ХАБАРИ ДОҒ

 

Интернет дар ҷамъ ва ба масали маъруф «фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ» дар алоҳидагӣ, дар баробари 1001 падидаи номатлуб ба ҷамъияти мо 1 раванди нангзой-Интернет-талабандагӣ, интернет-ҷӯгиизм ва интернет-гадоиро тӯҳфа оварданд…

            Хонандагони мо бисёр менависанд, ки чаро сари ин мавзуъ дар СССР баҳс намекунем. Мекунем! Вале баъд чӣ? Авомуннос 1 сӯ, ҳатто олимону адибон, равоншиносон ва омӯзгорон, яъне аҳли зиё, тарафдори ин талбандагизманд!

1 корбари Фейсбук бо имзои Каримджон Ёровменависад:

- Товба кардам, оҳиста-оҳиста миллат роҳ ба сӯи талбандагӣ гирифтааст, ёфтанд кори осонро; хона надорам, дар надорам, чанд кӯдак дораму шавҳарам партофта рафт, кор надорам, бесоҳибам, авлодам нигоҳам намекунад, дар муҳоҷират бепул мондам, кор карда наметавонам... Ба Худо айб аст! Хона нахаред ба инҳо, беҳтараш кораш ёбед, ягон асбобе харедаш, ки доимо кор кунаду зиндагиашро пеш барад, ҳамон ҳам таҳти назорат бошад, ки пагоҳ ба 4 тини зардак (асбобу ускунаи харидаи шуморо) нафурӯшаду кайфу сафо накунад… Илтимос боз дар шарҳҳоятон амри маъруфро сар накунед, ки ту аз куҷо донӣ ҳоли онҳоро. Дар умрам чунон дидаам чунинҳоро, ки агар аз ҳамон вохурдаҳоям нимаша дар назди девор рост монда паронӣ, беҳтар аст…

            … Ин бонги изтироб аст, номаи дод аст, эҳсоси хатар аст. Воқеан ҳам, агар таваҷҷӯҳ кардаед, ким-кадом блогере бо намоиши чунин манзараҳои риққатовар ва шуруъи пулғундорӣ, ба ким-касе гӯиё кӯмак мекунад. Дуруст аст, ки инҳо тамоми пулро бурдаву ба муҳтоҷон месупоранд. Вале дар ин гирудор 1 нуктаи бисёр сирриву муҳим низ ҳаст, ки «фаолони шабакаҳои иҷтимоӣ» фош намекунанд. Онҳо дар ин моваро пул кор мекунанд! Чигуна? Оддӣ: аз ҳисоби тамошобинони саҳифаашон. Имрӯз аз кӣ пӯшида аст, ки «подписчик», «лайк ва тамошои чунин наворҳо» пул аст? Аз ҳич кӣ! Пас блогеру фаолон бояд мардона иқрор ҳам шаванд, ки барои авом-ун-интернет-нос наворҳои гирябарангез намоиш додаву худашон пул кор мекунанд ва «картаи махсус» доранд, ки аз ин наворҳо ба кисаву кассаи онҳо пул мечакад…

            Вале ин ҳам муҳим нест. Кор кунанд. Бало ба пасашон. Вале барои 4 тангаи ҳаром, набояд обрӯи миллатро резонд. Набоист миллатро ба вартаи нави гадоӣ, интернет-талбандагӣ тела дод. Касе аз корбарони ин шабакаҳо, онҳое, ки туъмаи ин 3-4 блогер мегарданд, ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонанд, ки ба осиёби ҳангомаҷӯён об ва ба картаашон пул мерезанд!!! Рӯиҳамрафта, ҳоло ҳамин авомуннос, баъди хондани ин сутур муаллифро дуову дашном хоҳанд кард. Ҳарчанд, ман мехоҳам имиҷи миллатро бо шумули обрӯи ҳамин бехирадон ҳифз кунам…

Охири Рамазони қудсӣ ва табаррук, аввали даҳаи Раҳоӣ аз Оташи Дӯзах, дар ютубканали мо-СССР ТВ, сӯҳбат бо Ҳоҷӣ Мирзо Ибронзода пахш шуд. Дар ин баҳс Ҳоҷӣ Мирзо ба таъбири худаш «аз пеши худ не, аз Қуръону Ҳадис» гуфт, «ба гадои касбӣ, ба ҷӯгӣ, ба онҳое ки талбандагиро ба одат табдил кардаанд, пул додан на танҳо хайр нест, ки гуноҳ мебошад!». Маро шарҳу эзоҳ ё худ комментҳои корбарон ҳайратӣ кард, ки мегуфтанд, «дасти хайри моро набандед, бас кунед ин корро, хайр ҳамеша савоб аст, ба ҷӯгиҳо нарасед ва ғ. ва ҳ.». Ҳатто 1 ҳамболини кабирӣ, ки ӯро Додоҷон Атовуллоев исми гӯшнавози «Тангемка» мондааст, пешниҳод кардааст, ки барои таҳқири ҷӯгиҳо (???) СССР баста ва кормандонаш зиндонӣ шаванд. Ва анде аз русзабонҳои тоҷикистонии грантхӯраки грантохӯр ӯро дастгирӣ кардаанд. Воқеан ҳам суоле посух мехоҳад, ки чаро дар мавриде Тоҷикони бегуноҳи содаро бо гузоштани 1 «лайк» зери навиштаву гуфтаи аъзои ин ҳизби мамнуъ боздошту ҳабс мекунанд, русзабонҳоеро, ки бо ин мардуми мардуд, ба вежа «Тангемкаи кабирӣ» мукотибот доранд, касе кордор нест? Магар қонуну қавоиди ҶТ танҳо барои Тоҷикон аст???

Вале баҳс сари сафсаттагӯии ин тангему грантхӯракону охӯрпарастон нест. Сӯҳбат сари ин аст, ки чаро мо каҷкули гадоии хешро ба кассаи интернетӣ табдил кардан дорему мушти ҷамъиятие нест, то садди роҳи ин беобрӯгӣ шавад?

Эй, мардум, агар хайри воқеӣ мехоҳед, марҳамат, садҳо хонаи ятимон, хонаи пирсолон, хонаи маъюбон, гуфти Бобои Ғулом «конса да консов» девонахонаҳо ҳаст. Хайр кунед ва 1 бар 70 савоб ситонед, зеро инҳо воқеан муҳтоҷанд, дастнигаранд, мунтазири хайри шумоянд!!! Вале намекунед! Ва медонед чаро? Зеро, мардона иқрор шавед, ки эго, худпарастии шумо намегузорад, хайри ниҳонӣ кунед. Ҳатман бояд мардум тариқи интернет бинад, ки шумо ба нафаре пул додаед, хона гирифтаед, «скидиватся» кардаед, калуше харидаед. Кафше мехареду 100 миннат мегузоред, пайсае мепартоеду 200 лайк  меситонед. «Миннат душмани сахост!» ва инро ман нагуфтаам.

Ҳадис мегӯяд, бар 3 гурӯҳ талбандагӣ ва он ҳам муваққат (то рӯзгорашон беҳ шудан) ҷоиз аст:

1.    Қарздор

2.    Хунбаҳо сараш фарз шуда

3.    Нафаре, ки хӯрокаи 1-рӯза надорад...

Ва акнун бигӯед, агар худро мусалмон мехонед, дар куҷои ин Ҳадис гуфта шудааст, ки ба ҷӯгии дарбадару талбандаҳои касбии интернетӣ бубояд хайр кард? Шумо дар кадом мамлакати исломӣ, ба вежа қораи Араб гадое, ҷӯгие, талбандае дидаед, ки ин шармандагиро боз интернетӣ месозед? Онҳое, ки дар интернет пулу пайса ҷамъ мекунанд, авомфиреб, мошенниканд. Шумо онҳоро тамбал накунед, оқибаташонро ҳаллу фасл бар гадоӣ насозед, ки гуноҳ аст. 1 нафарро гадои касбӣ кардед, гуноҳи боқии умраш бар гардани шумост ва инро низ ман нагуфтаам...

Ва дар охир мехоҳам комменти 1 корбари Фейсбукро ин ҷо кораму бо ҳамин сӯҳбатро қатъ кунам. Худ бихону огаҳ бош, ки интернетгадоизм бо чӣ меанҷомад. Мо Метавонем!!!

 Siyovush Nabotzoda: 1 рӯз якташ дар фейсбук навор карда, зор -зор гиря кард, ки писарам бемору ёрдам кунед. Хулас 1 соҳибкор 25 ҳазор доллар ва мардум 300 ҳазор сомон ёрдамаш карданд. Баъди чанд рӯз дар роҳ дидамаш, аҳволпурсиаш кардам ва гуфтам, ака шинед ба мошин, тоҷои даркорӣ барам, гуфт не, ман мошин дорам. Ва дар мошини РАФ-4, охирин модел, ки тахминан 300 ҳазор сомон аст, нишаста ронда рафт. Мошини ман ҳам бад нест, аммо аз мошини вай талбанда, ки ҳамагӣ 3 рӯз пеш бо гиря металбид, хеле қафомонда буд. Мана коре, ки худам дидам…

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter