Принт

SOS: Вандализм дар Кӯлобшаҳр!!!

Ба таваҷҷӯҳи раиси ш. Кӯлоб

Ба таваҷчӯҳи сардори ШКД ш. Кӯлоб

Оромгоҳи бузургтарини Кӯлобшаҳр 3 роҳи даромад дораду 1 дарвоза не. На посбон, на девору шиғ, на дару дарвоза, на боғбон ва на масъуле, ки зӯраш ба вандалҳо ҳам нарасад, ақаллан чорвои  мардумро аз рӯи гӯрҳо пеш кунад….

Пролог

04.05.2022. Соат ба вақти Кӯлоб 15:57 дақиқа. Усулан мехостам, ин мавзуъро расонаӣ накарда, бо раиси ш. Кӯлоб ва дӯстам Бахтиёр Назарзода дар сӯҳбати тет-а-тет матраҳ кунам. Вале чун раис вақти холӣ надоштанд ва ҳам бо ин андеша, ки мушкили мазбур танҳо хоси 1 шаҳри диёр нест, онро расонаӣ мекунам, то масъулин аз ин вандализми салафияву ваҳҳобия, ки бо дуздиву ғорату беҳурматӣ таъвам шудааст, ҷилавгир шаванд. Мо метавонем!

 

Ҳамааш аз 1 занг сар шуд...

01.05.2022. Соат ба вақти Душанбе 14:13 дақиқа. Сайвалӣ Вализода, писарбузурги шоири халқии РСС Тоҷикистон, маъруфтарин чеҳраи ҳавзаи адабии Кӯлоб дар 70-соли шӯравӣ-Сайдалӣ Вализода, занг задаву гуфт:

-Ба газетаи мурдумӣ шикоят дорам. Қабри падари маро вандалҳо валангор кардаанд. Симтӯрҳоро рабуда, ба оҳанфурӯшон фурӯхтаанд. Санги мазор хароб. Тарсими чеҳраи Вализодаро кандаанд. Ҳамзамон гӯри Сангак Сафарови маъруфу машҳурро низ ба замин яксон ва ғорат кардаанд. Додамонро дигар ба кӣ гӯем, ҷуз СССР?!

 

Сафаре ба Кӯлоб

Чун ба бобои Сайвалӣ ваъда кардам, ки бо вазъ аз наздик ошно мешавам, сӯи Кӯлобшаҳр роҳ пеш гирифтам...

03.05.2022. Соат ба вақти ағбаи Шаршару Чормағзак 11:47-12:20 дақиқа. Ҳудудан дар ҳамин қадар вақт дар роҳ, ки аз бориши барзиёд ҳаракат дар он сангин будӣ, зеро борон чун аз новардон мерехту роҳ мушкил мешуд, ҳудудан 10-12 садама дидем. Усулан таксистҳои маҳаллии ин самт, ки ту гӯӣ аз паси аҷал медаванд, чунон бо суръати баланд ҳаракат мекунанд, ки ҳисобаш гум ва маҳз ҳамонҳо сабабгори садамаҳо мешаванд. Воқеан ҳам БДА бояд баррасӣ кунад, ки дар садамаҳои самти Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Бохтар чанд таксист авария кардааст ва ҳама баҳсҳо хатм меёбанд: пешниҳод дорам, таксистҳо бояд ҳар сари 6 моҳ 1 бор атестатсия, имтиҳон гузаранд. Нозире, ки имтиҳоншудаҳояш бештар авария кардаанд, ҷазо бигирад!

 

Шаҳри 2700 солаи дар сел ғуттавар

03.05.2022. Соат ба вақти Кӯлоб 14:07 дақиқа. Шаҳри бостонӣ моро бо селбориш пешвоз гирифт. Кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дарёву наҳрро мемонанд. Сел меояд! Сабаб? Зеро хонаҳои мардум онгуна бетартиб, бидуни плану нақшаи генералӣ ва ончунон стихиявӣ сохта шудаанд, ки ягон лоток, обпарто, ҷӯйи обрав вуҷуд надорад! Дар кӯчаи Хатти Роҳ, собиқ Куйбеш бошад, мардум ҳатто обпартоҳои советиро низ пӯшида хона кардаанд! Пас сели бечора куҷо равад? Ҳатман хонаҳоро мешӯяд!!!

Чӣ бояд кард?

Ҳамсафарам, Умари Шерхон пешниҳоди аҷибе кард, ки ҳам лаъл ба даст меояду ҳам ёр намеранҷад. Ӯ гуфт:

-О, намешавад, ҳамин хонаҳои гилину дақюнусии кӯчаҳои Хатти Роҳ, Куйбеш, Содиқов, Суғдиёнро вайрон кардаву ҷояшон 4-5 қабатаи баландошёна созанд? Ҳам шаҳр замонавӣ мешавад, ҳам кӯчаҳо холӣ, ҳам боғу роғу кӯдакистонҳои замонавӣ бунёд меёбанду муҳимтар аз ин ҳама...ҳам сел дигар ин шаҳрро азият намедиҳад!

 Пешниҳоди олиҷаноб, ки фикр мекунам, шаҳрдорӣ сари он ҳатман андеша мекунад. Мо метавонем!

 

Хоҷа Ғойиб

05.05.2022. Соат ба вақти Кӯлоб 09:33 дақиқа. Дирӯз, ки борониву тӯфонӣ буд, ҷое рафта нашуд. Вале акнун офтоби баҳорӣ онгуна нурандозӣ дорад, ки ту гӯӣ Кӯлоб 1 гӯшаи Биҳишт бошаду Биҳишт 1 кунҷи Кӯлоб... Ва мо роҳ пеш мегирем, сӯи Мазори кӯҳантарини на танҳо ин шаҳр, ки шояд Осиёи Марказӣ. Зеро ба таъбири устод Ҷонибеки Асрориён, агар таърихи шаҳрдории Кӯлоб 2700 сол дошта бошад, пас ин мазор ҳазорсолаҳои пеш аз он вуҷуд доштааст. Мазори Хоҷа Ғойибро мардуми бумӣ “Тамошотеппа”ҳам мегӯянд. Хулласи калом, мо ба мазор расида, оромгоҳи Сайидалӣ Вализодаро пайдо карда, ҳуш аз сарамон мепарад...

Вандализм ё салафизм???

Панҷараҳои на танҳо гӯри Вализода, ки тамомии атрофи онро кандаанд, шикастаанд, рабудаанд. Бархе мегӯяд барои оҳанфурӯшӣ. Вале мушоҳидаҳо гувоҳанд, ин корро фанатикҳои салафӣ карда бошанд. Зеро санги марқадҳо низ валангор шудаанд. Пӯшида нест, ки маҳз салафиҳо ба тахриби мазороту сангу ороишоти гӯрҳо “сару кор доранд”. Далел? Онҳо ҳатто марқади Султон Увайси Қараниро дар Шом ба хок яксон карданд (мазори дар Ховалинг буда гӯри ифтихории ҳазрати Султон аст, на реалӣ!!!).

Кори вандалҳо бо ин ба итмом нарасида, марқади Сангак Сафаров низ ба замин яксон аст. Ҳолдонҳо мегӯянд, гӯё онро хешу табораш ҳамвор кардаанд. Вале ин низ илоҷи кор нест. Ҳар иншооте дар гӯристонҳо бунёд мешавад, ҳар санге гузошта мешавад, ҳар панҷарае қад мекашад, бояд аз тарафи Ҳукумат ҳифз ва нигаҳбонӣ шавад.

Боз ҳам ҳолдонҳо гуфтанд, мазори Хоҷа Ғойиб посбон надорад. Ба ҳар ҳол мо касеро надидем. О, наход, ҳукумати 1 шаҳри бузург, милисаи шаҳр, 2 нафарро бо маоши 500-600 сомонӣ наёбанд, ки ин гӯристонро ҳифз кунанд? Ё хешу таборамон ин ҷо хок нест гуфта, бархе масъулин парвои ин мазорро намекунанд? Мавзуъ кушода мемонад ва мо онро боз пайгир мешавем. Мо Метавонем!

 

Эпилог: Мазоре, ки чарогоҳи гову хар гашт...

05.05.2022. Соат ба вақти Кӯлоб 10:17 дақиқа. Ростӣ, вақте ин кӯҳантарин мазорро тарк мекардам, ашк гулӯгирам кард. Бетартибӣ, беназмӣ, бенизомӣ, бепарвоӣ, бепарвофалакӣ дар нисбат ба даҳҳо ҳазор нафаре, ки ин ҷо хок шудаанд. Бузурге мегуфт, “аз гӯшти ҳаявоне нахӯред, ки дар мазор 1 бор чарида бошад”. Вале ин мазорро мардуми “қарчилик” (вожаи дар ш.Кӯлоб маъруф, ки бар қаршигиҳои собиқ, ки имрӯз комилан бо хариду фурӯши чорво номоваранд, корбаст мекунанд) ба чарогоҳ табдил додаанд. Дар мазори марказии Кӯлоб гову хару бузу гӯсфанд шаборӯзӣ алафи рӯи гӯрҳоро мечаранд, фарбеҳ мешаванд, гӯшту чарбу мегиранд, то фардо онҳоро забҳ кардаву дар қассобхонаҳо фурӯшанду кӯлобиҳо онро харидаву хӯранд...

Мо Метавонем!

М.Мубориз,
махсус барои СССР

 

 

 

Матлабҳои дигар