ХАБАРИ ДОҒ

Хизмат накардаӣ? Шиносномаи хориҷӣ нест!

  • Чоршанбе, Май 18 2022

 

 

Б. Рауфзода, хонандаи қарини газетаи мардумӣ аз н.Кӯшониён ба редаксия занг зада (тел:904446033), пешниҳод кард, ки минбаъд ба ҷавононе, ки хизмат накардаанд, шиносномаи хориҷӣ дода нашавад.

    - Дар давлати ҳамсоя-Ӯзбекистон ҷавоне, ки хизмати Ватан-Модарро адо накардааст, наметавонад оиладор шавад. Ҳамасола дар мавсими сафарбаркунии ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакати мо бо ҳар роҳ ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мекунанд. Ҷавонон пеш аз хизмат таҳсил намуда, ҳуҷҷати ронандагиро ройгон мегиранд. Ҳоло 1 пешниҳоди дигар дорам: ба ҷавононе, ки хизмати Ватан-Модарро иҷро накардаанд, шиносномаи хориҷӣ дода нашавад! Бигузор аввал қарзи ҷавонмардиро адо кунанд баъд ба муҳоҷират раванд.   

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter