Принт

Симбурӣ усули нави «облава»

 

Масъулон «облава»-ро ба ҷои коҳиш додан баръакс рушд дода, акнун даст ба буридани симҳои барқии хонаҳо зада истодаанд, ки ин ҳалли масъала нест. Масъалаи «облава»-ро дар чорчӯбаи қонун бояд ҳаллу фасл кард, на ба воситаи таҳдиду таҳқир ва буридани хати барқу маблағғундорӣ. Ин бесарусомониҳо бори дигар шаҳодат медиҳанд, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ҳоло ҳам дар сатҳи паст қарор дорад.

Банда аз тифлӣ сағира монда, падарро ёд надорам, модарам маъюб буд. Ман сардори оила будаму агар ҷавонеро дар либоси ҳарбӣ медидам, дар дилам шавқу ҳавас ҷӯш мезад, ки ман ҳам аскар бошам. Пеш аз даъват бо сабаби сардори оила буданам  хостанд муваққатан гардонанд, вале ман зиқ шудам. Масъулон пай бурданд, ки барои ба аскарӣ рафтан хеле шавқ дорам, иҷозат доданд, ки ба хизмат равам. Ба сағирагии худ нигоҳ накарда, бо рақсу мусиқӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудам.

Солҳои 1972-1974 дар қисми танкӣ дар шаҳри Одессаи Ҷумҳурии Украина хизмат кардам. 2 маротиба барои хизматҳои шоён рухсатӣ доданд. Маротибаи аввал хона омадам, маротибаи дуввумро дар ҳамон ҷо гузаронидам. Бо 56 кг ба хизмат рафтам ва бо 70 кг аз хизмат бо сари баланд баргаштам. Ин таъриф нест, ҳақиқати ҳол аст.

Мутаассифона ҷавонони имрӯза аз хизмат дар дохили ватани соҳибистиқлоли хеш мегурезанд. Иллат дар чист? Агар махфӣ набошад, ин муамморо бояд масъулону равоншиносони касбӣ омӯзанд ва ба мардум гӯянду фаҳмонанд. Зеро хизмат кардани ҷавонон ин зиндагии орому осоиштаи падарону модарон ва кулли мардуми Тоҷикистон мебошад.

Таваралӣ Авсақолов,  

ноҳияи Фархор

Аз СССР: Ба фикри мо иллати хизматгурезӣ ин аз ҳадд зиёд ба қисматҳои ҳарбӣ равуо кардани волидайн аст, ки баъдан омада, шӯру мағал мекунанд. Иллати дигар, ин афродест, ки Армияро дар интернет доғдор кардаву аз рӯи овозаҳо «дедвошина» ва «лату кӯб»-ро таблиғ ва наврасонро метарсонанд. Иллати 3, ин расонаҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистонанд, ки мабодо 1 сарбоз мурд, аз он трагедия, фоҷеаи миллӣ месозанд. О, буродарон! Армия ҷои ҷангу набарду пархош аст. Аз даҳҳо ҳазор нафар 1-2 кас мефавтад.

Зимнан волидон набояд ба қисмати ҳарбӣ дароянд! Телефонбозии сарбозон хатм гардад!! «Фаолони шабакаҳои иҷтимоӣ» дастрасӣ ба иттилоот надошта бошанд!!! … Дигар ҳамааш хуб мешавад. Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар