Принт

Раиси мардумӣ ё…

 

 Алии Беҳудуд, муаллиф ва дӯсти доимии мо аз шаҳри Кӯлоб занг задаву (тел:981019106) гуфт:

   - Раиси пешини Кӯлоб корро аз он сар кард, ки пиёда мегашт. Фикр кардем ана раиси мардумӣ!!! Баъдан гуфтанд, ки ӯ пиёда гашта, заминҳои холии назди баландошёнаҳоро омӯхтааст, то баъдан фурӯшад. Бовар кунед, дар шаҳр 1 ваҷаб замин намонд! Ҳавлии баландошёнаҳо, ки барои дарахту гулзор буданду ҷои бозиву нишасти мардум, дукону мағоза шуданд…

Зимнан аз ҳама раисони шаҳру ноҳияҳо хоҳиш мекунам, ки «Илтимос пиёда нагардед!» О, монед, кӯдакони мо заминчае барои бозиву даводав дошта бошанд….

Матлабҳои дигар