Принт

«Облава»-и расмӣ

 

Салом ба СССР! Ман ин амали нав-пеш аз муҳлат супоридани имтиҳонҳои хатмкунии донишҷӯёни курсҳои 4-5 ва гӯйё бо хоҳиши худ сафарбар шудани ҷавононро ба артиш барои хизмат намефаҳмам. Ҳафтаи ахир тавассути ТВ гузоришҳои зиёдро дар мавриди он, ки донишҷӯёни ин ё он донишгоҳу макотиби олӣ бо хоҳиши худ имтиҳонҳои хатмкуниро пеш аз муҳлат супорида, довталабона ба хизмат рафта истодаанд, тамошо мекунам. Дар 2 рӯзи аввал танҳо аз ДМТ 111 нафар донишҷӯ ба хизмат сафарбар шудааст…

Оё ин маънои онро надорад, ки маҳз ба хотири «облава»-ҳои бемаънои милисаву военкомҳо дар маҳалҳо дигар ҷавонони сини хизмат дар кишвар намондаанд? Ҷавонон то тавонистанд гурехта рафтанд ва дигар захира намонд, ҳамакнун ба хотири пур кардани нақшаи даъвати баҳорӣ маҷбур шуданд, донишҷӯёни курсҳои болоиро ба хизмат баранд. Ана ин аст натиҷаи сиёсати нодурусти Вазорати мудофиаи кишвар! Ин амалро метавон «облаваи» расмӣ ном гузошт.

Некрӯз Наҷмиддинзода,

шаҳри Душанбе

Матлабҳои дигар