Принт

Раиси Исфара чӣ кор мекунад?

 

Аксарияти роҳҳои шаҳри Исфара таъмирталабанд. Асосан роҳи автомобилгарди назди бозори марказии шаҳр то гардиши фурудгоҳ солҳои зиёд дар ҳолати бад қарор дошта, таъмир нашудаанд. Бо дастгирии раиси созандаву ободкори вилояти Суғд марди накӯному дилсӯз Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии роҳҳои кӯчаи асосии шаҳр ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ба анҷоми расонида шуд.  

Инчунин роҳи назди бозори марказӣ то гардиши фурудгоҳ бо дарозии 800-метр ва паноҳии 32 метр низ мумфарш гардида, дар мумфаршкунии роҳҳо саҳми пудратчиёни ҶДММ «Ваҳдат-2017»-и шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи назорати давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди (ДЭУ) шаҳри Исфара басо калон аст.

Ҳамчунин бо дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 6-км роҳи асосии хиёбони ба номи Исмоили Сомонии шаҳр низ мумфарш карда мешавад. Ин албатта хуб аст, вале чаро роҳҳои 1 шаҳри калонро ба ҷойи раиси шаҳр бояд раиси вилоят омада таъмиру таҷдид кунад?

Муқсидҷон Сатторов,

шаҳри Исфара 

Матлабҳои дигар