳо низ гузошта шуданд. Аммо пасон фонтанҳо кор карданду прожекторҳо, ки бояд ба рақси об равшанӣ медоданд, зуд аз кор монданд.

 Фонтани №3 - «Оперка»

Майдони ба номи 800-солагии Маскав соли 1947 бунёд ёфтааст. Ин майдон дар асоси 3 бино-театри опера ва балет, меҳмонхонаи «Вахш» ва бинои 4 табақаи истиқоматӣ бо таъсиси «Гастроном» дар ошёнаи якум сохта шудааст.

Мегуянд, ки ин майдон бо дархости И.Сталин ва диду пешниҳоди шахсияш сохта шуда, яке аз майдонҳои зебо дар байни пойтахтҳои ҷумҳуриҳои советӣ ба ҳисоб мерафт.

Ба консепсияи бунёди он сохтмони 2 фонтан низ дохил шуда, дарахтони булут низ шинонида шуд. Хушбахтона ин булутҳо ҳанӯзам сабзу хурраманд, вале тақдири фонтанҳо аллакай маълум ва маҳкум шудааст.

Фонтани №4 назди пайкараи Сино

Фонтанҳои дар назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар хиёбони И.Сомонӣ бошад соли 1980 бунёд шудаанд. Меъморони муҷассама Агаронов ва Каримов тарҳи зебо кашиданду сохтанд ва тули солҳои зиёд фонтанҳо ин маконро зебо менамуданд. Бо кӯчонидани муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино фонтанҳо низ дар оянда тахриб шуда, ҷояшон ба гулгашт мубаддал гардид.

 

Гулгашт ба ҷойи фонтан…

Тавре ба мухбири мо дар шуъбаи таҳлиливу итилоотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ба ҷойи ин фонтанҳо тибқи амалиёбии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе гулгаштҳои замонавӣ ва фаввораҳои наву муосир бунёд хоҳанд ёфт.

Ин албатта хуб аст, чун Душанбе дар баробари садҳо шаҳрҳои ҷавони дунё бояд ба пеш қадам занаду муосиртар гардад. Вале ҳифзи ёдгориҳо ва муҳимтарин нуқоти давраи гузаштаро низ набояд фаромуш кард, зеро ин ҳам таърих аст.

 Ва 1 нуктаи дигари хеле муҳим-фонтанҳо пеш аз ҳама барои муътадил нигоҳ доштани ҳаво ва салқин намудани фазо бунёд карда шудаанд, ҳамакнун бо тахриби ҳамаи фонтанҳо обуҳаво ва фазои Душанберо дар оянда чӣ салқин мекарда бошад?

 

М.Аминзода,

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter