Принт

Ислом, фанатизм ва тоҷикон

Шумо кадом мамлакати туркзабонро медонед, ки дар он фанатизми исломӣ ҳукмрон бошад? Ӯзбекистон? Қирғизистон? Қазоқистон? Озарбойҷон? Туркманистон? Ва ё Туркия? …Дар кадоме аз ин кишварҳои ҳамдевори мо, ки туркзабонанд, фанатизми исломӣ ҳоким аст? Дар ҳеч як!!! Вале дар кишварҳои тоҷик-дарӣ-форсзабон чӣ? Муруре мекунем? Эрон? 200% исломи шиъист!  Афғонистон? 400% таассуби динӣ ҳукмрон мебошад! Покистон? Давлати исломӣ аст. А, шумо медонед, ки забони расмии покистониён урдуист? Забоне аз гурӯҳи забонҳои порсӣ!

  Акнун фаҳмидед, ки чаро дар Душанбеи соли 1991 исломистон сари қудрат омаданду хостанд дар соли 1992 Тоҷикистонро исломӣ кунанд? Имрӯз Акбаршоҳ Искандаров-яке аз мудирони ба ном ҳукумати муросои миллӣ зинда аст. Ҷои мардист, агар мардона интервю диҳаду аз ун хатари овезон сари миллат моро воқиф созад. Қозии вақт- Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода низ, шукри Худо, ба саломатанд ва шояд Худо ӯрову анде аз ҳамсангаронашро умр додааст, то мардумро дар пиронсолӣ аз ун проектҳои матраҳи миллаткуш огаҳ созанд? Чиро интизоред? Биоеду сӯҳбат кунед. Мо нашр мекунем. Мо метавонем!!!

Проекти с. 1991-92, ки дар Душанбе матраҳ мешуд, сари миллионҳо нафарро хӯрд, садҳо ҳазорро кушт, садҳои дигарро сағиру беваву бе муттако монд миллатро титу пареш сохт…  Акнун фаҳмидед, ки чаро муллобачаҳои турку ӯзбеку қирғизу қазоқу  туркманро не, ки маҳз тоҷикони исломиро Аврупо ба оғӯш гирифтааст? То-та! Ин проект аст! Проекти бузург…

То ин дам, Дасти 3 дар ҷанги бародаркушро, мо, ба таври примитив, дар Ӯзбекистону Россия меҷустем. Вақт мушаххасан маълум месозад, ки Дасти 3 дуртар аз ин кишварҳо қарор доштааст. Гражданкаи Тоҷикистон, воқеоти Белорус, даҳшати пирӯзи Қазоқистон, толибони Афғонистон, ДИИШ дар Сурияву Ироқу Лубнон… ин ҳама муаррифгари Дасти 3 мебошанд…

Биоед, бидуни эҳсосот 1 бор биандешем: дар ҷаҳон 3 давлати тоҷикӣ-дарӣ-порсзабон аст…ва Дасти 3 мехоҳад ҳамин давлатҳоро бо дасти худи фарзандони камхирадашон хоку тӯроб кунад. Ваъзи муллоҳои моро гӯш кардаед, ки ЯГОН ҳарф дар бораи ЯГОН фарзанди миллати Тоҷик намегӯянд! Ҳарчанд империяи нахустини исломии Тоҷиконро Исмоили Сомонии Ғозӣ сохтааст, дар мавъизаи 1 мулло шунидаед, ки аз Исмоил ҳамчун аз 1 мусалмони хидматгузор ҳарфе гуфта бошад? На мешунавед ва на хоҳед шунид!

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ҳарчанд турктабор будӣ, вале парвардаи фарҳанги Тоҷикон аст, ки ҳатто туркиро намедонисту ба тоҷикӣ шеър мегуфт! Ӯ домани империяи бузурги мусалмониро то ҳавзаи Ҳинду Чин кашид! Шумо 1 бор шунидаед, ки дар бораи ӯ 1 мулло 1 бор сухане карда бошад? На шунидаед ва на мешунавед!!!

 «Ин ҳам гӯрба!»-гуфти бародарони хуҷандӣ. Шумо 1 бор шунидаед, ки муллои тоҷик дар ягон мавъизааш, фарзи мисол, Чингизхони бутпарастро, ки хуни миллионҳо мусалмон рехтааст, кофир гӯяд? Намегӯяд! Зеро тибқи проект онҳо ба Чингиз сару кор надоранд. Ба онҳо теша задан бар решаи фарҳанги ориёии мо амр шудааст ва ин «сагони хоназоди араб» фармони ФАС сӯи Тоҷик гирифтаанд!!!

Агар чунин нест, пас чаро то ҳанӯз сари Рустаму Ҷамшеду Фаридуну Сӯҳроб набард аст? Ҳатто бо номи миллии мо ин адамутхирадони «худӣ» ҷангу пархош мекунанд ва тоҷикакони бехирад номҳои фарзандони худро аз Рустаму Наврӯзу Фарҳоду Ҷамшеду Таҳмина… ба Аҳмаду Маҳмаду Асаду Сумайяву … иваз месозанд.

 А, Искандари нимаурёни ҳаромзодаи Мақдуниро, ҳамин муллоҳои недоуч, пайғамбар мехонанд!!! Ва медонед барои чӣ? Барои он, ки ин хунхор Тахти Ҷамшедро ба хок баробару Персеполис-пойтахти Дороро ба замин яксону Самарқанду Бухороро қатли ому муҳимтар аз ин-Авесторо сӯхтааст. Душмани душман дӯсти ман аст! Арабҳои оғози юриш дар Эрони Бузургу Осиёи Марказиро ещё метавон фаҳмид. Онҳо бояд ин корро мекарданд: Ҷанги идеологӣ! Вале ба муллоҳои мо чӣ бало задааст, ки ун таблиғро то ҳанӯз давом дода истодаанду дар даврони истиқлолияти комили Тоҷикистон зидди пояҳои давлати Тоҷикон ҷанг мекунанд?

 1 фарде замоне дар муфтиёти ҶТ фаолият дошт, бо исми гӯшнавози Домулло Маъруфи Элокӣ. Ёд доред? Ана ҳамин «аллома» ёд дошта бошед чанд сол пеш дар 1 газетаи ҳамшаҳрияш Наврӯзро куфр ва ҳар номи тоҷикиро бидъат хонда буд. То ҷое ман медонам, ҳоло низ зиндааст. Маҳз ана ҳамин до-мулло буд, ки аз фурсати муносиби бесаводии муфтии собиқ, Шайх Амонуллоҳ Неъматзода, истифода карда, ҷилави ҳукми шариатро ба даст гирифтаву зидди фарҳанги 6-7 ҳазорсолаи мо набард оғозид. Дар соли 2004 (!!!) алломаҳои Шӯрои уламо китобе бо номи «Таърих ва моҳияти оини Зардуштӣ», муаллифаш Мулло Мустаъфии Қаротегинӣ ба нашр расонданд (ниг. ба акси 1). Шахсан Шайх Амонуллоҳ Неъматзода, бо мактуби расмӣ ва мӯҳру васиқаи «Исламский центр РТ», таҳти №17 аз 04 апрели 2004,  аз нашрияи «Студент» дархост мекунад, ки ин китобро, мураттаб аз 96 саҳифа, чоп кунад (ниг ба акси 2).

 Ин китоб ягон назарияи илмиву таърихиву бостонӣ надорад. Тӯҳмату таҳқирнома ба оинҳои тоисломии бобоҳои мосту бас! Вале агар ирод гирӣ, тамом, ту кофир, зардуштӣ, номусалмон… Пештоз мегӯям, ман мусалмони комилтар аз ҳар фанати до-муллову алломаҳои самозванетсам. Вале пурсида мешавад, дар асри 21 ва он ҳам дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикон, ким ба ин муллоҳо иҷозат дод, то бобоҳои моро таҳқир кунанд? Ба вежа дар ҳолате, ки Шукри Худо, Сарвари Давлати мо ифтихор аз фарҳангу оину расму русуми 7 ҳазорсолаи Тоҷикон дорад!!! Вале ин 2-3 мулло-фанат бо истифода аз бесаводии муфтии вақт (Худо раҳматаш кунад, аммо мо-ку медонистем, одами хуб буд, вале бесавод!!!), суистифода карда, атрофаш печида, аҳкоме содир мекарданд, ки малеҳтар карда гӯем, дар Ӯзбекистону Қирғизистон мекарданд, говсуд мешуданд…

             Ва инаш ҳам гӯрба! Агар китоб нашр мекарданду ҷимакак менишастанд. Онҳо фатво доданд, ки дар масоҷиди расмии кишвар ҷанги иттилоотиву идеологӣ зидди номҳои Рустаму Ҷамшеду Сӯҳроб шуруъ шавад (ниг. ба акси 3 ва 4). Онҳо ҳатто ба эмом-хатибон супориши хаттӣ медоданд, ки дар мавъизаатон Зардуштро сақат гӯеду  номҳои  Ҷамшеду Рустаму Наврӯзро табу гузоред! Коре, ки дар айни забткориҳои араб накарда буданд.

Акнун хонандаи гиром, фаҳмидӣ, ки ин бадбиниву хусумати антимиллии исломӣ дар кишвари мо бар зидди Миллати Тоҷик аз кай шуруъ шудааст? Хеле ба гуфтаи Бобои Ғулом «содақавлу беақлчоп» мебояд буд, то нафаҳмӣ, ҳарб бо ифтихороти бобоӣ, номҳои миллӣ, фарҳанги Наврӯзу Чакану Сада… ин аллакай ҷанг бо худи Давлати Тоҷикон аст!!!

            Мавзуъ дароз аст, вале бо ҳамин иктифо мекунем. Бовар дорам, имрӯз, ки муфтии пурдонише сари кор асту Кумитаи дин низ дар дасти олимони фарҳехтаи миллист, онҳо ун «аҳкоми  шаръӣ»-ро лағв мекунанд ва муҳимтар аз ҳама, ба имом-хатибон супориши хаттӣ (мисли Шайх Амонуллоҳ) медиҳанд, то 5-10 соли дигар номҳои репрессияшудаи Ҷамшеду Рустамро «сафед кунанд». Шахсан ман ҷои Сарвазири ҶТ мешудам, фармон медодам, ки ҳама эмом-хатибон ё номашонро ба Рустаму Ҷамшед иваз кунанд ва ё ҷои корашонро…

Мо метавонем!

 

 

 

Матлабҳои дигар