ХАБАРИ ДОҒ

 

- Тоҷикизатсия, тоҷикикунонии вожаҳою ҳарфҳо хуб аст, аммо на ба ин андоза бояд хурдагирӣ намоем. Фикр мекунам аз ҳарфи ъайн "Ъ" дида, масъалаҳои муҳимтар зиёданд дар забон. Билфарзи мисол бояд сараввал ҳамин вожаҳои номҷойҳоро, ки унвони қирғизӣ доранд ва дар минтақаҳои сарҳадӣ ва стратегӣ ҳастанд, ҳатман тоҷикӣ кунонем.

Ҳамсояи «заранг» аллакай хеле номҳои аслии қадимии минтақаҳои худашонро, ки аз таърихи қадим тоҷикӣ омада буданд, қирғизӣ карда истодаанд. Аз ин хотир пешниҳод мешавад, ки ба ҷои мубоҳисаву мубодилаҳои ҳарфи Ъайн мо бояд масоили тоҷикикунонии вожаҳои мазкурро баррасӣ намоем. Ана ин хидмати миллист!

М.Абдусаломов,

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз СССР: Дар ин маврид мавқеи газетаи мардумӣ яктост: ба Алифбои кирилӣ умуман набояд даст расонид. Алифбои арабӣ 4 ҳарфи З, 3 дона Т, 3 адад С дорад. Ягон тоҷику форс инҳоро талаффуз намекард, вале дар Алифбо буданд, зеро моликаш араб буд. Кирилӣ низ бояд бо ҳама ҳарфҳояш бошад. Онеро мо корбаст мекунем-мекунем, набудааш моли мо нест, аз соҳиби Алифбост!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter